logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО СЕРГЕЙ ЛЕБЕДЕВ

26 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи иҷроия - котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедевро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба баргузории ҷаласаи нав-батии Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тавре таъкид гардид, дар давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИДМ кишвари мо барои татбиқи ҳадафҳои консепсияи иттиҳод фаъолона мусоидат намуда, дар рушди ҳамгироии давлатҳо дар доираи иттиҳод нақши назаррас мегузорад.
Ба нақши Тоҷикистон дар давраи раёсаташ дар Иттиҳоди Давлатҳои  Мустақил  дар  рушду  тавсеаи  муносибатҳои      иқтисодию тиҷоратӣ, нақлиёт ва инфрасохтори соҳа, муносибатҳои иҷтимоӣ - меҳнатӣ ва гуманитарӣ баҳои баланд дода, ҷонибҳо саҳми кишвари моро дар таҳкими ҳамгироии давлатҳои аъзои иттиҳод дар соҳаи ҳарбӣ, ҳарбӣ - техникӣ, ҳамкории сохторҳои қудратӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулода ва таъмини амнияту бехатарӣ баланд арзёбӣ намуданд.
Сергей Лебедев ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои идомаи татбиқи нақшаи чорабиниҳои ИДМ доир ба марҳилаи сеюми Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ барои давраи то соли 2020, муқаррароти Шартнома оид ба минтақаҳои озоди тиҷоратӣ ва ҷонибдорӣ аз ташаббуси Кумитаи иҷроияи ИДМ вобаста ба эълон намудани шаҳри Душанбе пойтахти фарҳангии ИДМ дар соли 2021 изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуд.
Дар мулоқот дигар масъалаҳои марбут ба ҳамгироии давлатҳои аъзои иттиҳод барои давраҳои оянда мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.09.2018    №: 189    Мутолиа карданд: 938
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед