logo

маориф

ЛАХШ. МАОРИФ РӮ БА РУШД АСТ

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар рушди соҳаи маорифи ноҳияи Лахш ҷиҳати бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва таҷдиду барқароркунии таълимгоҳҳои мавҷуда дигаргуниҳои зиёде ба амал омаданд. Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷорӣ намудан ва васеъ гардондани доираи истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла шабакаи интернет, дар низоми таҳсилот, таъмини самаранокии фаъолияти омӯзгорон ва такмили малакаи педагогии онҳо чораҳои зарурӣ роҳандозӣ шуд.

Дар ноҳия 61 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 42 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 6 муассисаи таҳсилоти асосӣ, 13 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 6 муассисаи томактабӣ, 1 интернати наздимактабӣ, маркази технологияи иттилоотӣ, маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, инчунин, муассисаи таҳсилоти иловагӣ амал мекунад.
Соли ҷорӣ бо мақсади такмил додани савияи дониш  329 омӯзгори фанҳои физика, химия, биология, география ва технологияи информатсионӣ аз курси таълими салоҳиятнокӣ гузашта, соҳиби сертификат шуданд. Тибқи нақшаи кории Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф 35 омӯзгор   аз курси такмили ихтисос гузаштанд. Барои тайёр ва омода намудани омӯзгорони  фанни забони русӣ ду нафар омӯзгор  Бахтиёр Айтматов аз МТМУ № 50 ва Толғонай Абсамадова аз МТМУ № 27 аз ҳисоби Федератсияи Русия курси омӯзишӣ гузаштаанд.
Дар олимпиадаи минтақавӣ хонандагони синфҳои 9 - 10 - и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Лахш соҳиби 5 медали тилло, 9 нуқра, 9 медали биринҷӣ гардида, сазовори ҷойи дуюм шуданд.
Дар 21 муассиса таҳсилоти умумии ноҳия, ки бо забони қирғизӣ таҳсил доранд, тибқи нақшаи таълимӣ омӯзиши фанни забони давлатӣ ба роҳ монда шуда, бо китобҳои тоҷикӣ таъмин гардиданд. Бо мақсади ба роҳ мондани омӯзиши иловагии забони давлатӣ дар муассисаҳои таълимашон бо забони қирғизӣ дарсҳои иловагӣ ташкил ва гузаронда мешаванд.
Соли ҷорӣ 41 омӯзгор ба кор ҷалб гардид, ки ҳоло ҳам норасоии кадрӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия дида мешавад.
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо ҷалби сокинони маҳал, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша сохтмони бинои нави таълимӣ иборат аз 9 синфхона дар  назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 13 деҳаи Оқсой  оғоз гардидааст. Инчунин, аз тарафи Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ва саҳми аҳолӣ дар деҳаи Қарошӯраи Ҷамоати деҳоти Муксу сохтмони бинои  таълимӣ  иборат аз 7 синфхона  дар назди муассисаи  таҳсилоти  миёнаи умумии № 31 дар арафаи анҷомёбист. Дар соли ҷорӣ сохтмони 2 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти ибтидоии умумии № 23 деҳаи Янгишаҳр, инчунин, дар назди бинои таълимии муассисаи таҳсилоти асосии № 20 деҳаи Калтабулоқ сохтмони 2 синфхонаи иловагӣ  ва таъмири 3 ҳуҷраи кории солҳои пешин сохташуда идома доранд. Дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 14 деҳаи Сайрон бинои таълимӣ иборат аз 4 синфхона таъмиру таҷдид гардид.
Аз тарафи соҳибкор Орифҷон Ҷабборов дар деҳаи Майдонтерки ноҳия таъмири  бинои таълимии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 19  иборат аз 10 синфхона ва 2 ҳуҷраи корӣ ба анҷом расонда шуд. Ин  шахси  саховатпеша  ба муассисаи  мазкур 120  миз ва 240 курсӣ, 10 тахтаи синфӣ,  инчунин барои ҳуҷраи муаллимон ва дафтари кории директори мактаб 12 миз, 38 курсии нарм ва 2 адад ҷевон таъмин намуда, ҳамчунин, аз масофаи 1 километр ба назди муассиса хати оби нушокӣ овард, ки дар маҷмӯъ 260 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ин ҷавонмард боз нақша дорад, ки ҳар як синфхонаро бо  ҷевонҳои китобмонӣ ва тамоми воситаҳои аёнии таълимӣ таъмин намуда, барои хонандагони синфҳои 1 - 5 китобҳои дарсиро низ харидорӣ намояд.
Баҳри таъмини гармии муассисаҳои таълимӣ дар фасли зимистон имсол дар асоси нақша дар маҷмӯъ 557060  ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст, ки тибқи талабот 560  тонна ангишт ва 335 метри мукааб ҳезуми хушк харидорӣ ва захира  карда мешавад.
Дилшод АМИРОВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.09.2018    №: 185    Мутолиа карданд: 1049
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед