номаҳо
Реклама дар намоишҳои динӣ?!
Чаро дар намоишҳои динии Телевизиони Тоҷикистон, яъне шабакаи аввал, реклама роҳ ёфтааст?! Ба ин савол ман ҳеҷ ҷавоб пайдо карда натавонистам. Албатта, намехоҳам бигӯям, ки ин амал аз беэҳтиромӣ ба дини мубини Ислом аст ё беэътиноии кормандони шабака. Охир дар телевизиони ҳеҷ кишвари дунё чунин кирдоре ба вуқӯъ намеояд. Яъне ба дин эҳтироми хоса мегузоранд.
Наход барои реклама вақту ҷойи муносиби дигар набошад?! Агар намоишҳои динӣ дар ин шабака бисёр ё дар ҳафтае се маротиба мебуд, ҳаргиз лаб ба шикоят намекушодам ва ин номаро наменавиштам. Шояд масъулони шабака бигӯянд, ки ҳеҷ гоҳ чунин коре аз коргаронашон содир нашуда. Ба ин хотир мегӯям, ки фақат як озмуни наътхононро ба хотир биёранд, кофист, агарчи боз далелҳо оварда метавонам. Дар намоишҳои динӣ, набояд реклама роҳ ёбад.
Ф. ШАРИФЗОДА,
ноҳияи Рашт
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3058