logo

фарҳанг

МЕҲРГОН. ҶАШНИ ТАЪРИХИИ КИШОВАРЗИИ НИЁГОН

Наврӯзу Меҳргон эҷоди миллии ниёгони ориёии мо мебошанд, ки яке дар таодули баҳорӣ ҳамчун иди эҳё ва растохези табиат, гулпӯш шудани дашту  саҳро ва ҷомаи сабз ба бар кардани табиат, ҳамчунин, шурӯи корҳои кишоварзон ва дигаре дар таодули тирамоҳӣ баъди ҷамъоварии маҳсули меҳнати дастони пурэъҷози деҳқонон бо шодиву сурур ва фараҳмандӣ ҷашн гирифта мешаванд. Ин ду ҷашни миллии мо дар асотир ва достонҳои ҳамосавии аҷдодӣ ба ду нафар шаҳриёроне нисбат дода шудаанд, ки якеро Ҷамшеди Пешдодӣ ва дигареро Фаридуни  Тилисмшикан меноманд.

Ҳар гоҳ мо ба  ёди Меҳргон меафтем, орзуҳои ҳазорсолаҳои нахустини ниёгонамон ва раванди инкишофи умури кишоварзӣ дар сарзаминамонро пеши назарамон ҳувайдо месозем, тору пуди тамоми пайвандҳои моддиву маънавии аҷдодамонро пеши назар меорем, ки пуле аз ҳаёти дури гузаштагонамон то ба имрӯз эҷод кардааст. Маҳз тавассути чунин пул раванди пайдоишу инкишофи умури кишоварзӣ ва хоҷагидории гузаштаву  имрӯзаи худро арзёбӣ мекунем. Чун Меҳргон иди ҳосилғундорӣ ва ҷамъоварии самараи кори деҳқонону барзгарон аст, он аз эҳёи табиат шурӯъ шуда, муносибати инсон ба табиатро, ки онро дар илми фарҳангшиносӣ рукни асосии ташаккули маданияти моддӣ меноманд, ифода мекунад. Дар он инсон аз сабзондани буттаву дарахт ва дигар рустаниҳо, ҳамчунин, ром кардани ҳайвонот шурӯъ карда, дар фаъолияти меҳнатии худ ба инқилобҳои бузурги соҳаи кишоварзӣ дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ ноил шудааст.
Инқилоби аввали он сазовор шудани барзгарону деҳқонон ба ҳосил намудани рустаниҳои хӯшадор (ба мисли ҷаву гандум ва дигар зироатҳои донагӣ) буд. Ин бузургтарин дастовард дар таърихи тамаддуни истеҳсолоти моддӣ ба шумор мерафт ва имрӯз мо аз онҳо ба осонӣ истифода мебарем.
Инқилоби дуюм дар соҳаи домдорӣ (чорводорӣ) сурат гирифт. Воқеан, баъди ром намудани ҳайвонот ва аҳлӣ (хонагӣ) шудани онҳо дӯшидани шир  ба роҳ монда шуд. Гузашта аз ин, омезиши шир бо маҳсулоти рустаниҳои хӯшаӣ ба омода намудани навъҳои гуногуни озуқаву хӯрокҳои лазиз мусоидат кард. Дӯшидани шир аз ҳайвонот барои озуқаро дар адабиёти кишоварзӣ «Тамаддуни лабанӣ» (ширӣ) меноманд.
Як инқилоби дигар низ дар умури кишоварзӣ ҷой дорад, ки он ба пайвандҳои гуногуни рустаниҳо ва дарахтон мансуб аст. Дар натиҷаи таҷриба дар тӯли ҳазорсолаҳо ин иқдом тавассути кишоварзон анҷом шуда ва натиҷаҳои хуб ба бор овардааст. Чандин навъҳои гуногуни меваҷот ва такмили навъҳои онҳо бо ҳамин роҳ ба даст омадаанд. Беҳуда нест, ки дар ҷашни Меҳргон рӯи хони оросташуда баробари дигар намунаҳо аз фаровардаҳои кишоварзӣ нони махсуси пухташуда аз навъи гуногуни ғалладона, шир ва маҳсулоти ширӣ, себу анору биҳӣ, ҳафт дастаи райҳон, шохаҳои рамзии дарахтони гуногун ва дигар  навъҳои меваҷот гузошта мешуданд, ки ҳар яке чун рамзе аз асрори маданияти моддии гузаштаи мо дарак медиҳад.
Дар ҷашни Меҳргон расме роиҷ буд, ки мувофиқи он шаҳриёрони ориёии  мо  маросими тоҷгузории худро анҷом медоданд. Тибқи маълумоти маъхазҳо, бисёре аз шоҳони ҳахоманишӣ чунин амалро анҷом додаанд. Хусрави Анушервон низ дар аҳди Сосониён маросими тоҷгузории худро дар ҷашни Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомати бузург анҷом дода буд. Чунин амал низ дорои рамзи махсусест. Вақте  маросими ҳосилғундорӣ ба охир мерасид ва натиҷаи корҳои кишоварзӣ ҷамъбаст мешуд,  маросими ҷашни Меҳргон фаро мерасид. Он шукронаи мардум аз ҳосили ғундошташуда аз Модар - Замин буд, ки то баҳори оянда онҳоро бо ғизо ва маводи хӯрока таъмин мекард ва тоҷгузориву иштироки фаъолонаи шаҳриёрон шукронаи онҳоро  ифода мекард, ки анборҳояшон пур аз ғаллаву маводи лозима гардидааст. Маҳз дар ҳамин ҷашн ҳамаи мардум аз барзгар то шаҳриёр метавонис- танд майгусорӣ кунанд ва шароб бинӯшанд.
Ҷашни Меҳргон бо номи Мит- ракона на фақат дар мамолики Шарқи бостон  ва асрҳои миёна ҷашн гирифта мешуд, балки он дар мамолики Ғарб низ таҷлил мегардид. Ин ҷо сухан дар бораи он меравад, ки оини меҳрпарастӣ бо номи «митраизм» аз ҳудуди сарзамини Шарқ баромада, дар мамолики Ғарб, аз ҷумла дар Юнону Рим, интишор ёфт ва ба воситаи Рим ба ҳавзаи мадании баҳри Миёназамин ва Аврупои Ғарбӣ паҳн шуда буд. Дар Англияву Фаронса ва дигар кишварҳои Ғарб он ба  тарзи махсус қайд карда мешавад.
Хушбахтона, ин ҷашни суннатӣ  ва миллии мо  дар  замони истиқ-лолият бо  ташаббуси  Асосгузори  сулҳу   ваҳдати   миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон аз нав  эҳё шуд ва чандин  сол  аст, ки мо онро бо шукӯҳу шаҳомати хосса ва  фараҳмандии  бузург  ҳамчун  ҷашни  миллӣ  таҷлил  намуда, ёде аз гузаштаи дури ниёгонамон мекунем.
Диловар АЗИМОВ,
сардори раёсати маорифи шаҳри Истаравшан


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.09.2018    №: 189    Мутолиа карданд: 1039
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед