номаҳо
150-солагии Шоҳини Хатлонӣ фаромӯш шуд...
Имсол шоири шаҳири тоҷик Шамсиддини Шоҳин 150-сола шуд. Ба дониш ва ҳунари эҷодии ӯ ҳамзамонони маъруфаш, аз ҷумла Аҳмади Дониш баҳои бузург дода буданд. Яъне, мақому мартабаи шоир дар таърих ва адабиёти миллии мо баланд аст. Дар умри кӯтоҳ, дақиқтар агар гӯем, дар 32 соли ҳаёташ аз худ осори гаронбаҳо гузошт. Бешак, Шоҳин бо эҷодаш бояд мояи ифтихори ҳар тоҷик бошад. Аммо имсол гӯиё 150-солагии ӯ фаромӯш шуд. Агар чунин нест, чаро ба ин хотир ҷамъомаде дар доираҳои расмии илмиву адабӣ доир нагардид? Ва чаро намоишу барномаеро бахшида ба ин ҷашн дар телевизионҳову радиоҳои ҷумҳурӣ тайёр накарданд? Дар матбуоти даврӣ низ навиштаи касе дар ин маврид ба табъ нарасид. Ё то фарорасии соли 2010 ҳанӯз вақт аст?!
Сироҷиддин УМАРОВ,
шаҳри Кӯлоб
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3159