logo

маориф

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 25 БИНОИ ТАЪЛИМӢ БУНЁД МЕЁБАД

Дар ноҳияи Рӯдакӣ шумораи хонандагон нисбат ба соли хониши қаблӣ беш аз 7 ҳазор афзуд. Раванди афзоиши шумораи хонандагон дар мактабҳои ноҳия ҳамасола бунёди ҷойҳои нишасти иловагиро талаб менамояд. Аз ин рӯ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия сохтмони мактабу синфхонаҳои навро дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор додааст.
Тибқи иттилои мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатии ноҳия, дар раванди корҳои бунёдкориву созандагӣ дар шаш моҳи аввали соли равон биноҳои нави таълимгоҳи № 88 дар деҳаи Минчигари Ҷамоати деҳоти Лоҳур барои 144 хонанда дар як баст ва муассисаи таълимии № 117 - и деҳаи Ҳосилоти Ҷамоати деҳоти Чимтеппа барои 120 хонанда дар як баст сохта ба истифода дода шуд.
Муҳаммадраҳим Юсуфӣ, раиси ноҳия, зимни суҳбат иброз дошт, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ бо ҷалби соҳибкорон ва шахсони ҳимматбаланд дар назди муассисаҳои таълимии №№ 36, 38, 49, 77, 105, 109, 124 ва 128 - и ноҳия барои 676 ҷойи нишаст дар як баст 28 синфхонаи иловагӣ бунёд ёфт. Сохтмони 103 синфхонаи иловагӣ барои 2476 ҷойи нишаст дар як баст дар назди 31 муассисаи таълимии ноҳия идома дорад. Ҳамчунин, аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ сохтмони муассисаҳои таҳсилоти томактабии хусусӣ дар шаҳраки Сомониён (барои 140 тарбиятгиранда) ва дар шаҳраки М. Турсунзода (барои 120 тарбиятгиранда) дар арафаи анҷомёбист.
Дар натиҷаи омӯзиши ҳолати биноҳои муассисаҳои таълимии ноҳия маълум гардид, ки аз 160 муассисаи таълимии ноҳия, 71 - тои онҳо ба таъмир ниёз доранд. Вобаста ба ин, аз тарафи масъулини соҳа санади нуқсони ҳар як бинову иншоот ва харҷномаи корҳои таъмирию барқарорсозӣ таҳия гардида, дар 56 муассиса корҳои таъмиру барқарорсозӣ оғоз гардидаанд.
- Ҳоло бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи бунёди 25 бинои нави замонавии таълимӣ омода шудааст ва дар ояндаи наздик сохтмони онҳо оғоз меёбад. Бо вуҷуди мушкилиҳо, мо ба шарофати  сиёсати созандаи Сарвари давлат имконият пайдо намудем, ки кулли хонандагонро сари вақт ба таълим фаро гирем, - гуфт М. Юсуфӣ.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.08.2018    №: 161    Мутолиа карданд: 1068
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед