logo

ҳуқуқ

ИФРОТГАРОӢ ХИЁНАТ БА ВАТАН АСТ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба   масъалаи ифротгароии динӣ ва терроризм, ки дарди рӯз мебошад, чунин изҳори андеша кардаанд:  «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».

Яке аз мушкилиҳое, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонро фаро гирифтааст, густариш ёфтани падидаҳои терроризму  экстремизм мебошад, ки барои амнияти мардум ниҳоят хатарзо мебошанд. Мутаассифона, ба ин самти носолим бештар ҷавонони ҳанӯз мавқеи сиёсиву иҷтимоӣ пайдо накарда ва раҳгумони нохудогоҳ гароиш доранд. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳангоми вохӯрӣ бо шахсони ифротгарои динӣ, ки аксаран ба гурӯҳҳои террористӣ иртибот  доранд, онҳоро биомӯзанд   ва бикӯшанд, то  ба  онҳо  ҳадафҳои давлатсозӣ, сулҳофарӣ, пойдорӣ ва ваҳдати мардумони  кишварро  бифаҳмонанд. Имрӯз бисёре аз ҷавонон ва шаҳрвандон аз ҳадафҳои асосии гурӯҳҳои ифротгаро бехабаранд. Ба қадри арзишҳои муқаддасе чун истиқлолияту давлатдории миллӣ намерасанд. Самимона дарк намекунанд, ки  ҳифзи марзу буми Ватан, нигаҳдошти оромиву осудагии мардум, ифтихор аз давлату миллати хеш барои ҳар инсони бонанг шарафу номуси ватандорӣ мебошад. 
Аксар огоҳанд, ки дар ибтидои моҳи сентябр як гурӯҳи ифротгаро ва ватанфурӯш бо сарварии Муҳиддин Кабирӣ дар шаҳри Варшава гирд омада, ҳаракатеро бо номи «Паймони миллии Тоҷикистон” созмон доданд. Ташкил кардани чунин паймон дар хориҷи кишвар маънии ватанфурӯширо дорад. Онҳо чӣ мехоҳанд? Албатта, мақсад доранд, ки осудагиву оромии моро халалдор созанд. Ҷавонон дар ивази китобу дафтару компютер, ба даст яроқ  гирифта, ҳамдигаркушӣ кунанд. Онҳо – ин беҳунарони нотавон, чашми дидан надоранд, ки дар Тоҷикистон боғҳо шаҳдрез мешаванд, роҳҳову пулҳо, коргоҳҳои саноатӣ ва иншооти маишӣ бунёд мегарданд. Садҳо муассисаҳои таълимоти олӣ ва миёна дарҳои худро барои насли наврас мекушоянд. Онҳо дар баробари ба доллару евро фурӯхтани асолати тоҷикии худ, ҷавонони бехабару ноогоҳро ба дасисаҳои марговари худ мекашанд.
Ман ҳамчун духтари акнун по ба арсаи омӯзишу илмандӯзӣ ниҳода, ҳамсолони худро ҳушдор медиҳам, ки фирефтаи гуфтаҳои ин дуздони ҳувияти миллӣ, номуси миллӣ нагашта, агар камтарин робитае бо онҳо дошта бошанд, онро бикананд. Ба ҷорчиёни онҳо бо мушти оҳанин ҷавоб диҳанд.
Тоҷикистони азизу муқаддасамон барои мо аз ҳама арзишҳо болотар аст!
Мартаба МИРМАДОВА,
мутахассиси шуъбаи магистратураи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.10.2018    №: 195    Мутолиа карданд: 908
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед