logo

туризм

ҒАРИБОШНО БОШУ САЙЁҲДӮСТ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём (22 декабри соли 2017) таъкид доштанд:
«Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад». Бо ин мақсад, соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид.
Моҳияти ин ташаббус ва иқдоми бузургро омӯзгор ба хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бояд бисёр рӯшану возеҳ бифаҳмонад. Нахуст зарур аст, ин ҳақиқат маърифат гардад, ки ташаббусу иқдоми мазкур ба як сол, яъне соли равон ҳаргиз маҳдуд намегардад. Ҳалли ин масъалаи муҳим сол ба сол беҳтар мешавад. Аз имкониятҳои мавҷуда бештару самарабахштар бояд истифода кунем. Ба ин хотир, Кумитаи рушди сайёҳӣ вазифадор гардидааст, ки лоиҳаи Стратегияи рушди сайёҳиро барои давраи то соли 2030 омода ва барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд. Албатта, бо қабули Стратегияи мазкур омӯзгор нақшаи тадбиру чорабиниҳоро  тартиб медиҳад, то кори фаҳмондадиҳӣ, баланд бардоштани маърифату ҷаҳонбинии хонандагон дар ин росто ба низом дарояду бештар манфиат бахшад. Иҷрои кори мазкур агарчи дар назари аввал душвор менамояд, аммо агар дуруст назар бикунем, осон аст. Мо аслан ба иҷрои коре машғул мешавем, ки пештар аз ин ҳам онро аз рӯи талаботу зарурат ва низоми таҳсил ба фарҷом мерасондем. Пас аз ин танҳо дарки бештари масъала ва масъулиятшиносӣ меафзояд.
Магар мо дар дарсҳои тарбиявӣ ва таълимӣ аз муҳаббати Ватан, шинохти зебоиҳову боигариҳои он намегуфтем? Мегуфтем. Хонанда дар муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар асоситарин маълумотро дар бораи рӯду кӯҳу шаҳру ноҳияҳо, таърихи кишвари маҳбуб ва ёдгориҳои он мегирад. Акнун вобаста ба талаботи пешомада ва дарки вазъи дунёи муосир рӯҳияву ифтихори хонандагонро бояд баланд бардорем ва муҳаббати  сарзамини аҷдодӣ, фарҳанги бузурги миллатро дар дили онҳо ҷой бидиҳем. Пеш аз ҳама бояд худи омӯзгор ин гуна муҳаббату самимиятро дар вуҷуди худ дошта бошад, то таълиму тадрису тарбияаш бештар самар биёрад ва хонандаро ба амалҳои нек ҳидоят карда тавонад.
Вақте дар ин рӯзнома, яъне «Ҷумҳурият», хондам, ки як гурӯҳ сайёҳони олмонӣ бо ҳидояту раҳнамоии тоҷикон ба ин кишвар  омадаанд, ба ростӣ, ифтихор намудам. Ҳар кадоми мо бояд дар дохил ва хориҷи кишвар тарғибгари ин кишвари биҳиштосо бошем. Кофист, ки ба дигарон ҳақиқатро бигӯем. Ин як амал боис мегардад, ки миқдори зиёди сайёҳон ҷалб бишаванд. Фикр мекунам, бо ташрифи сайёҳон дар солҳои аввал кишвари маҳбубу марғуби мо дар дунё бештар муаррифӣ мегардад.
Воқеан, бо эълони Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои эҳёи фарҳанги миллӣ заминаҳои мусоиду эътимодбахш фароҳам омадааст. Мо - омӯзгорон низ дар иҷрои ин амали хайр бояд саҳми чашмрас бигирем. Ба хонандагон бифаҳмонем, ки миллати мутамаддинамон аз оғоз меҳмондӯсту меҳмоннавоз буд. Дар дунё, аз ҷумла бо ин сифати нек шинохта мешуд. Беҳтарин неъматҳоро  барои меҳмон, мусофир  ва  ғариб  рӯи   дастархон мегузошт. Таъкид медоштанд: «Бадбахт касест, ки ба хонааш меҳмон намеояд ва бадбахттар аз ӯ нафарест, ки меҳмон меояду гиромияш намедорад». Аз панду андарзҳои миллати мост, ки иззати меҳмон воҷиб мебошад. Меҳмон ё худ сайёҳ дар мисоли як хонадон миллатро муаррифӣ мекунад. Сайёҳе, ки  сафарнома, таърихнома менависад, ҳар чизи дидаву шунида ва суҳбатҳояшро дар китоби худ дарҷ мекунад. Ин гуна сафарномаҳо  ва таърихномаҳо дар солҳову асрҳои пешин, хушбахтона, моро ба ҷаҳониён нек мешиносонд. Мо аз онҳо ба рӯзгори ниёгони шарафмандамон бештару беҳтар ошноӣ пайдо кардем.
Бузургони адабиёти классикии мо бо панду андарз таъкид доштанд:
Ғарибошно бошу сайёҳдӯст,
Ки сайёҳ ҷаллоби номи накӯст.
Аз рӯи чунин панду андарзҳо пешиниён амал карданд. Яъне, тавре бармеояд, миллати мо ба чандин садсолаҳо сайёҳдӯсту ғарибошно буданд ва аз худ номи неку гузоштанд. Балки овозаву шуҳрати накуии онҳо дар дигар кишварҳо интишор ёфт.
Омӯзгор метавонад, ки ҳангоми дарс ва тарғиби сайёҳӣ аз ин байти Шайх Саъдӣ истифода бикунад:
Бузургон мусофир ба ҷон парваранд,
Ки номи накуӣ ба олам баранд.
Яъне, ба ҷон парвардани мусофир ё худ сайёҳ нишон ё худ сифати бузургон маҳсуб мешавад. Ҳамин тавр, мо бо гузоридани эҳтироми сайёҳон муаррифгари неки кишвар ва анъанаву суннату расму оинҳои миллиамон мешавем.
Ва ҳам ин таъкид бисёр баҷост:
Наку дор зайфу мусофир азиз.
Маънои «зайф» меҳмон мебошад. Барҳақ, мусофиру меҳмон дар навбати худ сайёҳ низ буда метавонад. Наку доштани онҳоро мо, бояд чун як  вазифаи милливу инсонӣ бишносем. Ба ростӣ, сайёҳ бо ошноии ин панду андарзҳо ва адабиёти бузурги мо ба миллату кишварамон бештар муҳаббат пайдо мекунад.
Бисёр хуб мешуд, ки  китобе  дар  ин маврид чун дастуру раҳнамо таълиф ва нашр, инчунин, дастраси мардуми кишварамон бигардад.
Ҳамин тавр, ҳар нафаре, ки Ватану ин сарзамини аҷдодӣ барояш азиз аст, метавонад бо роҳҳои гуногун дар ҷалби сайёҳон, рушди соҳа ва ҳунарҳои мардумӣ саҳми муносиб бигирад.
Ҷонбегим ХУДОЁРОВА, омӯзгори муассисаи
таҳсилоти  миёнаи умумии
№ 42 – и шаҳри Душанбе

 

 

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.09.2018    №: 174    Мутолиа карданд: 1086
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед