logo

туризм

КӮҲНАВАРДӢ НАМУДИ ЗЕБОТАРИН ВА ОЯНДАДОРИ САЙЁҲӢ

Фатҳи қуллаҳои баланд бо бартараф сохтани монеаҳое, ки табиат офаридааст, ҳарчанд мушкилоти зиёде думбол дорад, вале ҷолибу хотирмон аст. Табиати нотакрори Тоҷикистони азиз барои ҳар нафари хоҳишманд имкон медиҳад, ки мушкили гузаштан аз ҳама фарозу нишебиҳои кӯҳсорро шахсан ҳис кунад ва ба чӣ қодир будани худро дарк намояд.
Вале, барои кӯҳнаварди ҷавон Юсуф Қурбонов тай кардани қуллаи баландиаш то 3 ҳазору 500 метр аз сатҳи баҳр мушкил набуд. Зеро, ӯ ҳамеша бо табиат асту дӯстдори табиат ва аз нозукиҳои кӯҳнавардӣ хуб огоҳ аст. Шаш сол инҷониб ба кӯҳнавардӣ машғул мебошад ва ният дорад онро ба сатҳи ҷаҳонӣ барорад.
- Барои ин Тоҷикистони биҳиштосо иқтидори бузург дорад, аз ин рӯ, ба яке аз марказҳои асосии кӯҳнавардии байналмилалӣ табдил ёфтааст. Беҳуда нест, ки ҷаҳонгардон кишвари моро «Каъбаи кӯҳнавардони олам» ном мебаранд, - гуфт Юсуф Қурбонов ва далели онро баргузории ҳозира Экспедитсияи байналмилалии кӯҳнавардӣ дар кишвар бо фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ (баландиаш 7495 метр аз сатҳи баҳр) пеш овард. Ин муваффақият натиҷаи кӯшишҳои чандсолаи давлату Ҳукумат дар самти пешбурди соҳаҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018  ва татбиқи Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» барои истифодаи самараноки манбаъҳои сайёҳӣ такон бахшид. Даъвати Тоҷикистон аз ширкатҳои сайёҳӣ ва клубҳои кӯҳнавардии ҷаҳон барои иштирок дар мавсими кӯҳнавардӣ ин ҷо иқдоми наҷибест барои рушди соҳа ва муаррифии кишвар. Баҳри иҷрои ин тарҳи дарозмуддати соҳа тамоми ширкатҳои сайёҳии ҷумҳурӣ ҷалб гардида, шароити зарурӣ муҳайё шуда истодааст. Таъмини кӯҳнавардон бо чархбол, дастгирии онҳо аз ҷониби мураббиёни риштаи кӯҳнавардӣ ва табибону нафарони дигар, ҳамчунин, пешниҳоди хизматрасонӣ дар ҳама самтҳои фаъолияти соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла хизматрасонии меҳмонхонаҳо, «Home stay», лагерҳои туристӣ дар баландии то 4 ҳазор метр ва амсоли инҳо бехатарӣ, мутобиқ шудан ба иқлим ва боду ҳаво саломатии онҳоро кафолат медиҳад. Ин омилҳо дар вақти гузаштан аз хатсайрҳои сайёҳии гоҳе ҳамвору гоҳе душворгузар хеле муҳиманд. Кӯҳнавардӣ (алпинизм) ҳам душвору ҳам дилкаш аст. Он якҷо бо шӯхпаймоӣ (скалолазие) аз намудҳои экстремалии туризм ба ҳисоб мераванд. Саргузаштӣ, пиёдагардиву рафтинг низ навъҳои сайёҳии кӯҳсоранд ва ҳар яки онҳо бо хусусияти хос тавонмандии инсон ва бузургии табиат - кӯҳҳоро бо гуногунии шаклҳои амудӣ, иқлими тағйирёбанда, хусусияти шифобахшӣ ва қонуну қоидаҳои ҳамеша ҷолиб хуб намо медиҳанд. Кӯҳро «мехи Замин» ҳам меноманд. Аз он ки 93 дарсади Тоҷикистони азиз кӯҳсор аст, андешае пеш меояд, ки шояд Замин маҳз бо ана ҳамин кӯҳҳои сар ба фалак устувору побарҷост?! Юсуф корманди корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» мебошад. Ба ӯ ва дӯстону ҳамкасбонаш пайваста дар рӯзҳои истироҳат, лаҳзаҳои фориғ аз кору ташвишҳои зиндагӣ ба табиат, хусусан ба кӯҳ баромадан, анъана шудааст. Ба гуфтаи ӯ, истифодаи параплан ва дигар воситаҳои парвозкунанда, аз ҷумла парашют, делтаплан ва амсоли инҳо, ки бо кӯҳнавардӣ пайвастагӣ доранд, дар раванди рушди соҳа навоварӣ меофаранд, ҳарчанд дастрасӣ ба чунин таҷҳизоти роҳатбахшу хушҳолкунанда, ғайр аз ин, таҷҳизоти кӯҳнавардӣ, аз қабили банд ва ресмони махсус барои кӯҳпаймоӣ, таҷҳизоти махсус барои пойафзол – «гурбача», дастбанду дигар либоси варзишӣ, камтар мебошад ва хароҷоти зиёд дорад. Вусъати ин самти муҳими кӯҳнавардӣ барои ҷалби бештари ҷавонон мусоидат менамояд. Параплан шакли боли парандаро мемонад, ки сабук асту дар худ бо ҷамъ кардани ҳаво аз замин бардошта мешавад. Ҳаракат ба пеш ва поин бо қувваи вазн иҷро гардида, суръати муайянро пайдо мекунад ва оғоз мегардад он «парвозе», ки ҳама инсонҳо бар он мекӯшанд. Асоси идора карда тавонистани параплан, махсусан пеш аз парвоз ҳангоми бо он давидану худро ба фазо партофтан, аз устуворӣ ва иродаи қавии кӯҳнавард вобаста аст. Музаффарияти Юсуф ҳам дар ҳамин аст: иродаи қавӣ, гузоштани мақсад ва талоши расидан ба он, махсусан бо шиори – «Нафаре, ки бохтан метавонад, қаҳрамон аст». Сазовор донистани ӯ бо нишони «Беҳтарин кӯҳнаварди ҷавон» низ дар ҳамин аст. Ҳамаи ин талошҳо аз муҳаббати самимии Юсуф Қурбонов ба Ватан ва касби пешакардааш бозгӯ менамояд. Ин самимият ҳангоми суҳбат дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе эҳсос шуд. Юсуф фикр мекунад, ки барои пешрафти худ ва ҷомеа ҳанӯз анҷом додани корҳои зиёд дар пешанд.  
О. ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.09.2018    №: 174    Мутолиа карданд: 992
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед