logo

фарҳанг

ЗУҲУРИ ОДАМУШШУАРО ВА БАРҚАРОРИИ РОБИТА БАЙНИ АРАБУ АҶАМ

Рӯдакӣ аввалин шоирест, ки бо офаридаҳои худ мақоми шоириро ба дараҷаи рисолати пайғамбарӣ гузошт ва унвони “Одамушшуаро”, яъне аввалин пайғамбари шоирони ҷаҳон ба ӯ насиб гардид. Зуҳури рисолати пайғамбаронаи шоирӣ дар шахсияти Рӯдакӣ, пеш аз ҳама, дар заминаи фарояндҳои сиёсӣ ва фарҳангиву адабии аҳди Сомониён, ки он рӯҳи истиқлол ва ҳувияти миллии мардуми Мовароуннаҳр ва Хуросонро вусъат бахшида буд, ба амал омад. Аз ин рӯ, рисолати пайғамбаронаи шоирии Рӯдакӣ бештар дар партави тамаддуни миллии бостонӣ ва ақоиди кешҳои ориёӣ сомон гирифт.
Чунонки ба таҳқиқ расидааст, дар сарзамини Варорӯд пайваста ба ҷараёни ташкил ёфтани давлати Сомониён боло гирифтани рӯҳи худшиносии миллӣ як наҳзати пурқуввати эҳёӣ ба вуҷуд омад, ки ҳадафи он зинда кардани анъанаҳои бостонии адабию фарҳангии мардуми эронинажод ва дар ин замина барқарор ва пойдор сохтани мавқеи ҷаҳонии тамаддуни ҷадиди форсӣ буд.
Заминаи назарӣ ва эътиқодии падидаи эҳё дар аҳди Сомониён, яъне кӯшиши ҳамагонии аз нав зинда гардондани маданияти бостонии ниёгон ва ба ин минвол амалӣ шудани орзуи Фирдавсии бузург тавассути “Шоҳнома”: “Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ!” - дар асоси ҷаҳонбинӣ ва ҳикмати кешҳои ориёӣ сурат гирифтааст. Ва нақши Рӯдакӣ дар ин маврид густардаву поянда аст.
Дигар ин ки подшоҳони сомонӣ бо сиёсати оқилона ва ҳакимона саъю кӯшиш менамуданд, ки силсилаи кандашудаи давлатдории ниёгонро бо роҳу равиши нав пайванд диҳанд, тамаддуни шуҳратманди бостонии хешро дар либоси нави маданияти исломӣ вусъат бахшанд ва ба ин восита мавқеи қавми форсинажодро дар миқёси тамаддуни ҷаҳонӣ бо як рӯҳияи пурифтихори миллӣ собит намоянд. Бояд таъкид намуд, ки дар он давру шароит мақоми таърихии тамаддуни форсии тоҷикиро танҳо дар зимни ошкор намудани мавқеи он дар қиёси тамаддуни дигар халқҳое, ки худро “қавми муқаддас” ва аз ҷумлаи “аҳли китоб” медонистанд, собит кардан мумкин буд.
Воқеан, шахсият ва фаъолияти эҷодии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ҳаёти адабию маданӣ ва маънавию фарҳангии Аҷами Аҳди Ҷадид чун зуҳури малакути осмонӣ бар қавми эронинажод буд ва дар шеър “мансаби таҳқиқи набавӣ” маҳз ба ӯ муяссар гардидааст, ки мегӯяд:
Маро зи мансаби таҳқиқи анбиёст насиб…
Рӯдакӣ дар бораи аҳвол ва ақволи анбиёи мутақаддим ва китобҳои муқаддаси динӣ на танҳо ба воситаи китоби Қуръони карим иттилоот пайдо кардааст, балки, инчунин, имкон доштааст, ки навиштаҳои муқаддаси динҳои гуногуни аҳди  Қадим ва Ҷадид, аз ҷумла “Авесто”, “Таврот”, “Инҷил” ва ғайраро ба воситаи тарҷумаҳо мустақиман мутолиа кунад ва аз онҳо таъсир бигирад.
Мабдаи илҳоми малакутии шоир Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ давлати тозабунёди Сомониён буд. Дар эҷодиёти Рӯдакӣ симои Сомониён чун эҳёкунандаи тамаддуни бостонии Эрону Тӯрон ва наҷотдиҳандаи қавми эронинажод аз зулми истилогарони аҷнабӣ бозгӯ шудааст. Бозтоби ин масъала тибқи дараҷаи тафаккури бадеии хоси ҳамон замон, бештар тавассути тасаввуроти асотирию ҳамосӣ, чунонки дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ мушоҳида мекунем, ифода ёфтааст. Аз ин ҷост, ки бо даъвати амирони сомонӣ рӯ ба пойтахт - Бухоро овардани Рӯдакӣ мувофиқи ҷаҳонбинии ҳамосии хоси ритсарӣ - ҷавонмардӣ сурат гирифтааст. Ӯ бо чандин андешаву мулоҳиза аз ҷиҳати моддию маишӣ бениёз ва тавонгар будани худро ёдрас намуда, танҳо бо амри дил ва андешаи нек ба хидмат омаданашро баён мекунад:
Раҳӣ савору ҷавону тавонгар аз раҳи дур
Ба хидмат омад некусиголу некандеш.
Тасаввуроти бадеии Рӯдакӣ дар бораи шукӯҳи салтанати Оли Сомон ва иқболи қавмҳои эронӣ чун мардуми “озоданажод” (таъбири Рӯдакӣ) дар қолаби зуҳури подшоҳони пайғамбар ва суҳафи анбиёи Худованд сурат гирифтааст. Мабдаи рӯҳонӣ ва эътиқодии Рӯдакӣ дар бораи барқарор ва пойдор сохтани мавқеи ҷаҳонӣ ва кайҳонии қавми эронинажод дар заминаи ангезаи гуфтаҳои Таврот ва оёти Қуръон дар бораи ба унвони қавми исроил ваҳй шудани “қавми муқаддас” ва зимни сабқатҷӯӣ бо афзалияти рӯҳонӣ ва ҷаҳонии бар қавми араб атошуда матраҳ гардидааст. Аз ин лиҳоз, устод Рӯдакӣ дар мадҳияҳои худ ақидаеро муҷассам сохта, мусаллам донистааст, ки Яздони пок чуноне ки дар Араб ҳодис шуд, дар Аҷам низ, хосса мардуми эронинажодро дар тамоми олам афзалият додааст  ва ба онҳо низ китоби Муқаддас - Авесто ва Зандро ба ҳайси “ваҳйнома” (таъбири Рӯдакӣ) нозил намудааст ва ба ин хотир эшонро ҳам мисли қавми исроил ба номзадии “аҳли китоб” шарафманд гардонда, дар Аҷам чун қавми “озоданажод” ва “покнажод” ҳидоят кардааст. Ба ин маънӣ, Устод Рӯдакӣ байни олами маънавию фарҳангии бостонии хеш ва тамаддуни исломӣ (яъне миёни Арабу Аҷам) робитаи ирсии рӯҳонӣ барқарор карда, ҷанбаи қудсию рӯҳонияти тасвироти бадеии худро таъмин намудааст.
Субҳон АМИРЗОДА, доктори илмҳои филология, профессор,
сарходими илмии Институти илмӣ - тадқиқотии
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

 

 

 

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.09.2018    №: 187    Мутолиа карданд: 929
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед