logo

ҳуқуқ

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА РИСОЛАТИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН

Имсол аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27  сол сипарӣ шуд.  Тайи ин солҳо асосҳои конститутсионӣ ва қонунии  Тоҷикистон пойдор гардида, самтҳои сиёсати иқтисодию иҷтимоӣ, роҳу равиши робитаҳои хориҷӣ вусъат ёфт, ҳуввияти миллӣ, эҳсоси худшиносӣ ва ифтихори ватандорӣ боло рафт, озодии виҷдон ва фаъолияти созмону ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар доираи қонун ба низом даромад. Дар тафаккури ҷомеа дигаргунии куллӣ падид омад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни як суханронӣ бахшида ба Ҷашни Истиқлоляти давлатӣ изҳор намуданд: «Таърих гувоҳ аст, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо ойини давлату давлатдории тоҷикон сахтиҳои хорошикани таназзулу эҳё шуданро борҳо аз сар гузаронда, аз дунболи ҳар шикасту инқироз, боз эҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гаштааст. Ин рисолати таърихиро, ки дар раванди давлатдории ҷаҳон назир надорад, метавон рисолати давлатдории тоҷикон номид».
Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ба шумор рафта, маҳз ҳамин неъмати бебаҳо ба бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд асос гузошт.  Имрӯз шукри он мекунем, ки сулҳу амният дар мамлакат пойдор аст, ваҳдати миллӣ ва фазои боварию эътимоди кулли шаҳрвандони Тоҷикистон торафт таҳким ёфта, ҳисси худшиносӣ, ватандӯстӣ ва ифтихори миллии мардум боло меравад.
Давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ аз нахустин рӯзҳои барқарор гардидани ҳокимияти конститутсионӣ дар баробари ҷаҳду талоши зиёд баҳри ба эътидол овардани вазъи сиёсиву иҷтимоии мамлакат ба масълаи баргардондани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан, бо манзил ва ҷойи кор таъмин намудани онҳо ва ҳифзи иҷтимоии бозгаштагон аҳамияти аввалиндараҷа медод.
Дар натиҷа, бо кӯмаку дастгирии созмонҳои байналмилалӣ тамоми гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ аз Афғонистону Покистон ва кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Ватан баргардонда шуданд.
Таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва аксари кишварҳои ҷаҳон ҳамчун таҷрибаи нодир пазируфта шуд. Ин таҷриба нишон дод, ки агар тарафҳои даргир барои ҳалли масоили низоъҳои дохилӣ манфиатҳои олии Ватану миллатро ба мадди аввал гузоранд, монеаҳо дар роҳи ҳамдигарфаҳмӣ ба зудӣ аз байн мераванд.
Ниҳоли сулҳе, ки бо дастгирии халқ ва талошҳои пайгиронаи фарзандони бошарафу фидоии миллат шинонда шуд, сабзид, реша давонд ва чун дарахти тавонои ваҳдату дӯстӣ ба камол расид. Ба шарофати сулҳу ваҳдат ва осоиши кишвар мо ба марҳилаи нави зиндагӣ - марҳилаи созандагию бунёдкорӣ қадам гузоштем.
Халқи тоҷик, ки табиатан миллати созандаву бунёдкор, оромтабиату нексиришт, шикастанафсу меҳнатдӯст аст ва дар сиришти аҷдодии ӯ забткорию ҷангҷӯӣ аслан набуда, аз шарофати истиқлолият ба ниҳодани пойдевори давлатдории миллӣ ва бунёди иморати муҳташами ҷомеаи навин камар баст.
Хиради азалӣ ва ҳувияти миллӣ ба мо эътимод мебахшад, ки бо роҳи пешгирифтаи худ, яъне барпо кардани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистони соҳибистиқлол, пеш рафта, орзуву омоли чандинасраи хешро амалӣ гардонем.
Абдулҳафиз АШӮРЗОДА,
муовини аввали раиси
Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.09.2018    №: 182-183    Мутолиа карданд: 919
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед