logo

ҳуқуқ

ИСТИҚЛОЛИЯТ. АЗ СОЗАНДАГӢ ТО ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Тантанаҳои 27 - умин солгарди Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бори дигар арзиши бебаҳои ин неъмати олиро нишон доданд. Мардуми сарбаланду шарафманди тоҷик дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи кишвар, аз як ҷашн то ҷашни дигари истиқлолият барои ноил шудан ба дастовардҳои намоёни иқтисодиву иҷтимоӣ азму талош менамоянд.
Воқеан, Истиқлолияти давлатӣ дар сарнавишти халқи тоҷик воқеаи беназири таърихӣ буда, барои муаррифии симои миллат ба ҷаҳони мутамаддин нақши арзишманд дорад. Маҳз ҳамин неъмати бебаҳо тақдири миллати куҳанбунёди тоҷикро ба дасти хеш супурда, сароғози нусрату саодати халқ, соҳибихтиёрӣ ва озодагиву озодандешӣ дар ҷомеаи тоҷик гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Истиқлолияти давлатӣ ҳам дар сиёсати дохилӣ ва ҳам дар сиёсати хориҷӣ ба дастовардҳое ноил гардид, ки дар таърихи давлатдории тоҷикон камназир аст. Вазъи муътадили сиёсӣ дар мамлакат имкон дод, ки садҳо барномаҳои дорои аҳамияти муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳуқуқию маърифатӣ муваффақона амалӣ гарданд. Имрӯз Тоҷикистон аз файзи Истиқлолияти давлатӣ ва баракати сулҳу Ваҳдати миллӣ ба ҳайси як кишвари ободу ташаббускор дар ҷаҳон шинохта шудааст. Боиси шукргузорӣ ва ифтихор аст, ки Пешвои миллати тоҷикон бо иқдомоти башардӯстонаи байналмилалӣ дар олам ба ҳайси чеҳраи баргузидаи сиёсӣ аз мақоми арҷманде бархӯрдоранд.
Истиқболи  гарми ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикорот ва ҷонибдорӣ  аз  ташаббусҳои байналмилалии     Асосгузори    сулҳу   ваҳдати   миллӣ  – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соири кишварҳои ҷаҳон баёнгари он аст, ки иқдомоти Сарвари давлати тоҷикон барои рифоҳи зиндагии аҳли башар дорои аҳамияти муҳим аст.
Мо 27 – умин солгарди Истиқлолияти давлатиро дар шароите таҷлил намудем, ки Тоҷикистон ҳамчун мизбони муҳимтарин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ва яке аз ташаббускорони ҳалли муаммоҳои глобалӣ мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон қарор дошт. Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи ҷаҳонӣ ва Рӯзи ҷаҳонии об - 22 март татбиқи ташаббуси навбатии Пешвои миллат - Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» расман оғоз ёфта, ба ин муносибат 20 июн дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир гардид. Барои иштирок дар ин ҳамоиш сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Покистон, Туркманистон, Афғонистон ва беш аз 1500 коршиноси соҳа аз 100 кишвари ҷаҳон ва даҳҳо созмони байналмилаливу минтақавӣ ба кишвари мо ташриф оварданд, ки нишони эҳтироми баланд ба ҷойгоҳи шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Ҳамчунин, баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризму ифротгароии хушунатомез», ки 4 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, бори дигар аз мавқеи оштинопазири Ҷумҳурии Тоҷикистон алайҳи ин вабои аср дарак дод. Сарвари давлат зимни иштирок ва суханронӣ дар ин конфронс изҳор доштанд, ки “Ҷумҳурии Тоҷикистон аввали солҳои 90 – уми асри XX - ҳанӯз дар оғози бунёди давлати соҳибихтиёри худ ҳадафи амалҳои тахрибкоронаи террористону ифротгароён бо дастгирии хоҷагони хориҷии онҳо қарор гирифт. Дар он айём ниҳодҳои терроризми байналмилалӣ ва ифротгароён кишвари моро ба саҳнаи озмоиши қудрати маргбори худ ва ҳадафи ғаразҳои зиддиинсонӣ табдил дода буданд. Он замон Тоҷикистон ба ҳамаи он ҳодисаҳои фоҷиаборе, ки имрӯзҳо дар Ироқу Сурия, Яману Афғонистон мушоҳида мешаванд, рӯ ба рӯ шуда буд. Ҳадафу нақшаҳои пасипардагиву ғаразноки саркардаҳои аслии он амалҳои харобиовар ва хоҷагону сарпарастони онҳо, ки аз ғояҳои ифротгароӣ ва террористӣ сарчашма мегирифтанд, бо роҳи зӯрӣ ва қатлу куштор ба сари мардум таҳмил кардани фарҳанги бегонаву тафаккури асримиёнагӣ ва дар Тоҷикистон таъсис додани давлати исломӣ буд”.
Мутаассифона, имрӯз ҳам гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва тахрибкор, дар мисоли ТТЭ ҲНИ, ки муҷрими асосии ҳодисаҳои хунуни солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ буд, талош доранд, ки бо дастгирии сарпарастони худ вазъро дар Тоҷикистон ноором созанд. Вале таҷриба, сабақ ва андӯхтаҳои мардуми тоҷик аз ҳаводиси солҳои аввали истиқлолият дар амри пешгирӣ аз ҳар гуна амалҳои моҷароҷӯёнаву зиддимиллӣ корсоз хоҳад буд ва намегузорад, ки ҳеҷ як гурӯҳи манфиатҷӯ ва душманони миллати тоҷик ба аҳдофи ғаразноки худ даст ёбанд.
Далер ҶӮРАЗОДА,
сардори шуъбаи пешгирии коррупсияи
Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.09.2018    №: 184    Мутолиа карданд: 1000
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед