мулоқотҳо
Гуфтугӯ дар атрофи мушкилоти сунъӣ буд
19 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи пешгирикунанда Мирослав Енчаро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба мушкилоти сунъӣ, ки дар роҳи рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ эҷод мегарданд, баррасӣ шуданд.
Таваҷҷӯҳи асосӣ ба оқибатҳои аз шабакаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ баромадани Ӯзбекистон ва мушкилиҳои таъминоти барқ дар Тоҷикистон зоҳир гашт.
Мушкилоти вобаста ба истифодаи захираҳои обию энергетикӣ, интиқоли молу маҳсулот, хатари минаҳо ва масъалаҳои дигари ҳалталаб баррасӣ шуданд.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин оид ба ҳамкорӣ баҳри мусоидат ба барқарорсозии оромию субот дар Афғонистон сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1882