мулоқотҳо
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ёрмуҳаммет Оразгулиев
13 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири энергетика ва саноати Туркманистон Ёрмуҳаммет Оразгулиевро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон баррасӣ шуданд.
Таваҷҷӯҳи асосӣ ба натиҷаҳои Ҷаласаи 2 - юми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон оид ба татбиқи амалии санадҳои қарордодӣ - ҳуқуқӣ ва мувофиқаҳои дар сатҳи сарони ду давлат ҳосилшуда зоҳир гардид.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон аз пайвастагии робитаҳои Тоҷикистону Туркманистон, аз ҷумла дар сатҳи олии сиёсӣ изҳори қаноатмандӣ карда, дар ин робита изҳор дошт: «Дар марҳилаи кунунии муносибот бо Туркманистони бародар заминаи мусоиди сиёсӣ барои суръат бахшидан ба раванди ҳамкориҳои ба ҳар ду кишвар судманд ба миён омадааст ва мо ин имконотро бояд мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳем».
Ёрмуҳаммет Оразгулиев натиҷаҳои Ҷаласаи 2 - юми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистонро мусбат арзёбӣ намуда, иттилоъ дод, ки имрӯз аз рӯйи натиҷаҳои он протоколи нави ҳамкорӣ ба имзо мерасад.
Ҳар ду ҷониб ҳавасмандии худро оид ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, энергетика, истифодаи босамар аз захираҳои обии минтақа, саноат, нақлиёт ва коммуникатсия, кишоварзӣ, маориф, илм, фарҳанг ва ғайра таъкид намуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1993