logo

маориф

БОНУИ ИЛМУ АДАБ

Инсонҳои наҷиб тавоноию бузургиро дар маънавиёт – неруи хираду қудрати тафаккур камолоти ақлониву пирӯзии маънавӣ дарёфтаанд. Адабиётшиноси номвар Матлуба Хоҷаева (Матлубаи Мирзоюнус) дар шумори ҳамин гуна афроди  соҳибсаодате қарор доранд, ки ихлосу садоқат ба суханварӣ  он касро соҳибмактаб намудааст.
Номбурда доктори илмҳои филология, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буда, бо пажӯҳиши доманадор ва пайкорҳои пурбори илмиашон дар Тоҷикистон ва берун аз кишвар соҳибэҳтиром гардидаанд.
Орзуву нияти дерини муаллима буд, ки дар заминаи факултаи филологияи тоҷик шуъбаи журналистика таъсис ёбад. Ва талошҳои пайваста самар оварда, бо саъйю эҳтимоми ин шахси пуртакопӯ ва навовар соли 1997 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд шуъбаи журналистика ва назарияи тарҷума кушода шуд. Барои таҳким бахшидани заминаҳои бунёдӣ, таъмини адабиёти дарсӣ, ҳамкорӣ бо нашрияҳои даврӣ, телевизион ва радиои маҳаллӣ заҳматҳои шабонарӯзии устод бесобиқа мебошад. Ҳамин буд, ки бо роҳбарии муаллима студияи радио ва нашрияи махсуси минбари ҷавонон – “Паёми донишҷӯ” таъсис ёфт. Имрӯз бо итминони комил метавон гуфт, ки кафедра дар рушди матбуоти тоҷик дар ҳавзаи вилояти Суғд мактаби бузурги журналистикаро мемонад.
Профессор Матлуба Хоҷаева муаллифи қариб 300 асари илмӣ, илмӣ - оммавӣ ва публитсистӣ мебошанд. Дар дохилу хориҷи кишвар даҳҳо шогирдонашон ба унвонҳои баланди илмӣ расида, дар пештрафти ҷомеа саҳм мегиранд. Хоҷаева дар кишварҳои Русия, Қазоқистон, Эрон, Қирғизистон, Фаронса маърӯзаҳои илмӣ хонда, дар болоравии сатҳи илму маорифи тоҷик ҳиссаи шоиста гузоштаанд.
Маҷмӯаҳои “Дар ҷустуҷӯи ҷони сухан” (1993), рисолаҳои “Масъалаҳои сабкшиносӣ” (1994), “Таҳқиқи услуби осори бадеӣ” (1994), “Пушкин и Восток” (1999), “Голубая родина Фирдуси” (бо ҳаммуаллифии Б. Ҳоҷибоева, 2011), “Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо” (2016) ҳамчун асарҳои арзишманд муаррифӣ шудаанд. Ҳамзамон, нақши занони суханвар дар таърихи адабиёт ба сифати силсила китоб таҳти унвони “Хубони порсигӯй” бо номҳои “Сиришке дар лола”, “Шукуфаи андӯҳ”, “Шамъи тироз”, “Ҳамзоди тӯфон” нашр шудаанд. “Девон”-и Моҳшарафхонум мутахаллис ба Мастураи Курдистонӣ бо кӯшиши М. Хоҷаева ба табъ расид.
Боиси тазаккур аст, ки аз соли 2011 бо ташаббуси профессор М. Хоҷаева ва гурӯҳи ҳамкорон дар ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Институти илмӣ - тадқиқотии илмҳои гуманитарӣ таъсис ёфта, роҳбарии он бар дӯши ин олими пухтакор вогузор шуда буд. Дар ин замина якчанд корҳои арзишманд амалӣ шуданд.
Сурайё ҲАКИМОВА, номзади илмҳои филология,
Ӯғулой ҚОСИДОВА, рӯзноманигор


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.09.2018    №: 187    Мутолиа карданд: 1032
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед