logo

туризм

САЙЁҲ ҶАЛЛОБИ НОМИ НАКУ

Сайёҳӣ дар ҷаҳон яке аз соҳаҳои даромадноктарини буҷети кишварҳо ба ҳисоб рафта, барои баланд гардидани сатҳи зиндагии сокинони онҳо мусоидат менамояд. Рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон, ки ҳар гӯшаи он табиати нодиру нотакрори хоса дорад, мувофиқи мақсад ва талаботи ҷаҳони муосир аст.  Яке аз гӯшаҳои зебои кишвари азизамон ноҳияи Балҷувон, бахусус минтақаи Сари Хосор мебошад, ки барои рушди ин соҳа имконоти фарох дорад. Манзараҳои дилфиреби ин гӯшаи диёр саропо асрорангез буда, олами набототу ҳайвоноташ бою рангин аст. Аз ин рӯ, ноҳияи Балҷувон маҳз ба хотири табиати нотакрору биҳиштосои Сари Хосор бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 2001 «Минтақаи туризми байналмилалӣ» эълон гардид.
Аммо, боиси таассуф аст, ки ҷалби сайёҳон ба ин минтақаи зебову дилрабои диёр ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Ҳарчанд табиати нотакрору мавзеъҳои касногузари ин диёр барои амалӣ намудани бисёр намудҳои сайёҳӣ, бахусус пиёдагардӣ - кӯҳнавардӣ, аспсаворӣ, маърифатӣ, фарҳангӣ, экологӣ, солимгардонӣ, шикор, аксбардории омӯзишӣ, лижаронӣ, геологӣ, зиёратӣ ва саргузаштӣ ҷавобгӯст, вале аксари сайёҳон  ба ин мавзеъҳо танҳо барои шикор меоянду халос, ки теъдодашон ҳам хеле кам аст. Аз ҷумла, соли 2017 ба ноҳияи Балҷувон 33 нафар сайёҳи хориҷӣ ва то моҳи августи соли ҷорӣ бист нафар сайёҳ бо мақсади шикор аз ин диёр дидан кардаанд.
Шояд, яке аз сабабҳо мушкилии роҳ бошад. Зеро ҳоло аз Балҷувон то Сари Хосор рафтан, роҳ аз сангоб мегузарад, ки  ноҳамвору  мушкилгузар  аст. Аммо, гумон мекунам, ки ин мушкили  асосӣ  буда  наметавонад.  Чунки  бо супориши Сарвари давлат сохтмони роҳи мошингарди Балҷувон – Сари Хосор оғоз гардида, бо ҷӯшу хурӯш идома дорад ва умед аст, ки дар муҳлати муайяншуда роҳи ҳамвору асфалтпӯш то Сари Хосор мерасаду ин мушкилӣ ҳал мегардад. 
Аз ин рӯ, ба гумони мо паҳлуи муҳими масъала сатҳи пазироӣ аз сайёҳон аст. Дар Балҷувону Сари Хосор вақте сайёҳи хориҷӣ ба хона меҳмон мешавад, соҳибхона бо чеҳраи кушоду табассуми самимӣ атои Парвардигорро пешвоз мегирад ва аз анвои хӯрданӣ чизе дошта бошад, беҳтаринашро назди ӯ мегузорад. Сокинони ин ҷо маслиҳати Саъдии бузургро, ки садсолаҳо пеш ҳаёт ба сар  бурдаву  даҳҳо  соли  зиндагии худро дар сайру саёҳат гузарондааст, дар боби қабули меҳмонон сармашқи кори худ кардаанд:
Ғарибошно бошу сайёҳдӯст,
Ки сайёҳ ҷаллоби номи накӯст.

Набояд фаромӯш кард, ки асри мо қарни пешрафти илму техника аст ва ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ худи соҳибмулкон ҳам мавзеъҳои сайёҳии худро таблиғ карда метавонанд. Сайёҳони ба мулки мо омада низ ба воситаи шабакаҳои интернетӣ маърифату маданият ва табиати моро муаррифӣ менамоянд, ки метавонад таблиғ бошад ё танқид.  Аз ин рӯ, баланд бардоштани донишу маърифати мардум дар боби қабули сайёҳон кори муҳиму аввалиндараҷа аст. Қатъи назар аз он ки сайёҳ ба кадом намуди саёҳат омадааст, ӯ, пеш аз ҳама, ба ду чиз – фарҳангу маданияти мардум ва вазъи ҳифзу нигоҳдории табиат  аҳамият  медиҳад.  Ба  маврид  аст, ки ин ҷо суханони ҳидоятгари  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ёдовар шавем, ки гуфтаанд: «Шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имконияти беҳтарин муҳайё кардааст. Танҳо зарур аст, ки инфрасохтори муосир бунёд гардида, сифати хизматрасонӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монда шавад». Эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Пешвои миллат низ маънои онро дорад, ки мо – шаҳрвандон, бо масъулияти баланди ватандӯстӣ табиати нотакрори диёр, урфу одат ва ҳунару анъанаҳои миллиамонро дар баробари ҳифз, ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.
Тавре иттилоъ пайдо кардам, дар баъзе аз кишварҳои хориҷӣ барои ҷалби сайёҳон ривояту қиссаҳои бофта ва мазору чашмаҳои сохта доранд. Ва, аҷиб он аст, ки сайёҳон бо розигию мамнуният он мавзеъҳоро мебинанд, қиссаҳоро мешунаванд ва аз оби чашмаҳои сохта менӯшанду бо худ мебаранд. Вале дар кӯҳистони Балҷувону Сари Хосор ва, умуман, Тоҷикистон ҳама неъмату муъҷизаҳо табиист. Чашмаҳои шифобахши кӯҳистони мо бо хусусиятҳои давогиашон худ аз дили сангҳо ҷӯш зада мебароянд. Ё ҷангалзорони аксари дарахтонашон мевадиҳанда метавонанд воситаи ҷалб кардани сайёҳони зиёди хориҷӣ бошанд. Ҳифзи чунин неъматҳо ва дар сатҳи зарурӣ муаррифӣ карда тавонистани онҳо барои ҳамаи мо масъалаи аввалиндараҷа аст.
Масъалаи дигар донистани забон ва тарзи муошират бо сайёҳон мебошад. Ҳарчанд мардуми кӯҳистони мо хислатҳои хуби меҳмоннавозию саховатмандӣ доранд, вале, мутаассифона, шумораи донандагони забони англисӣ ангуштшумор аст. Агар сокинон забондон мебуданд, ба манфиати зиндагиашон мешуд. Барои мисол, хизматрасониҳои сокини деҳаи Тойдараи Сари Хосор Файзулло Маҳмудов намуна шуда метавонад. Зарурати донистани забони англисиро пай бурда, усто Файзулло ба яке аз фарзандонаш – Абдураҳмони донишҷӯ супориш дод, ки забони англисиро ёд гирад. Ин ҷавони закию доништалаб ба зудӣ забони англисиро аз худ намуда, чор сол боз бо сайёҳони хориҷӣ озодона муошират мекунад.
Соли 2009 чаҳор сайёҳи испаниву олмонӣ меҳмони усто Файзулло шуданд. Муддати панҷ рӯз онҳо дар Сари Хосор бо роҳбаладии Файзулло кӯҳу дараҳоро саёҳат ва ҳайвонҳои ваҳширо шикор намуданд. Вақти гусел ба ҷойи он ки хизмат-расонии панҷрӯзаи аҳли оила ва ҳайвоноти боркашашро аз сайёҳон талаб кунад, усто Файзулло аз табақчаҳои хурди сарпӯшдори гулкоришудаву зебои тарошидаи худ ба онҳо савғо дод. Сайёҳон, ки аз илтифоту меҳмоннавозиҳои оила дар ҳайрат буданд, ҳаққи хизматрасониро барзиёд пардохт намуда, бо таассуроти аҷибе ба кишварҳои худ баргаштанд. Соли дигар ду нафарашон  ҳамроҳи худ боз 5 каси дигарро ба  тамошои Сари Хосор, маҳз ба хонаи усто Файзулло оварданд. Аз ҳамон сол инҷониб ҳамон сайёҳон ҳамасола ба тамошои Сари Хосор меоянд.
Тавре усто Файзулло мегӯяд, ба сайёҳон ҳаёти деҳот, урфу одатҳои мардум, либос ва таомҳои миллӣ (қурутоб, шакароб, оши палав, кулча, чапотӣ, ширинии тут) хеле писанд аст. Ва ҳангоми рафтан ҳатман бо худ ширинии тут ва табақчаҳои тарошидаи усто Файзуллоро савғо мебаранд.
Вале дар кӯҳистони Сари Хосор шояд ин ягона оилае бошад, ки бо сайёҳони хориҷӣ озодона муносибату муошират менамояд. Аммо имкониятҳои қабули сайёҳон дар ин гӯшаи диёр хеле зиёд аст, бо мусоидати масъулон истифодаи мақсаднок аз онҳо ба манфиати ҷонибҳо хоҳад буд.
Муҳаммади ШОҲ, ноҳияи Балҷувон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.09.2018    №: 177-178    Мутолиа карданд: 962
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед