logo

фарҳанг

ГАҲВОРА. АЗ "ШОҲНОМА" ТО ТИББИ МУОСИР

Дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мехоҳем дар бораи яке аз рукнҳои миллӣ – гаҳвора дидаву шунидаҳои худро бо хонандагони гиромии рӯзномаи “Ҷумҳурият” ба ҳам бинем.
Гаҳворасозӣ яке аз ҳунарҳои мардумӣ буда, хоси халқиятҳои муқимии минтақа аст. Пас, маълум мешавад, ки он моли ҳақиқии халқи тоҷик мебошад. Зеро ин миллат дар Осиёи Марказӣ мутамаддинтарину куҳантарин миллат ба шумор меравад.
Таърихи гаҳвора ба асрҳои пеш аз милод расад ҳам, аммо ишораҳо ба он дар адабиёти хаттӣ дертар пайдо шудааст. Дар бузургтарин таърихномаи ориёнажодон – “Шоҳнома” - и Абулқосим Фирдавсӣ, дар ҷилди як, достони “Подшоҳии Манучеҳр” (“Гуфтор андар зодани Зол”) омадааст:

Чу Симурғро бачча шуд гурусна,
Ба парвоз бар шуд баланд аз буна.
Яке ширхора хурӯшанда дид,
Замин ҳамчу дарёи ҷӯшанда дид.
Зи хорош гаҳвораю доя хок,
Тан аз ҷома дуру лаб аз шир пок...

Ё худ ин ҳадиси Пайғамбар (с) вирди забонҳо шуд: «Аз гаҳвора то гӯр илм омӯз!». Устоҳои гаҳворасоз мавриди сохтани гаҳвора ҳунари худ ва муҳаббати бузург ба атфолро кор мебаранд. Зеро ин як бистари табарруке ба шумор меравад, ки баъди бурун омадан аз батни модар хобҷои кӯдак интихоб мешавад. Дар гаҳвора кӯдакон аз 3 - рӯзагӣ то 2 - 3 солагӣ хоб мераванд.
Хусусиятҳои мусбати гаҳвора бисёранд. Сохтани гаҳвора  аз дарахтони  тут, чормағз ва бед маъмул буда, сабабҳои вижаи худро дорад. Чӯби ин дарахтҳо хусусиятҳои табобатӣ дошта, нав-зодро на танҳо аз сардию гармӣ ва дигар зуҳуроти табиат эмин нигоҳ медорад, балки ҳавои берунаро ба хубӣ гузаронда, фазои хуби хобро муҳайё менамояд.
Масалан, чӯби чормағз хусусияти гармнигоҳдорӣ дорад ва илтиҳобро пешгирӣ мекунад.  Истифодаи каҳи гандуму шолӣ, донаи арзану зағер дар кӯрпачаҳои қабати поёнии гаҳвора ба инкишофи қомат ва камари (миён) кӯдак ёрӣ расонда, хусусияти шифобахшӣ доранд. Сумаки чӯбину тубаки сафолин бошад, пешобро безарар нигаҳ дошта, назар ба памперсҳо афзалиятҳои зиёдро доро ҳастанд.
Лекин, мутаассифона, солҳои охир гаҳвораҳо хусусиятҳои худро гум кардаанд. Зеро онҳоро ҳоло бо чӯбҳои дарахтони ёдшуда не, балки  аз дигар чӯбҳо месозанд, ки нодуруст аст. Онҳо аз худ бӯи ғализ бароварда, зараррасонанд. Ба ҷои сумаку тубакҳои қаблӣ пластмассӣ роиҷ шудаанд. Бештари волидайн аз ноогоҳӣ болопӯши гаҳвораро аз матоъҳои синтетикӣ медӯзанд, ки онҳо ҳаворо нагузаронда, тифлро ба бемориҳои гугногун мубтало менамоянд.
Имрӯзҳо дар воситаҳои ахбори омма, бавижа дар фазои маҷозӣ, дар атрофи гаҳвора ва хусусиятҳои он баҳсҳо идома доранд. Як қисмати мардум бар он назаранд, ки гаҳвора ба саломатию инкишофи кӯдак таъсири мусбат дорад ва қисмати дигар андешаи баръакс пешниҳод мекунанд.
Ба андешаи мо, гаҳвора ҳамчун рукни миллии халқи тоҷик аз санҷишҳои таърих гузаштааст ва асрҳо боз тарбия ва камолоти фарзандони мо аз гаҳвора оғоз меёбад ва дар ин бобат ҷои баҳс нест.
Гаҳвора дар ташаккули ҷисмонию равонии тифлон нахуст дар рост кардани қомати кӯдак аҳамияти зиёд дорад. Муҳити дохили гаҳвора нисбатан сокит буда, барои оромии асаби кӯдак хуб аст. Дар ин маврид, қоидаҳои дуруст бастани тифлро ба модарони оянда бояд омӯзем. Зеро нодуруст ва бидуни низоми муайян бастан, ба каҷ шудани қаду қомат, дасту пой ва сари навзод оварда мерасонад.
Табибон дар ҳолати бо осеби пайвандҳо (қисми поёнии миён) ба дунё омадани тифл, бастани ӯро дар гаҳвора маслиҳат намедиҳанд. Зеро нигоҳдории ин гуна тифлони навзод дар гаҳвора боиси инкишофи нодурусти организм мешавад.
Дар бобати таъсири ҷунбиши гаҳвора ба майнаи сари тифл низ андешаҳо гуногунанд.  Агар гаҳвораҷунбон модар бошад,  ӯ фарзандро бо эҳтиёт парпеч карда, дар гаҳвора мебандад ва онро оҳиста меҷунбонад. Дар ин ҳолат ба майнаи сари тифл осебе намерасад.  Устухон ва дигар узвҳои бадани ӯ ҳар лаҳза дар инкишофанд. Аз ин рӯ, вақте тифл бо дасту пойҳо ва қомати рост хоб меравад, дуруст инкишоф меёбад. Аз рӯзи аввале, ки навзодро ба гаҳвора мехобонанд, ӯ дар як чаҳорчӯбаи муайян тарбия меёбад, рӯҳияи ӯ уствор ва қавӣ мегардад. Ба андешаи дигар, ӯ ба қадри озодӣ бештар мерасад.
Вақт аст, ки вижагиҳои гаҳвораро омӯзем ва барномаю адабиёти махсус низ нашр намуда, ба забонҳои хориҷӣ манзури гардишгарон намоем. Зеро аксари онҳо бо дидани гаҳвора ҳайрон мешаванд ва дар бораи он маълумот доштан мехоҳанд.
Раъно ДОДОҶОНОВА,
ходими илмии Маркази илмӣ - клиникии
педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдакона


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.09.2018    №: 189    Мутолиа карданд: 832
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед