номаҳо
Зоирон дучори мушкил шуданд...
Дар рӯзу соати ваъдашуда модарамро ба муфтиёт овардам. Пас аз чанд соате бояд ӯ ва дигар зоиронро ба фурудгоҳ мебурданд. Яъне модарам ба зиёрати Хонаи Худо мерафт. Аммо дар рӯзу соати ваъдашуда натавонистанд парвоз кунанд. Ду рӯз мо низ овора шудему модари пирамон низ. Ҳаво ҳам сард буд. Гуфтанд, ки кадом як шартномаеро бо фурудгоҳи Арабистони Саудӣ набаста будаанд. Аз ин рӯ барои парвози зоирон дар вақти муайяншуда имкон фароҳам наоварданд.
Албатта, ранҷҳои кашидаамон пушти сар шуданд. Ва мақсади таълифи ин нома гила нест, балки рафъи камбудиҳо дар мавриди сафари ҳаҷ мебошад. Гап дар сари он аст, ки ҳамасола як мушкилот дар ин масъала ба вуҷуд меояд. Ва ин боиси норизоии шаҳрвандони кишвари мо мегардад. Сафари ҳаҷ дар соле як маротиба аст. Оё имкон надорад, мушкилотро дар давоми сол ҳал намоянд?
А. ҲОТАМОВ,
ш. Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3235