logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО

29 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко мулоқот намуданд.
Дар суҳбати самимии сарони давлатҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Беларус мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус аз сатҳи хуби ҳамкории ду давлат дар доираи ИДМ ёдовар шуда, натиҷаҳои муваффақонаи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви ИДМ - ро дар шаҳри Душанбе боз як имконияти дигари таҳкимбахши ин ҳамкориҳо арзёбӣ намуданд.
Аз рушди бемайлони муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Беларус дар ҳама сатҳу зинаҳо ва заминаҳои созгори ҳуқуқии онҳо изҳори қаноатмандӣ карда шуд ва доир ба дурнамои муносибатҳои ду давлат дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, саноат, бахусус саноати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва робитаҳои илмию фарҳангӣ табодули афкори судманд сурат гирифт.
Ҷонибҳо муҳимияти тақвияти робитаҳои доираҳои корию тиҷоратии Тоҷикистон ва Беларусро барои бун-ёди корхонаҳои муштарак дар комплекси агросаноатӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ниёзи аввал дар Тоҷикистон таъкид намуданд.
Барои татбиқи нақшаҳои тарҳрезишуда вобаста ба коркарди муштараки маҳсулоти гӯшту шир, истифодаи имконияти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва Беларус зарур шумурда шуд ва рафти татбиқи лоиҳаи муштараки бунёди боғҳои дарахтони мевадор дар вилоятҳои Брест ва Гомели Беларус қаноатбахш арзёбӣ гардид.
Дар ҷараёни мулоқот сарони давлатҳо, ҳамчунин, ба масъалаи густариши робитаҳои фарҳангӣ - гуманитарӣ, таҳким ва тавсеаи фазои иттилоотӣ - фарҳангӣ, мулоқоти доираҳои илмӣ, эҷодӣ ва ходимони санъату адабиёт ва баргузории рӯзҳои фарҳанг дар кишварҳои ҳамдигар таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.10.2018    №: 192    Мутолиа карданд: 1082
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед