logo

ҳуқуқ

АЛИМЕНТ. САРКАШӢ АЗ ПАРДОХТ ҶИНОЯТ АСТ

Суди ноҳияи Рашт Амонҷон Ҳусейнов, сокини ҳамин ноҳияро бинобар сари вақт пардохт накардани алименти фарзандонаш дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 177 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор донист.

Ба иттилои Абдулҳаким Холиқзода, судяи суди ноҳия, айбдоршаванда Амонҷон Ҳусейнов соҳиби се фарзанд буда, қабл аз ин бо сабаби насупурдани алимент бо ҳукми суд ба муҳлати 6 моҳ ҳабс шудааст. Айбдоршаванда бори дуюм бо ҷабрдида Шарифамо Гулмирзоева 28 сентябри соли 2012 хонадор шуда, ҳамчун зану шавҳари қонунӣ бо пеш бурдани хоҷагии умумӣ зиндагӣ намуда, соҳиби ду фарзанд гардидаанд. Сипас, муносибати оилавиашон вайрон шуда, моҳи августи соли 2016 аз ҳам ҷудо мешаванд.
Дар асоси ҳалномаи суд аз 21 ноябри соли 2016 бояд аз ҳисоби судшаванда Амонҷон Ҳусейнов ба фоидаи ҷабрдида Шарифамо Гулмирзоева барои нигоҳубини ду фарзандаш ҳар моҳ ба тариқи устувор ба андозаи 120 сомонӣ барои ҳар як фарзанд, ҷамъ ба маблағи 240 сомонӣ то ба балоғат расидани кӯдакон алимент рӯёнда шавад.       
Тибқи ҳалномаи мазкур судшаванда уҳдадор аст, ки ҳар моҳ алименти муайяннамудаи судро супурад. Аммо, ӯ аз иҷрои ҳалномаи суд саркашӣ намуда, бидуни сабабҳои узрнок бештар аз 16 моҳ алименти пешбинишударо пардохт накардааст, ки ин маблағ 3840 сомониро ташкил медиҳад.
Суд масъалаи ситондани зарари расондаро муҳокима карда, муайян кард, ки аз ҳисоби судшаванда Амонҷон Ҳусейнов ба фоидаи ҷабрдида Шарифамо Гулмирзоева ба андозаи 3840 сомонӣ зарари расондашуда, ки то ҳол 2710 сомонӣ барқарор нашудааст, ситонда шавад. Ҳамчунин, бо ҳукми суд Амонҷон Ҳусейнов бо дастраси моддаи 177 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба  муҳлати 1 сол бо нигоҳ доштан дар калонияҳои ислоҳи дорои низомаш сахт таъйин карда шуд.
Худодод ЗАЙНИДДИН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.09.2018    №: 184    Мутолиа карданд: 1036
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед