logo

ҳуқуқ

ИҒВОҲОИ НАҲЗАТӢ ДАР ҲАВОИ САЛТАНАТХОҲӢ

Пойгоҳҳо ва сомонаҳои иттилоотии наҳзатӣ,  тибқи одат ва талаботи маъмулии мафкуравӣ - сиёсӣ тайи чанд соли охир ба парокандани матолиби иғвобарангезу ҳангомасоз машғуланд ва асли матолиби масъулини сомонаҳои мазкур интиқоди муғризонаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аст. Дар аксари кулли матолиби наҳзатӣ ангушти интиқод тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсиятҳои калидии давлат ишора шуда, аз роҳи сиёҳ кардани шахсиятҳои дараҷаи аввали кишвар муаллифони гузоришу мақолоти иштибоҳӣ дар миёни гурӯҳҳои манфиатхоҳи сиёсию иқтисодии аврупоӣ ҷойгоҳ касб мекунанд ва мунтаҳо, ҳадафҳои худро пиёда месозанд. Аз ин ҷо, натиҷа гирифтан мумкин аст, ки элитаи сиёсии наҳзатӣ, ки дар хориҷ ба сар мебарад, на танҳо барои кишвари мо, балки барои минтақа дарди сар шуда истодааст.
Чуноне ки муҳаққиқон таъкид мекунанд, терроризм ва махсусан, терроризми динӣ - мазҳабӣ хашинтарин навъи терроризми байналмилалӣ маҳсуб меёбад. Барнома ва тарҳҳои террористию экстремистиро солҳои сол муҷриён ва коргардонони бозиҳои сиёсӣ ва геосиёсӣ дар минтақаҳои мавриди назар роҳандозӣ мекунанд ва аз ин ҳисоб манфиатҳои иқтисодию молиявӣ мебардоранд. Дар ин робита суоли муҳим ин аст, ки чаро терроризми динӣ - мазҳабӣ дар сад соли охир дар ҷомеаҳои Шарқи мусалмонӣ ҷойгоҳи махсус касб кардааст ва имрӯз низ бо вусъати кайҳонӣ пештозӣ менамояд?
Бояд гуфт, ки ҷомеаи мусулмонӣ ва давлатҳои динӣ - теократии шарқӣ бештар осебпазиранд ва мавриди сӯистифодаи созмону гурӯҳҳои манфиатхоҳи хориҷӣ қарор мегиранд, зеро ки маҳдудиятҳои фикрӣ, идеологӣ ва илмӣ ононро дар баробари воқеиятҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ камзарфият месозад. Камзарфиятӣ ва камогаҳии мардум барои гурӯҳҳои муҳофизакор ва фурсатталаб имконият фароҳам меоварад, ки аз эҳсоси динии мардум истифода баранд ва ба бозиҳои хуношом даргир созанд. Нуқтаи заъфи ҷомеаи исломӣ тафаккури баста, суннатӣ ва консервативии онҳост, ки имкони вуҷуд ва ҳузури манфиатҳои миллӣ ва инсониашонро ба сифр баробар мекунад. Аз ҷониби дигар, хурофоту таассуби мазҳабӣ дар баданаҳои иҷтимоӣ реша медавонад ва барои афкандани тарсу ҳарос ва фош нашудани ҳадафҳои нопоки сиёсию иқтисодии созмонҳои террористию экстремистӣ, ки дар саргаҳашон сохторҳои марбутаи хориҷӣ қарор доранд, террористон ба террори фикрию ҷисмонӣ даст зада, ҷомеаҳоро дар ҳолати шок гирифтор менамоянд.
Тавассути афкандани ҳарос ва парокандани он дар миёни ҷомеа авомуннос ё ба истилоҳи сиёсӣ, «тӯда» таҳти тасаллут қарор мегирад ва аз тариқи фишорҳои равонӣ, ахлоқӣ, фикрӣ, идеологӣ назорат мешавад. ТТЭ ҲНИ ва дастандаркорони он маҳз ҳамин ҳадаф – тасаллути комили авомуннос ва фарҳангиёнро меҳвари кор қарор дода, дар ин замина даҳ соли охир амалиёти густурдаи сиёсӣ-идеологӣ бурданд. Сӯистифода аз манобеи исломӣ – Қуръон, ҳадис ва суннат ва ба торҳои нозуки эҳсоси мазҳабии мардуми сода ва зудбовари тоҷик нохун задан, либоси аврупоӣ ба бар карда, бо алфози мӯди сиёсӣ чарбзабонӣ кардан стратегияи наҳзатӣ мебошад ва имрӯз ҳам фирориёни наҳзатӣ аз он дар хориҷ васеъ истифода мебаранд.
Мутаассифона, чун рӯзи равшан маълум аст, ки натиҷаи фаъолияти ду даҳсолаи наҳзатӣ мазҳабзадагӣ ва хурофотишавии ҷомеаи тоҷик буд, ки паёмадҳои аввалиашро ибтидои солҳои навадуми асри бист бо чашми сар дидем. Аммо ТТЭ ҲНИ аз он моҷароҷӯйӣ сер нашуд, ки нашуд. Чун дар таҳтушшуур ба қудрат ва салтанати беҳудуди исломӣ ҳавасманд аст ва ин «ҳавас» - ро то охири умр дунбол мекунад. Барои амалӣ кардани ин ҳадаф наҳзат ба баъзе созмонҳои аврупоӣ такя мекунад ва худро сафед менамояд.
Нуқтаи меҳварӣ дар мабоҳиси наҳзатӣ созмони террористӣ эълон гардидани наҳзат аст ва аз ин мавқеъ қаламбадастони наҳзатӣ бо ҷону дандон ҳимоят мекунанд. Аз ин ҷост, ки сомонаҳои наҳзатӣ аз иқдомоти Ҳукумати Тоҷикистон дар робита бо террористӣ хондани ТТЭ ҲНИ ёдовар мешаванд ва дар матолиби иғвогарона таъкид менамоянд, ки кишварҳои дигар наҳзатро террористӣ напазируфтаанд. Муаллифони матолиби наҳзатӣ аз бозиҳои пасипардагӣ хуб огоҳӣ доранд ва медонанд, ки дар қолаби бозиҳои пуштипардагии қудратҳо пружаи ба истилоҳ, «ҲНИ» ҷо гирифтааст ва аз он ҳамеша истифода мешавад. Террористӣ хондани ТТЭ ҲНИ барои иддае аз кишварҳо ва давлатҳо ба манфиати сиёсат ва стратегияи давлатиашон нест, бинобар ин, аз қабули он ба унвони созмони террористӣ дурӣ меҷӯянд. Гузашта аз ин, терроризм терроризм аст, барои он миллияту халқият бегона аст. Шахси террористи мазҳабӣ (мисли террористони наҳзатӣ) танҳо бар мабнои  идеали худ, ки бар пояи ҷаҳли мураккаби асримиёнагӣ устувор шудааст, меандешад, хуфту хез мекунад, меошомад, мехӯрад ва ниҳоят ҳазорон - ҳазор нафарро мекушад. Муносибати бетарафона ва бемулоҳизакоронаи баъзе кишварҳои аврупоӣ бо терроризми исломӣ ба он натиҷа расид, ки дар Аврупо амалҳои террористии гурӯҳҳои ифротгарои исломӣ тез - тез сурат мегиранд ва домани худро густурдатар мекунанд.
Масъалаи пазируфтани ТТЭ ҲНИ ба сифати созмони террористӣ аз тарафи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон масъалае нест, ки аз он метавон ҳангома сохт. Тасмим бар уҳдаи давлату кишварҳост, он ба давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дахл надорад ва давлат ҳеҷ гоҳ ба хотири он ки кишваре наҳзатро террористӣ эътироф кунад, пофишорӣ наменамояд. Бигзор, давлатҳо худ дар ин амр тасмим бигиранд. Аз тасмими давлатҳое, ки наҳзатро ба унвони ҳизби муътадил мешиносанд, моҳият ва табиати ТТЭ ҲНИ иваз намешавад. ТТЭ ҲНИ ва роҳбари фирории он танҳо пӯсташро иваз мекунад, ин ҳам ба умеди дарёфти сармояи зарурӣ ва пуштибонии сиёсӣ. Ин нуктаро ҳатто яке аз асосгузорони ҳизби наҳзат Мулло Аёмиддин Сатторов тавассути шабакаҳои телевезионӣ тасдиқ кард ва шахсияти М. Кабириро барои бинандагон ва, умуман, шаҳрвандони Тоҷикистон бори дигар шиносонд.
Ҳамин тариқ, тавассути иғво ва дассиса пур кардани фазои маҷозӣ имрӯз ба стратегияи асосии наҳзатӣ бадал шудааст ва касби қудрату барпо доштани салтанати исломӣ дар Тоҷикистон минҳайси ҳадафи стратегӣ барои наҳзат хидмат мекунад. ТТЭ ҲНИ тавассути тартиботи тактикӣ - дарёфти сармоя, тавсеа додани нуфуз, сохтани тавтеа ва дассисаҳо, иғвогарии матбуотӣ ва интернетӣ, ноҷур сохтани авзоъ дар минтақа, дар Аврупо аҳдофашро дунбол менамояд, вале муваффақ намешавад ва ҳама талошаш танҳо дар фазои маҷозӣ дар қолаби иғво амалӣ мегарданду халос. Зеро ки ба халқ ва мардуми Тоҷикистон он ҳадафҳо бегона аст ва ниёзҳои мардумиро бароварда наметавонад. 
Фаридун ОРИЁӢ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.09.2018    №: 175    Мутолиа карданд: 1054
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед