logo

ҳукумат

Дар кишвар 280 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст

16 ноябр  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулони Ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Сардори давлат, роҳбарони аксари вазорату идораҳо ва дигар шахсони дахлдор машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат масоили вобаста ба ҷамъоварии ҳосили пахта ва киштукори тирамоҳӣ, таъминот бо газу барқ ва гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасраф ва масъалаи иҷрои буҷети давлатӣ баррасӣ шуданд.
Дар бораи рафти ҷамъоварии ҳосили пахта ва оғози киштукори тирамоҳӣ ахбори муовини сарвазири мамлакат Муродалӣ Алимардон шунида шуд. Зикр гардид, ки ҳосилнокии пахта имсол нисбат ба чанд соли пешин хеле зиёд аст ва то имрӯз дар мамлакат 280 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ шудааст.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки баҳри ҷамъоварии саривақтӣ ва беталафи ҳосили фаровони рӯёндаи деҳқонон аз тамоми имкону захираҳои мавҷуда истифода баранд, то ки дар мӯҳлати 10 рӯзи оянда ҳосили пахта ҷамъоварӣ шавад. Таъкид гардид, ки маблағи чиниш ҳамарӯза пардохт гардад, то ҳавасмандии пахтачинон афзояд. Ҳамзамон бо ин қатъиян таъкид гардид, ки мактаббачагон ба пахтачинӣ ҷалб нашаванд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид намуд, ки баҳри тезондани киштукори тирамоҳӣ аз ҳар рӯзи офтобӣ ва обу ҳавои мусоид пурсамар истифода баранд.
Оид ба таъминоти мардум ва хоҷагии халқи мамлакат бо газу нерӯи барқ ва гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасраф муовини якуми сарвазир Асадулло Ғуломов ва дигар шахсони дахлдор гузориш доданд. Аз ҷумла зикр гардид, ки баъди аз шабакаи ягонаи Осиёи Марказӣ ҷудо шудани Ҷумҳурии Ӯзбекистон муддати 15 рӯз аст шабакаи энергетикии Тоҷикистон ба таври мустақил фаъолият дорад. Таъкид гашт, ки сарфи назар аз мушкилоти зиёди вобаста ба ин ҳолат,  шабакаи энергетикии Тоҷикистон қодир аст, ки ба қадри имконоти мавҷуда мардум ва хоҷагии халқи мамлакатро бо нерӯи барқ таъмин намояд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон баҳри пурра мутобиқ намудани шабакаи дохилии энергетикии кишвар ба ин ҳолат, аз ҷумла бунёди хатҳои нави интиқоли нерӯи барқ ва бунёди як қатор нерӯгоҳҳои дигари обӣ ва ҳамчунин кам кардани талафоти барқ дар назди масъулон вазифаҳои мушаххас гузошт. Аз ҷумла дастур шуд, ки дар ҳудуди Тоҷикистон ҳарчи зудтар фурӯши лампаҳои тасфон манъ шавад.
Доир ба рафти иҷрои буҷети давлатӣ вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов ва роҳбарони дигар сохторҳои дахлдор ҳисобот доданд. Аз ҷумла зикр гардид, ки дар зарфи 10 моҳи соли равон қисми даромади буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 95% иҷро шуд ва имкону захираҳо барои таъмини иҷрои пурраи нақшаи даромадҳои буҷет мавҷуданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баҳри иҷрои саривақтӣ ва пурраи буҷет ва пардохти маошу нафақа ва кӯмакпулиҳо ба масъулони дахлдор супоришҳои мушаххас дод.
Дар баробари ин дастур дода шуд, ки саҳмияҳои Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳарчи зудтар омода гарданд, то ки аз рӯзҳои аввали соли 2010 онҳо баҳри ҷалби сармояи иловагӣ ба сохтмони ин иншооти тақдирсоз ба фурӯш бароварда шаванд.
Бо боварӣ таъкид гардид, ки ҳар як шаҳрванди баору номуси Тоҷикистон имрӯз омода аст дар бунёди нерӯгоҳи Роғун саҳми арзандаи худро гузорад, зеро ҳамагон хуб медонанд, ки бе бунёду ба кор даровардани ин иншооти муҳими энергетикӣ бартараф намудани норасоии нерӯи барқ ва таъмини пешрафти минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии мамлакат аз имкон берун аст.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5512
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед