logo

туризм

ТОҶИКИСТОН. ДАР ҲАР ВАҶАБ ЗАМИН ТАЪРИХ НУҲУФТААСТ

БАРДОШТ АЗ ТАМОШОИ ШАҲРИ БОСТОНИИ КАРОН
Ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон. Қад - қади дарёи Панҷ то ба баландии 1700 метр аз сатҳи баҳр боло мешавем ва, тадриҷан, шӯру шаафи он паст мешавад. Чунон ба назар мерасад, ки Панҷ як ҷӯйборест ва метавон бо як ҷаҳидан аз болояш убур кард.
Дар ин баландӣ мавҷудияти шаҳри қадима ба тасаввури кам касе мегунҷад. Аммо, ин воқеияти таърихи куҳан аст, ки дар ҳудуди деҳаи Развайи ноҳияи Дарвоз шаҳраки бостонии Карон нуҳуфтааст. Он дар баландии кӯҳи Зоғик воқеъ буда, кӯҳро аз самти шарқ, ҷануб ва ғарб рӯди муқаддаси авастоии Дойтиё (Панҷ) давр мезанад. Сабаби асосии дар ин баландӣ бунёд ёфтани шаҳр ҳимояи Ватан аз ҳуҷуми душманон будааст.
Пеш аз кашфи ин мавзеи таърихӣ, мардуми маҳаллӣ онро Қалъаи Куҳна ном мебурданд. Ҳарчанд қисматҳои бузурги шаҳр зери хоку сангреза мехобид, аммо унсурҳои шаҳрсозиро дар ин мавзеъ ба мушоҳида гирифтан мумкин буд.
СУҲБАТ БО НАХУСТКАШШОФИ КАРОН
Ба ҳудуди шаҳр ворид мешавему аз дур чашмамон ба пирамарди кулоҳдор меафтад. Зери офтоби сӯзон қисматҳои боқимондаи «Бурҷи оташ» - ро аз хок берун мекунад. Ба ҳамкасбону бостоншиносони ҷавон роҳ нишон медиҳад. Дар атрофи бурҷ гашта, ба коғаз қайдҳои махсус мекунад. Ин марди 80 - сола нахусткашшофи Карон академик Юсуфшо Яқубов аст.
Соли 2008 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устод Юсуфшоро муваззаф мекунанд, ки дар ҳудуди ноҳияи Дарвози ВМКБ ковишҳои бостоншиносӣ бурда, дар кашф ва муаррифии мавзеъҳои таърихии он саҳм бигиранд. Ин ҳидояти Сарвари давлат дар кашфи шаҳри Карон такони ҷиддие мешавад.
- Вақте мо бори аввал соли 2012 ба ин мавзеъ омадем, тамоми шаҳр зери шағалу сангрезаҳо мехобид. Харобаҳои шаҳр ба масофаи 100 гектар паҳн шуда, аз бошукӯҳ будани он дарак медоданд. Нахуст «Бурҷи оташ» - ро аз хок берун овардем. Минбаъд, «Майдони чавгон», «Дижи шоҳ», «Амфитеатр», «Маъбади об», «Боҷхона» ва «Расадхона» қисман аз хок озод карда шуданд. Боз чандин қисматҳои Карон зери хок буда, ба пажӯҳиш ва ковишҳои ҷиддӣ ниёз доранд. Пешвои миллат ҳам соли 2013 ҳангоми боздид аз шаҳри Карон махсус зикр намуданд, ки ковишҳо дар ин самт идома ёбанд ва фарҳанги шаҳрнишинии ниёгонамон ба ҷаҳониён муаррифӣ гардад, - изҳор дошт Ю. Яқубов.
КАРОН ДАР МАНБАЪҲОИ ТАЪРИХӢ
Карон вожаи қадимаи ориёист ба маънои тоҷ, баландӣ ва бегазандӣ. Вожаи «карона» - и русӣ ҳам ҳамрешаи ҳамин калима аст, зеро забонҳои русию тоҷикӣ дар оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ ба ҳамдигар қаробат доранд. Дар забони тоҷикӣ имрӯз ҳам ба ҳамин маъно вожаҳои «карру фар», «карсанг» -  санги бузург, «каргас» - парандаи бузург, «карнай» - найи бузург мавҷуданд. 
Бори аввал номи  Карон дар асари Ибни Хурдодбеҳ «Китоб - ал - масолик ва -л - мамолик» (асри IХ) ёд мешавад, ки ба хазинаи Тоҳириён 4 ҳазор дирҳам андоз медод. Ҷуғрофиёшиноси асри Х Истахрӣ дар асараш «Масолик - ал - мамолик» Карон, Шуғнон ва Вахонро мамлакати габракон номидааст, яъне то асри Х - и мелодӣ мардуми ин диёр ба дини зардуштӣ эътиқод доштаанд. Номҳои Карон ва Курон дар асари маъданшиносии Абурайҳони Берунӣ низ ёд мешаванд. Берунӣ онро ба давлати Хатлон нисбат додааст. Ба ҷуз ин, Берунӣ аз Кароне ёдовар мешавад, ки дар он беҳтарин лоҷвардро истеҳсол менамуданд ва он дар байни Кобул ва Бадахшон ҷой дошт.  Академик Б. Ғафуров Қалъаи Куҳнаро боқимондаи Карон номида, чунин зикр мекунад: «Дарвоз бо пойтахташ Карон, болотар аз Қалъаи Хуми имрӯза» ҷой дорад.
Шарқшиноси шинохта И. Маркварт Каронро дар ҷанубии Бадахшон, В. Бартолд ба Дарвозу Рӯшон нисбат додаанд. Ақидаи В. Бартолд  дар бораи он ки Дарвозу Рӯшон ба  Карон дохил буданд, дуруст аст.
БУРҶИ ОТАШ
Бурҷи оташи муқаддас яке аз бозёфтҳои муҳими соли 2012 дар таърихи халқи тоҷик аст. Он хосси меъмории пеш аз ислом буда, ба замонҳои хеле қадим тааллуқ дорад. Пажӯҳишҳо нишон доданд, ки бурҷҳо бо манораи марказӣ пайвастаанд, яъне онҳо дар як вақт сохта шуда, ба оинҳои Маздо Ясно иртибот доранд. Бурҷ мураббаъшакл аст ва ба гурӯҳи ёдгориҳо – бурҷҳои оташи дар фазои боз бунёдшуда шомил аст.
Аз панҷ бурҷ, 4 - то дар атроф ва 1 - то дар марказ оташ афрӯхта шуда, рамзи он мазмунан ба панҷ оташи муқаддаси авастоӣ мерасад. Аз бурҷҳо танҳо дар рӯзҳои иду ҷашнҳои бошукӯҳ, ба монанди Сада, Наврӯз, Меҳргон оташ баланд мешуд ва аҳли дарбор бо иштироки омма ба зиёрати маъбад меомаданд. Ороиши манораҳои чаҳор бурҷ бо ҳафтнимсутунҳо шояд рамзи ҳафт кишвар, ҳафт ситора, ҳафт бародарон бошад.
Ҳоло бо сардории академик Юсуфшо Яқубов тамоми қисматҳои бурҷ аз хок озод карда шуда, пажӯҳиш дар ин самт идома дорад.
МАЙДОНИ ЧАВГОН
Дар бахши шарқии Панҷманор майдони чавгонбозӣ ҷойгир аст, ки 300 метр дарозӣ ва 70 метр паҳно дорад. Ин майдон ба тамоми меъёрҳои ин бозии бостонӣ ҷавобгӯст. Дар ин маврид дар «Шоҳнома» - и Фирдавсӣ ишораҳо фаровонанд. Дар бахши ҷанубӣ ва ғарбӣ ҷойҳои нишасти тамошобинон, дар шакли амфитеатр побарҷо мебошанд. Дар рӯзҳои чавгонбозӣ аз атрофи шаҳр мардуми одӣ ҷамъ меомаданд. Дар баландии амфитеатр ҷойи вижаи шоҳнишин ҳанӯз ҳам боқист. Аз ин бармеояд, ки чавгон аз бозиҳои қадимтарини ниёгони мо буда, бозиҳои маъруфи поло, инчунин, хоккей баргирифта аз ҳамин бозиянд.
ДИЖИ ШОҲ
Дижи шоҳ, ки нисбат ба қисматҳои дигари шаҳр дар баландӣ ҷойгир аст, бо сохти меъмории худ ва ҳуҷраҳои махсусаш таваҷҷуҳи моро ба худ ҷалб намуд. Ҳуҷраҳои хоб, облӯлаҳои гуногунҳаҷм, хазина, толор, суфаву суфачаҳо, деворҳо, ҷои тирандозӣ барои муҳофизу миршабон, ҳавлӣ барои баргузории маҷлисҳо касро ба ҳайрат меоранд. Мутаассифона, ҳуҷраҳои қабати дуюми диж, ки мутааллиқи шоҳанд, боқӣ намондаанд. Аммо, аз андоваҳои гаҷӣ ва нақшу нигори боқимонда шукӯҳу шаҳомати дижро тасаввур кардан мумкин аст.
Дар давоми ҳафриёти солҳои 2012 - 2013 ҳаждаҳ ҳуҷраи диж таҳқиқ шудааст, ки аз варақсанг бо сифати баланди меъморӣ бунёд ёфтаанд.
МАЪБАДИ ОБ ВА ЛАВҲИ КИТОБ
Маъбади об, ки ба ифтихори олиҳаи об – Аноҳита сохта шудааст, яке аз бахшҳои муҳими шаҳри Карон аст. Дар тасаввуроти гузаштагон чор унсури ҳаёт – об, оташ, хок ва бод муқаддас шумурда мешуд. Ба хотири гиромидошт ва ба хашми онҳо гирифтор нашудан, ниёиши онҳоро ба ҷо меоварданд. Аз ҷумла, маъбади об ба ифтихори Дойтиёи нек, яъне дарёи Панҷ, ки он замон бузургтару пуршукӯҳтар будааст, бунёд ёфтааст. Дарозӣ ва бари майдони ниёиши об 24 метр буда, дар байни он ҳавз ҷойгир аст. Назди ҳавз муъбад рост истода, дуоҳои махсус мехонд ва баъдан пеши лавҳи китоб рафта, аз «Авесто» пораҳо қироат менамуд. Лавҳи китоб, ки болои он «Авесто» гузошта мешуд, рамзи донишу хирад аст ва дар шакли китоб ҳанӯз побарҷост.  
РАСАДХОНА
Пеши лавҳи китоб тахтасанги лайсу ҳамворе истодааст. Юсуфшо Яқубов сӯи санг ишора карда, мегӯяд: «Бубинед, рӯи санг галаситораҳои Роҳи Каҳкашон ҳаккокӣ шудааст. Ниёгони мо бо илмҳои гуногун, аз ҷумла ситорашиносӣ аз қадим ошно будаанд».
Каме дуртар аз санги ёдшуда ҳудуди расадхона оғоз меёбад, ки дар паҳлуи маъбади об ҷойгир аст. Бинои расадхона шакли чоркунҷаро дошта, гирдогирди деворҳоро суфаҳо иҳота кардаанд. Суфаҳо дар кунҷҳои расадхона дуқабата буда, давродаврашон тахтабандӣ шудаанд. Расадхона омӯзиши ҷиддӣ мехоҳад.
Дар маркази расадхона мизи ситорашиносӣ ҳаст. Мизи мазкур, ки болои он устурлоб меистод, аз чаҳор бахш иборат буда, рӯяш бо сангҳои шашкунҷа ва секунҷа оро ёфтааст.
- Бори аввал дар таърихи диёрамон расадхона пайдо шудааст, ки, бешубҳа, аҳамияти бузурги илмӣ дорад. То имрӯз расадхонаи Улуғбекро дар Самарқанд куҳантарин маркази мунаҷҷимӣ медонистем, аммо расадхонаи Карон собит кард, ки рушди ин илм ба замонҳои қадимтар рафта мерасад. Баъзе аз бостоншиносони хориҷӣ аз мушоҳидаи сангҳои шашкунҷаи мизи устурлоб тахмин заданд, ки рамзи аввалин ДНК-и инсон буданаш ҳам мумкин аст, - афзуд Ю. Яқубов.
АНДЕШАҲОИ БОСТОНШИНОСОНИ БУРУНМАРЗӢ ДАР БОРАИ КАРОН
Шаҳри Карон аз мавқеияти муҳими ҷуғрофӣ, стратегӣ ва амниятӣ бархӯрдор буда, барои душманон фатҳнопазир буд. Бад - ин сабаб, Дарвоз мулке буд, ки мустақилияти худро то соли 1876 нигаҳ дошта тавонист.
Соли 2013 бо иштироки бостоншиносони Эрмитажи давлатии Русия А. Никитин ва Л. Смирнова дар Карон экспедитсия оғоз шуд. Мутахассисони Русия бо ишора ба қадим ва муҳиму нодир будани шаҳри Карон дар таърихи халқи тоҷик бар идомаи ковиш ва омӯзиши ҳаматарафаи таърихи ин шаҳр таъкид намуданд.
А. Никитин дар ҳисоботи даврагии Эрмитаж оид ба натиҷаи корҳои бостоншиносӣ навиштааст: «Ҳафриёти бостоншиносӣ ҳанӯз давраи дақиқи бунёди шаҳрро муайян накардаанд. Вале, бозёфтҳои сафолии замони Кӯшониён ва зарфҳои замони асри биринҷ дар гирду атрофи шаҳр шаҳодат аз он медиҳанд, ки сукунат дар ин минтақа метавонад ба ҳазораи 3 пеш аз мелод рост ояд».
Доктори илми бостоншиносӣ, профессори Донишгоҳи Гентии Шоҳигарии Белгия, сарпарасти осорхонаи санъату таърихи шоҳигарӣ Бруно Оверлайет дар рӯзномаи «European Times» дар мавриди ин ёдгории бостонӣ чунин навиштааст: «Ҳангоми сафар ба Карон ман бо чашми худ бузургии ин ёдгории бостониро дидам, ки ҳамагӣ як сол пеш аз тарафи доктор Ю. Яқубов кашф шуда буд. Ин ёдгорӣ таърихи дуру дарозеро дар бар гирифта, ба давраҳои биринҷ ва ҳазораи 3 - 2 пеш аз мелод рост меояд. Ин майдони бузурге будааст, ки аз чанд маҷмӯа иборат аст. Карон ҷавобдиҳандаи бисёр суолҳо аз таъриху тамаддуни Тоҷикистон буда, маркази пажӯҳишии бостоншиносони зиёде хоҳад гардид».
ТААССУРОТИ САЙЁҲОНИ ХОРИҶӢ АЗ КАРОН
Вақте мо бо тамошои Карон машғул будем, шаш олмонӣ ва ду рус ба дидани Карон омаданд. Ю. Яқубов қисматҳои алоҳидаи Каронро муаррифӣ мекарду дар симои онҳо ҳайрат меафзуд. Аз фурсат истифода бурда, бо чанде аз онҳо ҳамсуҳбат шудем.
- Ман оид ба Тоҷикистон аз дӯстонам шунидам ва аз шабакаҳои интернетӣ маълумот пайдо кардам. Барои ман бештар маданият, табиат, бавижа кӯҳсорони ин кишвар писанд афтод. Мардуми меҳмоннавоз ва табиати беназири Тоҷикистон беҳтару хубтар аз он будааст, ки ман тасаввур мекардам. Махсусан, шаҳри Карон бисёр ҷолиб ва ҳатто ҳайратовар аст. Наметавон тасаввур кард, ки 3000 сол пеш дар чунин баландӣ шаҳр буд,  - изҳор медорад Ҷенифер Сиаи олмонӣ.
Сайёҳ Сабине Роҷерс, роҳбари ширкати сайёҳии «Сhili Reisen», андешаҳояшро чунин баён дошт: «Аз Душанбе то ин ҷо омадан, кӯҳсорони баланд моро ба худ ҷалб карданд. Дар байни чунин қуллаҳои осмонбӯс зиндагӣ кардани мардум, аз дили санг рӯёндани ризқу рӯзӣ ва бо чеҳраи кушод пешвоз гирифтани онҳо моро дилгарм намуд. Ман тамоми ҳамсоякишварҳои Тоҷикистонро дида будам ва ростӣ, дар бораи кишвари шумо маълумоти кам доштам.
Бозёфтҳои шаҳри Карон, бавижа расадхона, мисли аҳромҳои Миср касро ба ҳайрат меоранд. Аз мушоҳидаҳои мо бармеояд, ки дар Тоҷикистон заминаҳои хуби рушди сайёҳӣ мавҷуданд».
Ҳайрати сайёҳон боз ҳам аз он буд, ки Ватани мо саршор аз мавзеъҳои таърихист. Дар хориҷа агар бо кашфи як чумча, соғар ё кӯзаи замони атиқа сару садоҳои беохир оғоз ёбанд, дар Тоҷикистон шаҳрҳои бостоние, мисли Саразму Карону Ҳисор ҳастанд, ки соатҳо пиёда метавон онҳоро тай кард, рӯи бозёфтҳояш солҳо пажӯҳиш бурд. Зеро, дар ҳар ваҷаб замини мо таърих нуҳуфтааст.
Бузургмеҳр БАҲОДУР,
Маҳмуд БАҲРОМ,
«Ҷумҳурият»

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.08.2018    №: 167    Мутолиа карданд: 1293
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед