logo

фарҳанг

АРМУҒОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА СОКИНОНИ ШУҒНОН. ҚАСРИ ФАРҲАНГ

Дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон кохи нави фарҳанг мавриди истифода қарор гирифт. Муассисаи мазкур дар партави ҳидоятҳои фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд ёфт.  Дар маросими ифтитоҳ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода, раиси ноҳияи Шуғнон Азиз Гиёҳзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Азим Иброҳим зимни муборакбодӣ изҳор дошт, ки Қасри фарҳанг туҳфаи Сарвари давлат ба мардуми ноҳияи Шуғнон ба истиқболи Ҷашни 27 - умин солгарди Истиқлолияти дав-латӣ ва шаҳодати таваҷҷуҳи беандозаи роҳбарияти давлат ба соҳаи фарҳанг аст.
Азиз Гиёҳзода таъкид кард, ки мардуми ноҳияи Шуғнон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар аз кумакҳои Ҳукумати кишвар, бахусус Сарвари давлат бархӯрдории бештар доштанд. Маҳз бо  ибтикори Пешвои миллат ноҳия  соҳиби  маркази  маъмурӣ гардид ва боз чандин ободкорию созандагиҳо дар ин давра  рӯи кор омаданд.
Таъкид гардид, ки дар Шуғнон бо масрафи беш аз 270 миллион сомонӣ 301 иншооту бинои нав бунёд шуда, симои  маркази  ноҳия ба куллӣ тағйир ёфт.
Дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Қасри фарҳанг дар саҳни он намоиши ҳунарҳои  мардумӣ  баргузор шуд. Бинои муассиса аз ду ошёна иборат буда, хонаи ҳунармандон, ҳуҷраи сарулибос, дафтарҳои замонавии корӣ, ҳуҷраи техникӣ, толори васеи барҳавои  консертиро дар бар мегирад. Дар бунёди бино санъатҳои меъмории миллӣ, рангҳои нодиру назаррабо ва масолеҳи хушсифат истифода шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки сохтмони қаср дар шаҳраки Ваҳдат - маркази маъмурии ноҳияи Шуғнон 26 июни соли 2016 бо гузоштани хишти асос аз ҷониби Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфта буд.
Раҳмони  ГУЛЗОР, 
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.10.2018    №: 194    Мутолиа карданд: 894
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед