мулоқотҳо
Ҳисоботи телефонӣ ба Сардори давлат
16 ноябр ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал ва раисони ноҳияҳои Вахш, Қумсангир, Қубодиён, Бохтар, Шаҳритус, Ҷалолиддини Румӣ, Хуросон, Панҷ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷиликӯл ва Носири Хусрав телефонӣ ҳисобот доданд.
Таваҷҷӯҳи асосӣ ба рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия», пеш аз ҳама оид ба пурра гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасраф ва ба иҷрои буҷети давлатӣ зоҳир гардид.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди раиси вилояти Хатолон ва раисони шаҳру ноҳияҳои номбурда ҳамчунин оид ба ҷамъоварии беталафи ҳосили пахта ва кӯмак ба деҳқонон вазифаҳои мушаххас гузошта, аз ҷумла таъкид намуд, ки дар ин роҳ аз обу ҳавои мусоид ва тамоми имкони захираҳои мавҷуда ба хубӣ истифода баранд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2061