номаҳо
Агар гӯштингирӣ эҳё шавад...
Бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баъзе аз расму ойинҳое, ки бидъат ва ҳам воситаи шӯҳратнамоиҳо буданд, аз миён рафтанд. Албатта, ин ба нафъи ҳар кадоми мо ва ҷомеа ҳаст. Аммо дар ин миён баргузории гӯштин дар тӯйҳо низ манъ гардид. Дуруст аст, ки бо ин амал набояд мусобиқа карду шӯҳратнамоӣ. Вале ин ба як чорчӯбаи қонун ва ё қоида дароварда шавад, ба манфиати миллат мебошад. Охир ҳар кадоми мо медонем, ки паҳлавонҳо, гӯштингирони номии кишварамон дар деҳот, дар чунин маъракаҳо- мактабҳо тарбият ёфтаанд. Ва ин мактабро набояд нодида бигирем. Хоса дар ин шабу рӯз, ки вазъи варзиш дар деҳот хуб нест, баргузории маъракаҳои гӯштин аз ҷониби соҳибони тӯй, фикр мекунам, ба нафъи соҳа аст. Пешниҳоди ман ин аст, ки ба тӯйдорон дар деҳот иҷозат дода шавад, ки маъракаи гӯштин барпо кунанд. Аммо он ба қайд гирифта ва иҷозатнома дода шавад. Масъули маърака бояд кафолати амният ва саломатии мардумро бар дӯш гирад.
Н. АЙНИДДИН,
ноҳияи Восеъ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3174