logo

мулоқотҳо

ПЕШВОИ МИЛЛАТ НУРСУЛТОН НАЗАРБОЕВРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТАНД

27 сентябр дар Бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мулоқот карданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Нурсултон Назарбоевро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид доштанд, ки Қазоқистон имрӯз яке аз шарикони асосии Тоҷикистон мебошад ва мо барои идомаи муколамаи созандаи шарикии стратегӣ манфиатдорем.
Ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкорию ҳамгироии давлатҳо дар чаҳорчӯбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил изҳори қаноат карда, таъкид доштанд, ки натиҷаҳои ҷаласаи Шӯро дар таҳкими минбаъдаи ҳамкории самарабахши кишварҳо омили таконбахш хоҳад гардид.
Ҳамкорӣ бо ин кишвари дӯст дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мақоми хоса дорад ва Қазоқистон дар байни шарикони тиҷоратӣ аз рӯи ҳаҷми гардиши мол ба ҷойи дуюм баромад.
Фаъолияти пурсамари Комиссияи байни-ҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва имзои Созишнома оид ба таъсиси Шӯрои  соҳибкорӣ дар татбиқи мувофиқаҳои бадастомада ва санадҳои имзошуда назаррас маънидод гардид.
Рушди ҳамкорӣ дар самти ҷалби сармояи қазоқистонӣ, истифодаи самараноки захираҳои обию энергетикӣ, таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ - гуманитарӣ, маориф, таъсиси квотаҳо барои донишҷӯёни ду кишвар аз самтҳои афзалиятноки муносибатҳо арзёбӣ шуд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот, ҳамчунин, масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ, пешгирӣ ва муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳо, аз қабили мубориза бо терроризм, экстремизм, радикализми динию сиёсӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар шаклҳои ҷинояткории трансмиллии муташаккилро баррасӣ карданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.09.2018    №: 190-191    Мутолиа карданд: 1038
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед