logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

Қатли модар ба дасти писар
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ марди 35 - солаеро боздошт намуданд, ки дар содир намудани ҷинояти мудҳиш - қатли модари худ гумонбар мешавад.
Ба иттилои сомонаи ВКД, ин мард сокини кӯчаи С. Шерозии шаҳри Душанбе буда, рӯзи 29 сентябри соли ҷорӣ дар ҳолати мастӣ даст ба чунин ҷинояти бераҳмона задааст. Гумонбар дар пайи як муноқишаи оилавӣ модари 62 – солаашро бо зарби корд ба ҳалокат расондааст.
Ин ҳодисаи ваҳшиёна дар манзили истиқоматӣ ба амал омада, феълан дар робита ба он парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст ва тафтишот идома дорад.   

ПОРА
Корманди милитсия бо 3000 доллар ба даст афтод
Агентии назоратии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти як корманди милитсия хабар дод, ки барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани шаҳрванд Рустам Абдуллоев 4000 доллари амрикоӣ талаб намудааст.
Бар пояи иттилои маркази матбуотии агентӣ, дар бораи тамаъҷӯии ваколатдори фаврии шуъбачаи кофтукови ҷиноятии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода Саъдӣ Меликов бародари Рустам Абдуллоев бо ариза ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия муроҷиат намудааст.
Сипас, дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои фаврӣ - ҷустуҷӯӣ Саъдӣ Меликов ҳангоми гирифтани 3000 доллари амрикоӣ ба сифати пора дар шаҳри Душанбе дастгир гардида, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ аз ӯ гирифта шуд.
Ба иттилои манбаъ, нисбат ба Саъдӣ Меликов бо моддаи 319 қисми 4 банди “в” – и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, мавриди  тафтиши пешакӣ қарор дорад.

ДУЗДӢ
Марди қаблан судшударо ба курсии айбдорӣ шинонд
Бино ба иттилои ВКД, кормандони милитсия марди 23 - солаеро, ки қаблан бо моддаи 244 қисми 2 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо ҷурми дуздӣ дастгир кардаанд.
Боздошти гумонбар ба дуздӣ, дар асоси муроҷиати зани 48 - сола, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов, ба ШВКД дар ин ноҳия имконпазир гардидааст. Тибқи гузориши манбаъ, ин зан ба кормандони милитсия арз кардааст, ки 21 сентябри соли ҷорӣ, шахсони номаълум вориди хонаи истиқоматиаш шуда, 5000 сомонӣ, 5000 рубли русӣ ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ, ҷамъ ба маблағи 9750 сомониро дуздидаанд.
Зимни бурдани тафтишот муайян шуд, ки боздоштшуда дар якчанд ҳолати дуздӣ даст дошта, аз манзили сокинон маблағ ва молу ашёи онҳоро дуздӣ менамудааст.
Айни замон номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.10.2018    №: 194    Мутолиа карданд: 944
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед