фарҳанг
СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ. "ҶУМҲУРИЯТ" ДАР ТАРҒИБИ ОН ПЕШГОМ АСТ
900 ҳазор сайёҳ. Тибқи маълумоти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ибтикори бевоситаи Сарвари давлат соли 2017 таъсис ёфта буд, дар нимаи аввали соли равон ба тамошои диёри мо ҳамин миқдор сайёҳ омадааст. Ҳол он ки дар сурати пурра амалӣ намудани тамоми тадбирҳои дар асоси Консепсияи рушди туризм дар Тоҷикистон барои солҳои 2009 - 2019 андешидашуда, ки онро Ҳукумати кишвар моҳи апрели соли 2009 қабул намуда буд, Тоҷикистон ба нишондиҳандаи фавқ бояд дертар, яъне соли 2020 муваффақ мешуд.
Ин рақам то охири сол, бешубҳа, аз ҳадди таърихии 1 миллион убур мекунад. Ва ин миллион нахустмеваи шаҳдбори ниҳолест, ки Сарвари сабздасти давлати тоҷикон дар боғи нави сайёҳии кишвар бо меҳру муҳаббат шинонда, бо Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълом доштани соли равон тамоми аҳли ҷомеаро ба парвариши наврустаҳои он ҳидоят намуданд.
Маҳз ба ҳамин хотир Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент 10 апрели соли ҷорӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ озмуни нав эълон карданд. Интихоби шаҳри Панҷакент тасодуфӣ набуд. Зеро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ширкатҳои зиёди ин шаҳр, ки таърихи 5,5 ҳазорсола дорад, дар кори ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ ба тамошои ёдгориҳои беҳамтои таърихӣ – Саразми бостонӣ, Панҷакенти қадим, оромгоҳи Маликушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва манзараҳои дилфиреби Ҳафткӯл, Кӯли Калон, Арчамайдон ва ғайра таҷрибаи ғанӣ андӯхта, барои дар сатҳи баланд пазироӣ намудани меҳмонон инфрасохтори зарурӣ фароҳам меоранд. Гузашта аз ин, тасмими Пешвои муаззами миллат дар бораи соли 2020 таҷлил кардани 5500 - солагии Саразми куҳан водору масъул сохт, ки ҷиҳати омодагӣ ба ин ҷашни умумимиллӣ аз ҳоло ҳамкории васоити ахбори омма бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр роҳандозӣ шавад. Ҳамин тавр, дар ҷараёни озмун матолиби зиёд оид ба пешравиҳои соҳаи сайёҳӣ дар ин шаҳри бостонӣ ва умуман, Тоҷикистон ба табъ расиданд.
Бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки озмуни навбатии рӯзнома низ аз ҷониби аҳли ҷомеа гарм истиқбол гирифта шуд ва дар он на танҳо рӯзноманигорони касбӣ, балки адибон, олимони шинохта, коршиносони соҳа фаъолона иштирок намуданд. Тавассути мақолаҳои эшон ҳазорҳо хонандагони рӯзнома бори дигар ба тамошои кӯҳҳои фалакбӯси Помир, пиряхҳои азими он, қалъаи Ҳулбук, маъбади Аҷинатеппа, кӯҳҳои Ховалинг, Сари Хосор, Муъминобод, ёдгориҳои қадимаи Саразм, Панҷакенту Истаравшан, қалъаи Қаҳқаҳа ва харобаҳои Карон, қалъаи Ҳисор, манзараҳои нотакрори кӯҳи Фон, Искандаркӯл, обҳои шифобахши Хоҷаобигарм, Гармчашма, кӯли Сарез, дараҳои афсонавии Варзобу Ромит... баромаданд. Муаллифони матолиби озмунӣ бо зикри ин ҳама боигарӣ таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа, сохторҳои давлатӣ, бахши хусусиро ба он нигаронданд, ки ба қадри ин ҳама неъмати шойгон бояд расид, онро бо камоли заковат корбаст намуд. Яъне туризми дохилиро рушд бояд дод. То ки шиносоӣ ва тамошои ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, манзараҳои нотакрори табиати диёр дар қалби ҳар фарди ҷомеа ангезаи муассири ҳисси ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ, ифтихор аз давлату миллати худ, мероси гаронмояи ниёгон, ҳифзи истиқлол ва талош баҳри шукуфоии кишвари маҳбуб гардад. Ҳамзамон, туризми беруниро низ бояд рушд дод, то ҳазорҳо ҳазор сайёҳ ин ҳама афсункориҳои табиат ва ёдгориҳои камназири таърихию фарҳангии халқи тоҷикро бо чашми худ бубинад ва ба ҷаҳон расонад, ки Тоҷикистони осоиштаю шукуфо кишвари воқеан, афсонавист.
Мавриди зикр аст, ки дар мақолаҳои озмунӣ, ҳамчунин, аз тадбирҳои судманди Ҳукумати ҷумҳурӣ, мақомоти маҳаллӣ, ширкатҳои сайёҳӣ ва соҳибкорон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар иртибот ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сухан мерафт. Дар ин росто, дар ҳақиқат, басо корҳои судманд анҷом дода шуданд. Дар ин радиф мавриди истифода қарор ёфтани меҳмонхонаҳои замонавӣ дар шаҳру навоҳӣ, иншооти инфрасохторӣ, роҳандозии низоми содаи раводиди электронӣ барои шаҳрвандони беш аз 80 мамлакат, аз андозу пардохтҳои гумрукӣ озодсозии воридоти таҷҳизоту маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ, дар панҷ соли аввали фаъолият аз пардохти андоз аз фоида озод кардани ширкатҳои сайёҳӣ, бидуни пардохти ҳама гуна андоз фаъолият кардани ҳунармандони мардумиро метавон ном бурд, ки дастгирии ҷиддии давлат маҳсуб меёбанд. Ин дар маҷмӯъ, ба нумӯи бештари иқтисоди миллӣ, фароҳам омадани ҳазорҳо ҷойи нави кор, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, рушди соҳибкории хусусӣ ва тиҷорати оилавӣ дар маҳалҳо низ мусоидат мекунад.
Тавре дар навиштаҳои иштирокдорони озмуни «Ҷумҳурият» омадааст, кишварамон дар як муддати кӯтоҳ дар сатҳи байналмилалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гашт. Тоҷикистон аз зумраи панҷгонаи кишварҳои беҳтарин бо низоми содатарини раводид, 10 кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон, дар сархати даҳгонаи кишварҳои ҷолиб барои туризми саргузаштӣ мавқеъ гирифта, дуюмин давлати дунё эътироф гардид, ки туризмаш дар ҳоли рушди босуръат аст. Шоҳроҳи Помир аз шумули 10 роҳи зеботарини дунё пазируфта, Душанбе ба даҳгонаи шаҳрҳои бехатари ҷаҳон аз рӯи таъмини амнияти шабона ворид шуд. Яъне диёри биҳиштосои мо дар дилу дидаи ҷаҳониён ҳар чи бештар маҳбубият пайдо мекунад.
Дар муддати камтар аз панҷ моҳ (20 апрел - 10 сентябр) аз тамоми шаҳру навоҳии кишвар ба унвони “Ҷумҳурият” бештар аз 110 матлаби озмунӣ ирсол шуд, ки 70 ададаш манзури хонандагон гардид.
Тибқи нақша, маросими ҷамъбасти озмун дар шаҳри Панҷакент сурат гирифт. Ва басо рамзист, ки он ба Рӯзи Рӯдакӣ рост омад. Аз ин рӯ, 20 сентябр ғолибону иштирокдорони фаъоли озмун, ҳамчунин, кормандони рӯзнома сараввал мақбараи Маликушшуароро дар деҳаи зебоманзари Панҷрӯд зиёрат карданд. Рӯзи дигар онҳоро сафари гуворою ҳаяҷонбахш ба шаҳри Самарқанд интизор буд. Зимнан, бо камоли сипос бояд гуфт, ки дар доираи ин озмун бори аввал аз марзи ҷумҳурӣ берун шуда, ба ин шаҳри бостонӣ рафтан инояти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокдорони он буд. Воқеан ҳам, имрӯз миллионҳо тоҷикону ӯзбекҳо, ки решаи дӯстию бародарияшон ба умқи таърих меравад, барои марҳилаи нави густариши муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистон аз сарони ҳар ду давлат сипосгузоранд. Тамошо ва зиёрати ҷойҳои таърихии Самарқанд – Регистон, мадрасаҳои Тиллокорӣ ва Шердор, расадхонаи Улуғбек, Хона - музей ва боғи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Сад-риддин Айнӣ, оромгоҳи Хоҷа Аҳрори Валӣ, муҷассамаҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ то дер аз хотираҳо зудуда нахоҳад шуд.
22 сентябр дар маҷмааи фарҳангӣ – фароғатии «Кохи Лоиқ», ки онро Сарвари давлат ифтитоҳ намуда буданд, дар вазъияти тантанавӣ ғолибон ва иштирокдорони фаъоли озмун бо ҷоизаҳои моддию маънавӣ ва туҳфаҳои хотиравии таъсисдиҳандагони озмун қадр гаштанд.
Ҳамин тавр, озмуни рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар ҳамдастӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ анҷом ёфт. Гумон мекунем, ба ҳадафҳое, ки ба нақша гирифта будем, муваффақ шудем. Пеш аз ҳама, ба шарофати роҳнамоию ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, дастгирии Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар. Ва ин моро масъулияти бештар ба дӯш мегузорад, то дар роҳи таблиғ ва пиёдасозии сиёсати созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри шукуфоии минбаъдаи диёр, болоравии обрӯю эътибори байналмилалии Тоҷикистони соҳибистиқлол собитқадамтар бошем.
Нашрияи расмии Ҷумҳурии
Тоҷикистон - рӯзномаи “Ҷумҳурият”,
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти
давлатии шаҳри Панҷакент
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.10.2018 №: 193 Мутолиа карданд: 1104