logo

номаҳо

«МУНОСИБАТ БО ГАРМХОНАҲО БЕҲБУДӢ МЕХОҲАД»

Мақолаи рӯзноманигор Ҷовиди Аштӣ  «Муносибат бо гармхонаҳо беҳбудӣ мехоҳад», ки 15 январи соли равон, № 11 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба нашр расидааст, зимни ҷаласаи васеи кормандони сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зикр  гардид, ки барои афзун намудани маҳсулоти тару тозаи ватанӣ ва таъмин намудани аҳолӣ бо он  дар вилоят пайваста  тадбирҳо роҳандозӣ мегарданд. Аз ҷумла, дар ин самт  технологияву таҷҳизоти  пешрафтаи ҷаҳонӣ, гармхонаҳои замонавӣ ва гидропоника истифода мешаванд.
Ҳамчунин, бо назардошти болоравии нархи помидор ва бодиринг дар бозорҳои кишвар дар  мавсими кишти имсола масоҳати кишти сабзавоти номбурда дар гармхонаҳои вилоят зиёд карда шуд.  Дар 10,7 гектар помидор ва   7,74 гектар бодиринг кишт шуда, дар 8,11 гектар парвариши лимӯ роҳандозӣ гардид.
Бо мақсади танзими нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар  бозор давоми  нимсолаи аввали соли равон аз гармхонаҳо   661 тонна маҳсулот, аз ҷумла 380 тонна помидор, 152 тонна бодиринг, 133 тонна лимӯ ва 129 тонна маҳсулоти дигари кишоварзӣ ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят  бароварда шуд.
Ҷиҳати истифодаи самараноки гармхонаҳо бо истифода аз технологияҳои пешрафта, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва бештар таъмин намудани аҳолӣ бо он тайи  давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 баланд бардоштани савияи дониши соҳавии соҳибкорони бахши кишоварзӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин ҷода аз аввали сол то инҷониб бо иштироки соҳибкорони пуртаҷрибаи сатҳи ҷаҳонӣ ва мутахассисон барои хоҷагидорони вилоят чанд семинар ва ҷамъомади омӯзишӣ баргузор гардид.  
Сарраёсати кишоварзии вилоят баҳри иҷрои саривақтии супоришҳои Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди устувори соҳа, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва таъмини амнияти ғизоии кишвар  минбаъд низ чораҳои заруриро амалӣ менамояд.
Х. БОБОЗОДА, 
сардори сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.08.2018    №: 164 -165    Мутолиа карданд: 1093
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед