logo

маориф

ЯК НИШАСТИ МУҲИМ

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи таълиму тарбия ба масъалаи солимии наврасону ҷавонон  таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ҳамкорӣ бо аҳли ҷамоатчигӣ, вазорату идораҳои дахлдор, бавижа Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Прокуратураи генералӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ, як қатор корҳоро ба анҷом расонд.
Дар робита ба ин, дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия семинари омӯзишӣ зери унвони “Рушди наврасон ва иштироки иҷтимоии онҳо” доир гашт. Дар кори семинар намояндагони Маркази миллии солимии репродуктивӣ, хадамоти кор бо ноболиғони ВКД, раёсати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи генералӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иштирок намуданд.
- Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ, омӯзондани психологҳо, муовинони директори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва шабакаи муассисаҳои КАТС, нозирони ҳифзи ҳуқуқ ва ташкили гӯшаҳои иттилоотӣ дар муссисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои  ҷумҳурӣ буда, тавассути ин корҳо эмин доштани ҷавонону наврасон аз гумроҳӣ ва бемориҳои сироятист, - изҳор дошт Р. Мирбобоев, муовини якуми вазири маориф ва илм.
Ёдовар мешавем, ки аз 20 то 30 - юми августи соли ҷорӣ омӯзиши равоншиносон ва муовинони директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои пилотӣ доир гардид. Мутахассисон омодагиҳои аввалияро дар мавриди кор бо наврасону ҷавонон гирифта, сабаб ва омилҳои вайроншавии ҳолати рӯҳии онҳоро омӯхтанд.
Ниссо Қосимова, намоянда аз Хазинаи кӯдакони ЮНИСЕФ, зимни суханронӣ доир ба баланд бардоштани маҳорат ва омода кардани мутахассисони соҳаи равоншиносӣ дар муассисаҳои таълимӣ пешниҳодҳои мушаххас ироа намуда, изҳор дошт, ки Хазинаи кӯдакони ЮНИСЕФ ин иқдоми Вазорати маориф ва илмро дастгирӣ мекунад ва барои рушди минбаъдаи он ҳавасманд аст.
Намояндаи Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ Фирдавс Рауфов андешаҳояшро чунин иброз дошт: “Барои паст кардани шиддати ин падидаи номатлуб дар байни ҷавонон ҳамеша бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронд. Дар давраҳои гуногуни синну солӣ бо онҳо ҳамчун рафиқ ва ҳамроз муносибат карда, мушкилоти рӯҳии онҳоро бидонем. Бахусус, давраи балоғат сардаргумиҳои зиёд дошта, гузариш аз як давра ба давраи дигари синну солӣ эҳтиёткориро талаб мекунад».
Дар ҳақиқат, наврасону ҷавонон қишри ҳассосу осебпазири ҷомеа буда, барои воридшавии онҳо ба ҳаёту фаъолияти иҷтимоӣ ёрдами калонсолон лозим аст. Раҳнамоӣ ва иршоди бузургсолон дар ин синну сол аҳамияти вижа дорад, зеро онҳо ҳанӯз мустақилона ба як қарор омада, дар бораи масъалаю ҳаводиси атроф хулосаи зарурии худро бароварда наметавонанд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.10.2018    №: 192    Мутолиа карданд: 948
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед