номаҳо
На хона дорам, на замин
Саҳми муаллими хуби маълумотдор ва таҷрибаи зиёди омӯзгорӣ дошта дар тарбияи мутахассисони оянда зиёд мебошад. Аз ин рӯ Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ин соҳа таваҷҷӯҳи махсус намуда, чандин маротиба маоши омӯзгоронро зиёд кард. Инчунин барояшон имтиёзҳо фароҳам овард. Аммо, мутаассифона, дар маҳалҳо ба қадри омӯзгор, он гуна ки лозим аст, намерасанд. Ин, албатта, боис мегардад, ки онҳо аз касбашон даст бикашанд. Соҳиби маълумоти олиям. Таҷрибаи 27-солаи омӯзгорӣ дорам. Аммо то ҳол хонаи истиқоматӣ надорам. Чандин бор ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо ариза муроҷиат кардам. Ҷойи афсӯс аст, ки то имрӯз ба ман на хона доданд, на замин барои сохтани он.
Намедонам, бо чунин ҳол ва ноумедӣ боз ба кӣ, ба куҷо муроҷиат намоям. Зарур шумурдам, ки ба гӯшаи «Розу ниёз»-и рӯзномаи «Ҷумҳурият» нависам.
Мусаллама ҚАРШИЕВА,
муаллимаи мактаби рақами 1-и шаҳри
Турсунзода
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3233