logo

туризм

ГАРМЧАШМА. МАКОНИ ДАРМОН ВА САЙЁҲӢ

Гармчашма. Ин осоишгоҳ, ки дар ҳудуди ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгир аст, бо оби гарму дармонбахш на танҳо дар атрофу акнофи кишвар, балки берун аз он ҳам маълуму машҳур аст. Беморону сайёҳон аз ноҳияҳои ҳамсоя то вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва давлатҳои Қирғизистону Ӯзбекистону Русия барои табобат ва саёҳат меоянд. Оби дармонбахшу ба дардҳо малҳами он барои шифо ёфтани пӯст, гардиши хун, узвҳои такяву ҳаракат, миёну сутунмуҳра ва бемориҳои дигар маъҷуну мумиёст.

Ин муъҷизаи табиат, ки қариб 70 дараҷа гармӣ дорад, аз дили харсанги бузурге ҷӯш зада ба ҳавзи доирашакл мерезад. Ва аз болои харсанг ҷӯйчае ба чанд ҳавзи алоҳида рехта, оби давоӣ дар хизмати беморон қарор мегирад. Қабули об тартибу реҷаи муайян дорад. Муоинаи беморон пеш аз қабули об бар зиммаи Азорабек Мирзоев, табиби варзидаву собиқадори осоишгоҳ, вогузор шудааст, ки хеле судбахш аст.
Як намуди дигари табобат нури офтоб мебошад. Беморон бо тавсияи табиб ба ҷойҳои оризадори бадан равғани ангат молида, дақиқае чанд дар ҳавои кушод сокит мешинанд. Нури офтоб  ва равған василае барои даво ёфтани бемории онҳо мешавад.
Ҳамшираҳои шафқату табибон бо мизоҷони осоишгоҳ бо лаҳни ширину дилнавоз сухан мегӯянду поккорон ҳуҷраҳои меҳмонхонаҳову саҳни ҳавлӣ ва гулгаштҳоро тозаю озода рӯбучин мекунанд. Беморон дар баробари табобат аз ҳавои тозаву беғубори кӯҳистон нафас гирифта, шод мешаванд, ки ин макони дармонбахшро интихоб кардаанд.
Ғайр аз меҳмонхонаҳои дохили осоишгоҳ, ки озода ва бо оби гарм таъминанд, чанд меҳмонхонаи хусусӣ ҳам ба мизоҷон хизмат мерасонанд.
- Гармчашма имрӯз номи "Сомон–ТМ" –маҷмаи шифобахшию сайёҳиро гирифтааст.
Ҳар сайёҳи хориҷие, ки сафари вилоят ва ноҳияҳои Ишкошиму Мурғобро дорад, сари роҳ меҳмони мо мешавад ва аз ин муъҷизаи табиат ба ваҷд меояд. Муддате истироҳат мекунад, навору суратҳо мегирад ва роҳи худро идома медиҳад, - мегӯяд сарвари маҷмаа Робия Шозедова.
Робиямо ҳақиқатро мегӯяд. Чанд рӯз дар осоишгоҳ табобату истироҳат доштам ва шоҳид будам, ки чандин сайёҳи хориҷии бо мошину мототсиклу велосипед сафардошта сурату навор мебардоштанд ва чеҳраҳои хандонашон аз болида будани табъашон гувоҳӣ медод. Ва кас мутмаин мешавад, ки таассуроти неку хотирмони онҳо садҳо сайёҳи хориҷии дуру наздикро  имсолу солҳои дигар ба сайри Тоҷикистони сарсабзу офтобиамон меорад.
У. МУРОД, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.10.2018    №: 193    Мутолиа карданд: 1094
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед