фармонҳои президент
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Эстония ва Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Латвия таъйин намудани Ҳақдод М. М.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Ҳакдод Маҳмадшариф Маҳмуд ҳамзамон Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Эстония ва Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Латвия таъйин карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 18 сентябри соли 2018, № 1100
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.09.2018 №: 185 Мутолиа карданд: 1120