номаҳо
Аз баҳри чанор бароем
Аз тармиму таҷдиди роҳҳо дар шаҳри Душанбе хурсанд мешавам. Аммо нигаронӣ аз зуд хароб шудани онҳо дорам. Чаро? Чунки дар канори ин роҳҳо дарахтони чанор қад кашидаанд. Чанор дар шумори дарахти патакреша аст. Яъне решаҳои он зиёд асту ба атроф паҳн мегардад. Ва ҳам тавоноии решаҳои чанор нисбати решаҳои дигар дарахтон чандин маротиба беш мебошад. Аз ин рӯст, ки роҳҳоро зуд аз кор мебарорад. Хуб мебуд, ки бо тармиму таҷдиду роҳҳо дарахтони чанорро мебуриданд, то зарари он намерасид. Ғайр аз ин чанор дарахтест, ки гази карбон хориҷ мекунад, дар сурате, ки аксар дарахтон оксиген мебароранд, яъне ҳаворо тоза менамоянд.
Ва ҳам маълум аст, ки монеи дидани ҳусни биноҳову шаҳр мегарданд. Чаро аз баҳри чанор набароему ба ҷойи он дигар дарахтони ороиширо нашинонем?
З. МУРОДОВА,
шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3131