logo

номаҳо

ЯК ПЕШНИҲОД

Омӯзиши кор ва рӯзгори шахсиятҳои барҷастаи давр, хоса аҳли адаб, махсусан дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, бояд беҳтару бештар гардад ва низ ба ҳукми анъана дарояд. Шукр бояд бигӯем, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар барои ин имкониятҳои зиёд мавҷуд аст. Мутаассифона, аз он кам истифода мебарем.
Ҳамасола бахшида ба таҷлили солгардҳои адибони маъруф дар кишвар ҳамоишҳои бузург баргузор мешаванд.  Олимон, адибон ва дигар мутахассисон бахшида ба ин санаҳо маводҳои ҷолибу арзишманд ба табъ мерасонанд. Инчунин, ба воситаи шабакаҳои радиоӣ ва телевизионӣ барномаҳо таҳия мекунанд. Мутаассифона, на ҳамаи ин маводҳо дастраси омӯзгорони соҳа мегарданд. Чорабиниҳое, ки масъулон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор менамоянд, на ҳама дар сатҳи зарурӣ мебошанд ва ҳам ҷавобгӯ ба талаботи давр. Бисёре аз ин масъулон бо баёни тарҷумаи ҳоли шахсият ва қироати порчаҳо аз эҷодиёти ӯ иктифо мекунанд. Дар натиҷа хонандагон моҳияти масъалаҳоро кам дармеёбанд ва ҳувияти миллияшон ба таври зарурӣ инкишоф намеёбад. Аз ин рӯ, пешниҳод мекунем, ки ин санаҳо ва чорабиниҳо махсус мавриди таваҷҷуҳ қарор бигиранд. Яъне, чӣ тавр? Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар иртибот ба дигар ниҳодҳои илмию фарҳангӣ бо ҷалби мутахассисони варзида, шахсиятҳои маъруфи соҳа барномаҳои махсуси видеоиро омода ва сабт намоянду дастраси муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ гардонанд. Масалан, агар дар соли равон бахшида ба 400 - солагии Миробид Сайидои Насафӣ ва 550 - солагии Наҷмиддин Гавҳарии Кавкабӣ ин гуна барномаҳоро таҳия кунанд, аз аҳамият холӣ нест. Албатта,  он набояд масъулияти омӯзгорони соҳавиро дар баргузории  ин гуна чорабиниҳо кам кунад.
М. АЗИЗОВА, шаҳри Бохтар


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.09.2018    №: 173    Мутолиа карданд: 1248
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед