logo

мулоқотҳо

Дар Тоҷикистон истихроҷи тилло вусъат мегирад

18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷустуҷӯ ва истихроҷи тилло дар конҳои сершумори мамлакат  машварати корӣ доир намуд.
Дар машварат мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ Матлубхон Давлатов, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов, сардори Саридораи геология Азим Иброҳим ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.
Сардори Саридораи геология Азим Иброҳим оид ба рафти корҳо дар ин самт иттилоъ дода, таваҷҷӯҳи асосиро ба кони тиллои Шахбаси майдони маъдандори Мосриф ҷалб намуд. Чунонки маълум шуд, ин кон дар масофаи 12 км дуртар аз кони мавҷудаи Тарор дар ҳудуди шаҳри Панҷакент қарор дошта, захираи тилло дар 4 қитъаи он мутобиқи корҳои иктишофӣ- геологӣ зиёда аз 75 тоннаро ташкил медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки корҳои ҷустуҷӯӣ – иктишофӣ дар ин кон ҳанӯз соли 1985 оғоз ёфта, аз соли 2007 ин ҷониб вусъат ёфтаанд.
Бо назардошти рӯйизаминӣ будани кон ва нархи баланди тилло дар бозори ҷаҳонӣ, ки ба 35 доллари амрикоӣ баробар шудааст, истихроҷи маъдан дар ин ҷо аз ҷиҳати иқтисодӣ манфиатовар маънидод гардид.
Майдони маъдандори Мосриф ҳамчунин бо назардошти вуҷуди конҳои дигари тилло - Ғиждарва, Бодгоҳ, Очакуруд ва ғайра дорои ояндаи умедбахш арзёбӣ шуд. Таъкид гардид, ки ин мавзеъро чун конҳои алоҳидаи мустақил  ба сармоягузорон пешниҳод кардан мумкин аст. Аз ин хотир бунёди корхонаи нави истихроҷи тилло дар ин мавзеъ  мувофиқи матлаб дониста шуд.   
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба   сардори Саридораи геология дастур дод, ки корҳои ҷустуҷӯӣ – иктишофиро дар ин ва дигар конҳои мамлакат вусъат бахшанд.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вазифадор шуд, ки санадҳои заруриро барои эълон намудани озмун баҳри истихроҷи тилло дар кони Шахбас омода ва ба Ҳукумати мамлакат  пешниҳод намояд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2126
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед