logo

номаҳо

“ПАРНИКОВЫЙ ЭФФЕКТ”. ВОЖАЕ, КИ ДУРУСТ ТАРҶУМА НАШУДААСТ

Сабаби гармшавии ҳаворо ба омиле алоқаманд медонанд, ки онро ба забони русӣ “парниковый эффект” мегӯянд. Мутаассифона, ҳоло ҳамтои тоҷикии ин ибораистилоҳи русӣ дар забони тоҷикӣ ба шакли саҳеҳ сохта нашудааст.

Аз ин рӯ, зимни тавзеҳи ин падида ба сифати ҳамтои тоҷикии он ибораҳои “ҳодисаи буғхонаӣ”, “ҳодисаи гулхонаӣ”, “ҳодисаи гармхонаӣ” ва монанди инро истифода мекунанд. Дар луғатҳои мавҷудаи русӣ - тоҷикии соҳавӣ ин истилоҳ ва ҳамтои тоҷикии он ба назар намерасад. Бинобар ин, дар ин маврид ба вожаи русии “парник”, ки он дар луғати русӣ - тоҷикӣ ба маънии “гулхона”, “парвардахона” ва “гармхона” тарҷума шудааст, такя карда, олимон ва мутахассисон вожаи “парниковый” - ро “гулхонаӣ”, “гармхонаӣ” ва, баъзан, “буғхонаӣ” ифода карда истодаанд.
Ҳодисаи “парниковый эффект” бори нахуст дар шароити озмоишгоҳӣ (лабораторӣ) дар гармхона ё худ буғхона (теплица, парник) ошкор карда шуда буд. Муайян гардид, ки пардаи шишагӣ ва ё полиэтиленӣ, ки бо он сатҳи гармхона пӯшонда шудааст, шуоъҳои офтобиро озодона ба даруни гармхона мегузаронад, вале ба берунрафти гармӣ ва буғҳои оби дар ин маврид пайдошаванда имкон намедиҳад, ки дар натиҷа дар гармхона ҳарорат баланд гардида, намнокии ҳаво якбора меафзояд. Баъдан ҳамин гуна ҳодиса дар атмосфераи Замин низ мушоҳида гардид. Атмосфераи Замин низ ба монанди “парник” нурҳои Офтобро аз худ гузаронда, тобиши ҳароратӣ (яъне, гармӣ) - и Заминро нигоҳ медорад ва бо ҳамин ба захирашавӣ (ғуншавӣ) - и гармӣ дар сатҳи Замин мусоидат менамояд. Ин як ҳодисаи муқаррарӣ буда, барои ҳаёт дар сатҳи Замин муҳим мебошад. Азбаски ин ҳодиса ба ҳодисаи аввал монанд буд, онро “парниковый эффект атмосферы” ном гузоштанд, ки барои русзабонҳо фаҳмидани он шояд душворӣ пеш наорад. Вале бо забони тоҷикӣ ин ҳодисаро “ҳодисаи гулхонаӣ (ё буғхонаӣ, гармхонаӣ) - и атмосфера” тарҷума кардан аз нуқтаи назари илмӣ ва ҳам забонӣ чандон саҳеҳ наменамояд.
Солҳои охир дар натиҷаи фаъолияти саноатии инсон ба атмосфераи сатҳи Замин чангу ғубор ва миқдори зиёди газҳои карбон, метан, пайвастаҳои фторухлордор ва ғайра партофт мешаванд, ки дар натиҷа сатҳи Замин аз меъёри муқаррарӣ зиёдтар гарм шуда истодааст. Омехтаи ин чангу ғубор ва ин гуна газҳо ҳамчун пардаи полиэтиленӣ дар сатҳи Замин амал карда, имкон намедиҳад, ки гармии он пароканда шавад.
Ба назари мо, ҳамин аломати муҳими мафҳуми “парниковый эффект”, яъне “ғуншавии гармӣ” - ро ба назар гирифта, ба сифати ҳамтои тоҷикии ин истилоҳи русӣ пазируфтани истилоҳи “падидаи гармиғундоӣ” (ё “падидаи гармиғуншавӣ”) мувофиқи мақсад аст. Дар ин сурат газҳои табиати техникидоштаро, ки “парниковые газы” ном дошта, боиси зиёдтар шудани гармӣ дар сатҳи Замин гардида истодаанд, “газҳои гармиғундо” гуфтан мумкин аст.
Пирмаҳмад НУРОВ,
шаҳри Душанбе

 

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.08.2018    №: 167    Мутолиа карданд: 1221
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед