logo

сафарҳо

САФАРИ РАСМИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ЯПОНИЯ

2 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Япония рафтанд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони молия, нақлиёт, энергетика ва захираҳои об, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раиси Палатаи савдо ва саноат ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Боздид аз шаҳри  Хиросимаи Япония
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорчӯбаи сафари расмӣ ба Япония вориди шаҳри Хиросима шуданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хиросима меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми ҳукумати шаҳри Хиросима гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Боиси зикр аст, ки сафари расмии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хиросима оғоз гардида, дар шаҳрҳои Киото ва Токиои Япония идома меёбад.
Дар шаҳри Хиросима Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтироми баланд ва самимӣ ба таъриху тамаддуни мардуми Япония дар Боғи ёдбуди сулҳ дар зери Муҷассамаи ёдбуди қурбониёни бомбаи ҳастаӣ гулчанбар гузоштанд.
Дар назди Боғи ёдбуди сулҳ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси шаҳри Хиросима Казуми Матсуи ва директори Осорхонаи ёдгории сулҳи Хиросима Кенҷи Шига истиқбол гирифтанд.
Хиросима яке аз шаҳрҳои муосири Япония ба шумор рафта, дар ҷазираи Хонсю ҷойгир аст. 6 августи соли 1945 дар рӯзҳои анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ баъди партофтани бомбаи ҳастаӣ шаҳр қариб ба пуррагӣ хароб гашт. Барои гиромидошти қурбониёни ин шаҳр ва ба хотири фоҷиаи пурдаҳшат дар ин ҷо Боғи ёдбуди сулҳ бунёд гардид. Дар як гӯшаи боғ харобаҳои “Гумбази Гэмбаку”, ки дар вақти таркиш як қисми он боқӣ мондааст, то имрӯз нигоҳ дошта шудааст. Атрофи муҷассама макони сайругашти сокинону меҳмонон мебошад. Соли 1996 “Гумбази Гэмбаку” ба феҳристи Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил карда шуд.
Дар ҳудуди Боғи ёдбуди сулҳ, ҳамчунин, осорхонаи ёдгории сулҳи Хиросима мавҷуд аст, ки дар он муҷассамаҳо ва нигораҳо барои гиромидошти хотираи қурбониёни фоҷиаи соли 1945 ҷамъоварӣ гардидааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди гузоштани гулчанбар дар назди ёдгории қурбониёни фоҷиа ва пас аз шиносоӣ бо осорхона дар китоби меҳмонони фахрӣ соядаст гузошта, ба роҳбарияти осорхона ҳамчун рамзи эҳтиром туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд.
Дар маросими гулчанбаргузорӣ Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми шаҳри Хиросима ҳамроҳӣ карданд.
Ин боздиди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Боғи ёдгории сулҳ нишонаи олии башардӯстӣ ва гиромидошти қурбониёни истифодаи силоҳи қатли ом мебошад.

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.10.2018    №: 194    Мутолиа карданд: 4034
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед