logo

ҳуқуқ

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ НИЗОМИ ҲУҚУҚӢ

Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ дар сарнавишти халқи тоҷик воқеаи беназири таърихӣ буда, аз аҳамияти фавқулода муҳим бархӯрдор аст.

Ҳарчанд дар оғози истиқлолият бо дасисаи душманони дохилу хориҷ Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ печид, вале баъд аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, ки ҳосили талошҳои давомдору самаровари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, марҳилаи иттиҳоду ҳамбастагӣ ва худсозии миллӣ дар мамлакат фаро расид.
Ҳақиқати бебаҳс аст, ки маҳз дар замони Истиқлолияти давлатӣ низоми ҳуқуқӣ, аз ҷумла фаъолияти мақомоти судии кишвар, таҳким ёфт. Ҳанӯз 26 сентябри соли 1999 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардида, барои бунёди давлати демократии ҳуқуқбунёд қадами устувор гузошта шуд. Дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрӯз даҳҳо қонунҳои мукаммали ҷавобгӯ ба меъёрҳои демократия таҳия ва қабул шуданд, ки татбиқи амалии онҳо мамлакати моро ба яке аз давлатҳои комилан демокративу ҳуқуқбунёд табдил дод.
Дар ҳамин ҳол, таҳкими фаъолияти мақомоти судӣ ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, корҳои зиёде дар ин самт анҷом ёфтаанд. Аз ҷумлаи тадбирҳои судманд дар ин самт қабул ва татбиқи Барномаи ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ дар чанд давра буд, ки ба шаклгирии низоми боадолатона, таҳкими сохтори судӣ нақши муассир гузошт. Мо аз таҷрибаи кор дар мақомоти судӣ дарёфтем, ки татбиқи ин барнома ба раванди баррасии ҳаматарафаю ҳирфаии парвандаҳо, гузарондани мурофиаҳои судӣ ва муҳимтар аз ҳама дар такмили касбии судяҳо нақши муассир гузошт.
Ҳоло мо - кормандони мақомоти судии кишвар дар шароите кору фаъолият мекунем, ки барои довари ҳақиқӣ будан ҳеҷ монеае вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, дар заминаи чунин шароитҳои мусоид талош мекунем, ки вобаста ба таъмини адолати судӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, бахусус ҷиноятҳои хусусияти террористиву экстремистидошта, ки таҳдиди асосӣ ба оромии ҷомеа аст, тадбирҳои ҳадафрасро анҷом диҳем. Дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ, сулҳи пойдору ваҳдати миллиро ҳифз намуда, барои таъмини волоияти қонун дар ҷомеа содиқона кӯшиш намоем.
Манучеҳр ТИЛЛОЗОД,
судяи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.09.2018    №: 177-178    Мутолиа карданд: 984
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед