logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 55 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, 28 августи соли 2018

Омӯзгорону шогирдони азиз!
Ҳозирони гиромӣ!
Мактаб барои миллати бостониву тамаддунсози мо парваришгоҳи илму дониш, сайқалгоҳи ақлу хирад ва боргоҳи маърифату адаб ба шумор меравад.
Маҳз бо дарназардошти ҳамин нукта, Ҳукумати Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ва хусусан, солҳои охир бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимии дорои шароити муосири таълим ва таҷҳизоту лавозимоти замонавӣ, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ ва дигар васоити техникиро вусъат бахшида истодааст. Зеро баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, ба навовариву ихтироъкорӣ, омӯзиши илмҳои дақиқ ва забономӯзӣ ҳидоят намудани хонандагон, дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва арзишҳои милливу умумибашарӣ тарбия намудани насли имрӯзу ояндаи миллат вазифаи аввалиндараҷаи давлат, Ҳукумати мамлакат ва аҳли маориф ба ҳисоб меравад.
Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани муассисаи таълимии имрӯза намунаи возеҳи ин гуфтаҳо мебошад. Танҳо дар зарфи яку ним соли охир дар шаҳри Душанбе 9 мактабу гимназияҳои нав ва биноҳои иловагӣ бо харҷи 174 миллион сомонӣ бун-ёд гардида, 10 мактаби дигар ба маблағи 56 миллион сомонӣ таъмиру азнавсозӣ карда шудааст.
Ҳоло раванди азнавсозиву бунёдкорӣ дар ин самт суръати бесобиқа касб намуда, ғайр аз муассисаи таълимии имрӯза дар ҳудуди пойтахт сохтмони боз 12 мактаби замонавӣ барои зиёда аз 19 600 нафар хонанда ба маблағи умумии 235 миллион сомонӣ босуръат идома дорад.
Мувофиқи таҳлилҳо суръати миёнаи афзоиши шумораи хонандагон дар шаҳри Душанбе ҳамасола то се фоизро ташкил медиҳад. Яъне, дар зарфи 10 соли оянда ба мо зарур аст, ки барои зиёда аз 30 ҳазор хонанда ҷойи нишаст ва шароити муосири таълим муҳайё кунем. Агар 10 сол пеш муассисаҳои таълимии пойтахт дар маҷмӯъ 163 ҳазор нафар хонандаро ба таҳсил фаро гирифта бошанд, имрӯз ин нишондиҳанда ба 191 ҳазор нафар расидааст.
Солҳои охир мо барои бунёду азнавсозии инфрасохтори соҳаи маориф дар баробари маблағҳои буҷетӣ, инчунин, соҳибкорони ватаниву шахсони саховатпеша ва грантҳои хориҷиро низ ҷалб намуда, мақсад дорем, ки ҳар чи бештар инфрасохтори муосири соҳаро муҳайё созем.
Яке аз омилҳои муҳими болоравии сатҳу сифати таълим фаъол гардондани синфу озмоишгоҳҳо барои фанҳои дақиқу табиӣ ва таҷҳизондану бо маводи зарурӣ таъмин намудани онҳо мебошад. То имрӯз озмоишгоҳҳои аксар муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар ба маводу ашёи зарурӣ дастрасии кофӣ надоранд ва бо ин сабаб дар аксари муассисаҳои таълимӣ фанҳои дақиқ ва табиӣ танҳо аз ҷиҳати назариявӣ таълим дода шуда, дарсҳои амалӣ дар сатҳи зарурӣ гузаронда намешаванд.
Вобаста ба ин, зарур аст, ки Вазорати саноат ва технологияҳои нав якҷо бо Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои дахлдор талаботи воқеии муассисаҳои таълимии мамлакат ва пойтахтро ба маводу ашёи аёниву озмоишӣ ва дигар лавозимоти мактабӣ ҳамаҷониба омӯхта, доир ба ҳалли ин масъала тавассути ташкил намудани коргоҳҳои махсусгардондашуда оид ба истеҳсоли ашё ва лавозимоти таълимӣ тадбирҳои заруриро амалӣ гардонанд.
Ҳадафи стратегии сиёсати иҷтимоии давлат дар соҳаи маориф ба он равона гардидааст, ки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ танҳо ба омӯзиши назариявии фанҳои алоҳида маҳдуд нашуда, дар баробари корҳои амаливу озмоишӣ, инчунин, бояд соҳиби донишу ҷаҳонбинии муосир бошанд. Бо ин мақсад аҳли маорифи кишвар бояд бо дарназардошти таҳаввулоти соҳа ба тарбияи насли наврас бо ҷиддияту масъулиятшиносӣ муносибат намоянд.
Соли гузашта дар маҷмӯъ 58 фоизи хатмкунандагони муассисаҳои таълимии пойтахт ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат дохил шудаанд, ки ин нишондиҳанда қонеъкунанда нест. Дар иртибот ба ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, инчунин, сохторҳои марбутаро зарур аст, ки сабабҳои нокифоя будани сатҳи дониши хонандагонро дар баъзе муассисаҳои таълимии пойтахт таҳлил намуда, бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати таълим ва баланд бардоштани савияи дониши хонандагон чораҳои иловагӣ андешанд.
Дигар вазифаи муҳими аҳли маориф дарёфт ва тарбияи истеъдодҳо ва ихтироъкорону эҷодкорон аз миёни наврасону ҷавонон мебошад. Бо мақсади тарбияи шахсиятҳои дорои ҷаҳонбинии муосиру пешрафта ва ҳисси баланди миллӣ, худогоҳу худшинос ва ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид барои дастгирии хонандагони болаёқат ҳоло барномаи алоҳидаи давлатӣ татбиқ шуда истодааст.
Дар доираи барномаи мазкур ба масъалаҳои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, малакаи касбии омӯзгорон ва таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоту технологияҳои муосир аҳамияти махсус дода мешавад.
Маҳз натиҷаи ҳамин дастгириҳост, ки хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар олимпиадаҳои фаннӣ фаъолона иштирок намуда, соли ҷорӣ аз ҳама бештар ҷойҳои аввалро соҳиб шудаанд. Хонандагони шаҳр, инчунин, дар озмуни довталабони шаҳодатномаи аъло бо гирифтани медалҳои тилло ва нуқра низ пешсаф мебошанд.
Масъалаи дигаре, ки мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо ба он ҷалб намоям, ҳолати корҳои тарбиявию маърифатӣ дар байни хонандагон мебошад, ки мақому манзалати он аз корҳои таълимӣ кам нест. Зеро бидуни тарбияи шогирде, ки мавқеи солим, ахлоқи ҳамида, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ надорад, ҷомеаи солиму мутамаддин бунёд кардан аз имкон берун аст.
Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки роҳбарони баъзе муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, донишгоҳу донишкадаҳо вақтҳои охир таваҷҷуҳи асосиро ба тадрису таълим равона карда, ба корҳои тарбиявӣ ба таври ҷиддӣ машғул намешаванд, ки солҳои охир боиси афзоиш ёфтани қонуншиканиҳо аз ҷониби хонандагони чанде аз мактабҳои пойтахт гардидааст.
Аз ин рӯ, зарур аст, ки дар баробари таълим ба масъалаи тарбияи дурусти наврасону ҷавонон аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир карда шавад. Дар ин раванд, дар баробари волидайн омӯзгорону устодон бояд сахтгиру серталаб бошанд.
Бузургони гузаштаамон, аз ҷумла муаллими ахлоқ Шайх Саъдӣ, меҳрубониву сахтгирии омӯзгорро аз падар бештар ва ҷоиз дониста, чунин гуфтааст:
Ҳаққи устод аз падар беш аст,
В - аз падар устод дар пеш аст.
Ҳозирони арҷманд!
Дар остонаи таҷлили солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва соли нави таҳсил ба фаъолият оғоз кардани боз як боргоҳи таълиму тарбияи фарзандони сокинони шаҳри Душанбе, яъне муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 55 дар ноҳияи Шоҳмансур боз як нишонаи ғамхории Ҳукумати мамлакат нисбат ба насли ояндасози миллат ба шумор меравад.
Муассисаи таълимии мазкур аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент барои таҳсили 3 500 хонанда ва бо сарфи қариб 36 миллион сомонӣ қомат афрохта, дорои шароити беҳтарини таълим мебошад.
Дар натиҷаи заҳмати софдилонаи муҳандисону сохтмончиён бунёди мактаб дар муҳлати хеле кӯтоҳ ва бо сифати баланд ба анҷом расонда шуд, ки ба ҳамаи онҳо барои саҳми арзандаашон дар муҳайё намудани шароити мусоид ба наврасону ҷавонони пойтахт миннатдорӣ изҳор менамоям.
Бузургони фарҳангдӯсти мо беҳуда донишро чароғи ақл, қуввати дил ва сарвати азим нагуфтаанд. Зеро шахси донишманд ва соҳиби касбу ҳунар дар ҳама давру замон сазовори обрӯю эътибори хосса буда, илму дониши азбаркарда ва касбу ҳунари азхуднамудааш дар тӯли ҳаёт кафолати зиндагии шоистаи ӯ мебошад.
Дар баробари ин, ба шумо, хонандагони азиз, таъкид менамоям, ки ба қадри ғамхориҳои давлату Ҳукумат, заҳмати устодон ва падару модарони худ расед, давраи таҳсилро самаранок истифода баред, илму дониш омӯзед ва соҳиби касбу ихтисосҳои муосир гардед, то ки дар оянда ба давлати соҳибистиқлоли худ, ҷомеа ва падару модари хеш хизмати шоиста карда тавонед.
Ҳамаи шумо, ҳозирони арҷманд ва кулли сокинони шаҳри Душанберо ба фарорасии соли нави таҳсил ва солгарди Ҷашни бузурги миллиамон - Истиқлолияти давлатӣ табрик гуфта, бароятон зиндагии орому осуда, осмони соф ва ба шогирдони муассисаи навбунёди таълимӣ дар роҳи омӯхтани илму дониш комёбӣ орзу менамоям.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!

 

 

 

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.08.2018    №: 170    Мутолиа карданд: 1328
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед