logo

маориф

ДАРС

Дар нимаҳои аввали соли таҳсил муаллими яке аз синфҳои поёнӣ бо сабаби мушкилоти шахсӣ ба муддати як моҳ аз мактаб рухсатӣ гирифт. Ба ҷои ӯ муаллими наве муваққатан ба кор омад. Ӯ дарсро шурӯъ кард ва як - як аз бачаҳо мавзӯъро пурсид.
Вақте яке аз хонандагон ба суоле посухи нодуруст дод, ҳамсабақонаш хандиданду масхарааш карданд. Муаллим пай бурд, ки шогирд аз дониши нисбатан камтаре бархӯрдор аст.
Пас аз анҷоми дарс муаллим он хонандаро наздаш хонд ва ба ӯ варақае дод, ки дар он байте навишта буд. Аз ӯ хост, ки то фардо байтро азёд кунад, аммо дар ин бора ба касе чизе нагӯяд.
Рӯзи дигар муаллим он байтро дар тахтаи синф навишт. Баъди чанд дақиқа навиштаро пок намуд ва аз хонандагон хоҳиш кард, ки ҳар кӣ байтро азёд карда бошад, даст бардорад.
Ҳеҷ яке аз хонандаҳо натавониста буданд, ки байтро ҳифз кунанд. Танҳо касе, ки дасти худро боло бурд ва байтро қироат намуд, ҳамон хонандаи дирӯз мавриди тамасхури ҳамсолонаш қароргирифта буд. Ҳамсабақонаш аз ин, ки ӯ тавонистааст дар ин муддати кӯтоҳ байтро азёд кунад, моту мабҳут шуданд. Муаллим ӯро таҳсину офарин гуфт ва аз ҳамсабақонаш хоҳиш кард, ки барои ӯ каф бизананд.
Дар тӯли ин як моҳ муаллими навомада ҳар рӯз ин корро такрор менамуд ва аз шогирдонаш мехост, ки он ҳамсабақи худро ташвиқ кунанд ва мавриди лутфу муҳаббаташон қарор диҳанд.
Дигар худи шогирд ҳам намехост монанди гузашта мавҷуди беаҳамият бошад. Чун мустақилона низ кӯшишҳои зиёд ба харҷ дод, он сол соли таҳсилро бо баҳои хуб ба анҷом расонд. Ҳамин гуна мактабро хатм намуду вориди донишгоҳ гардид ва бо мурури замон ба унвони доктори илм муваффақ шуд. Ҳоло ӯ аз беҳтарин мутахассисони пайванди ҷигар дар ҷаҳон мебошад.
Таҳияи Абдурашид САФАРОВ,
ноҳияи Фархор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.10.2018    №: 194    Мутолиа карданд: 4670
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед