мулоқотҳо
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар навсозии нерӯгоҳи Қайроққум саҳм мегирад
19 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон директори Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Масару Хонмаро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи молиявӣ баррасӣ шуданд.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки айни ҳол дар Тоҷикистон чандин лоиҳаҳо бо дастгирии молиявии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд амалӣ мешаванд, ки маблағи умумии онҳо ба 128 миллион евро баробар аст.
Ба гуфти Масару Хонма, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҳар сол дар Тоҷикистон татбиқи 10-12 лоиҳаи навро ба маблағи 60-80 миллион доллари амрикоӣ оғоз мекунад ва минбаъд ният дорад, ки ҳаҷми сармоягузориро ба кишвари мо 2 баробар афзун намояд.
Барномаи қарздиҳии хурд, ки бо дастгирии бонки мазкур дар Тоҷикистон амалӣ мешавад, судбахш маънидод гардид ва ҳамзамон таъкид шуд, ки минбаъд қарзҳо бештар ба соҳибкорони истеҳсолӣ, аз ҷумла ба соҳибкорони деҳот дода шавад.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон дастгирии бонкҳои саҳомии Тоҷикистонро, ки аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд тариқи воридшавӣ ба сармояи онҳо ба назар мерасад, иқдоми хуб номида, мавриди дастгирӣ қарор дод.
Масару Хонма ба тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар кишвар баҳои баланд дода, аз воридшавии Тоҷикистон ба «даҳгонаи кишварҳои ислоҳотталаб» изҳори қаноатмандӣ намуд.
Гуфтугӯйи судманд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои бунёдии иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла энергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт ва коммуникатсия низ сурат гирифт.
Вобаста ба вазъи таъминоти нерӯи барқ дар Тоҷикистон Масару Хонма изҳор дошт, ки Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омода аст дар навсозии нерӯгоҳи обии Қайроққум саҳмгузорӣ намуда, дар татбиқи дигар лоиҳаҳои гидроэнергетикии он низ иштирок намояд.
ӯ ҳамчунин иттилоъ дод, ки Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба 63 кишвари аъзои худ, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада, Япония ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ муроҷиат мекунад, ки ба Тоҷикистон баҳри бартараф намудани мушкилоти вобаста ба таъминоти барқ ва хориҷ шудани Ӯзбекистон аз шабакаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ кӯмак расонанд.
Таваҷҷӯҳи зиёд ҳамчунин ба масоили рушди ҳамкорӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва бартараф намудани мушкилоти сунъии мавҷуда зоҳир карда шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1924