фарҳанг
ПАНҶАКЕНТ. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Тӯли 27 соли соҳибистиқлолии кишвар бо таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намои шаҳри Панҷакент бо бунёди иншооти таъйиноташ гуногун оростаю пероста гардид. Ба ин маънӣ, нақш ва ҷойгоҳи шаҳри Панҷакент дар пиёда намудани ҳадафҳои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ муҳим арзёбӣ мешавад.
Аз ин ҷост, ки Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» тасмим гирифт, ки дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷиҳати тарғибу ташвиқ ва муаррифии захираю имкониятҳои ғании сайёҳӣ дар мамлакат бо ҷалби адибону рӯзноманигорон ва аҳли зиёи кишвар озмуни эҷодӣ эълон намояд. Ва ин иқдоми нашрияро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ҷонибдорӣ ва сарпарастӣ намуд.
Хеле рамзӣ аст, ки ҷамъбасти озмуни рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо иштироки адибону рӯзноманигорони шинохтаи кишвар маҳз дар рӯзи бузургдошти саромади адабиёти классикии тоҷику форс, устоди бузургвор Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор гардид. Гиромидошти Маликушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва муқаррар намудани Рӯзи Рӯдакӣ чун иди шеъру адаб далели муътамади таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат ба таърих, фарҳанг ва адабиёти оламшумули миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад.
Панҷакент бо ёдгориҳои беназири таърихӣ чун Саразми бостонӣ, Панҷакенти Қадим, оромгоҳи саромади адабиёти форсу – тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, манзараҳои нотакрори Ҳафткӯлу Кӯли Калон ва дигар мавзеъҳои зебо кайҳост, ки мавриди таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷию дохилӣ қарор гирифтааст.
Воқеан, ҳангоми сафарҳои хеш ба Панҷакент, Пешвои муаззами миллат борҳо аз шаҳраки бостонии Саразм, оромгоҳи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дидан карданд ва маҳз бо пуштибонию дастгириашон шаҳраки Саразм Мамнӯъгоҳи таърихӣ – бостоншиносӣ эълон шуда, соли 2010-ум ба феҳристи мероси фарҳангии ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гашта, атрофи ёдгорӣ панҷарабандӣ ва панҷ мавзеи ҳафриёт болопӯш карда шуд. Ҳоло мо ба таҷлили 5500 - солагии ин ёдгории бостонӣ, ки соли 2020 ҷашн гирифта мешавад ва он ҳамчун маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии гузаштагони мо маҳсуб меёбад, омодагӣ мебинем. Дар баробари ин, бо ибтикороти бунёдкорона ва созандаи Пешвои миллат оромгоҳи устод Рӯдакӣ дар деҳаи Панҷрӯд бо тарҳи нав тармиму таҷдид гардида, ба худ шукӯҳу шаҳомати хоса гирифт. Ҳамчунин, роҳи мошингарди Айнӣ – Панҷакент навсозӣ гашта, хати баландшиддати барқи Айнӣ – Панҷакент ба истифода дода шуд.
Дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки Пешвои миллат дар шаҳр бинои муҳташами Маҷмааи фарҳангӣ-фароғатии «Кохи Лоиқ», гулгашт бо тарҳи нави муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон, устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ, кӯдакистони нав, варзишгоҳи марказии шаҳр баъди таҷдид мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Ёдгориҳои беназири таърихие, ки зикрашон рафт, манзараҳои нотакрори табиати Панҷакент худ ифодагари муҳтавои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳастанд ва ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи ҳазорҳо нафар сайёҳони хориҷиву дохилианд. Аз ин рӯ, барои ҷалби теъдоди зиёди сайёҳон ба тамошои ёдгориҳои таърихӣ, манзараҳои зебои табиат корҳои зиёде анҷом дода шудаанд. Дар шаҳри Панҷакент бо иштироки фаъ-олонаи ширкатҳои сайёҳӣ, ки шумораашон ҳоло ба 13 расидааст ва соҳибкорон тайи солҳои охир меҳмонхонаю нуқтаҳои хӯроки умумӣ, чойхонаҳо бо нақшу нигори миллӣ бунёд гардида, айни замон хатсайрҳои нави сайёҳӣ таҳия карда мешаванд. Ҳоло дар мавзеъҳои машҳури Ҳафткӯл ва Кӯли Калон пойгоҳҳои муҷаҳҳази пазироии сайёҳон ва кӯҳнавардон амал мекунанд.
Мардуми Панҷакент аз замонҳои қадим ба ҳунармандӣ таваҷҷуҳи хосса доранд. Зардӯзиҳои зебо, кашидадӯзӣ, атласу адрас, гилемҳои дастибоф, рӯиҷо, сӯзанӣ, қуроқдӯзӣ, асбобҳои миллии мусиқӣ, зарфҳои мисин, маҳсулоти гуногуни оҳангарӣ, кандакорӣ бозгӯкунандаи ҳунари волои мардум буданд, ки дар доираи нақшаи амалӣ намудани ҳадафҳои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳия кардааст, рушд хоҳанд ёфт. Ҳоло дар шаҳр сию се маркази таълимию истеҳсолии атласу адрас ва қолинбофӣ бо ҷалби шасту ду нафар устодон ва дусаду наваду ҳашт нафар шогирдон амал мекунанд. Чунин маҳфилҳо дар муассисаҳои таълими иловагии шаҳр низ фаъолият менамоянд.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки ин ташаббуси беназири Пешвои муаззами миллат ва дар доираи он баргузор шудани чорабиниҳои гуногун ва вусъат ёфтани бунёдкориҳо на танҳо дар рушду равнақи соҳаҳои ҳунармандиву сайёҳӣ, балки барои боло рафтани сатҳи иқтисодиёти кишвар саҳми арзанда гузошта, нуфузи Ватани маҳбубамонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баландтар хоҳад бардошт.
Ислом ШАФЕИЁН,
раиси шаҳри Панҷакент
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.09.2018 №: 187 Мутолиа карданд: 1376