logo

фарҳанг

АЗ ИҚДОМ ТО РАСИДАН БА МАҚСАДҲОИ БУЗУРГ

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар тарғибу ташвиқи низоми сиёсии кишвар, рушди ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, таҳкими сулҳу субот, амнияту оромӣ ва афкору иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеаи муосир нақши муҳим дорад. Дар баробари инъикоси ҳаёти рӯзмарраи мамлакат ва вазъи ҷаҳон, бо ибтикори сармуҳаррири рӯзнома Қурбоналӣ Раҳмонзода ва ҳайати эҷодии он озмуну маҳфилҳои гуногуне баргузор мегарданд, ки дар он аҳли илму адаб, рӯзноманигорон ва хонандагони рӯзнома аз гӯшаву канори кишвари азизамон бо навиштаҳои худ фаъолона иштирок менамоянд.
Дар ин росто, рӯзномаи “Ҷумҳурият” рӯзҳои 20 - 22 сентябри соли ҷорӣ даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявиро бахшида ба Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар Маҷмааи фарҳангӣ - фароғатии "Кохи Лоиқ" - и шаҳр ҷамъбаст намуд. Дар ин озмун олимон, адибон, рӯзноманигорон ва хонандагони ин рӯзнома иштирок карда, соҳиби туҳфаҳо ва ҷоизаҳои таъсиснамудаи муассисон гардиданд.
Сафари мо аз шаҳри Душанбе оғоз шуд. Дар нисфирӯзи моро намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ истиқбол гирифтанд. Баъд аз зуҳр вориди шаҳри Панҷакент гардидем. Дар саргаҳи шаҳр моро аҳли фарҳанги ин шаҳр бо як шукӯҳу шаҳомати тоҷикона пешвоз гирифтанд. Нахуст мо оромгоҳи устод Рӯдакиро зиёрат карда, аз осорхона ва китобхонаи ин мавзеъ дидан кардем. Сипас, маҳфили илмию адабӣ ва фарҳангии ҷолиб доир гардид. Аҳли фарҳанги шаҳр бо сурудҳои дилнишин, хонандагон бо қироати шеърҳои ҷаззоб аз осори устод Рӯдакӣ ва адибон Абдулҳамид Самад, Барот Абдураҳмон, Камол Насрулло, Маҷид Салим, олимон Холназар Муҳаббатов, Ҳамза Камол, рӯзноманигорон Умари Шерхон, Ҷонибеки Асрориён, Қурбоналӣ Раҳмонзода ва дигарон доир ба моҳияти сайёҳию тарғиби ҳунарҳои мардумӣ ва андешаҳои инсонпарваронаи устод Рӯдакӣ андешаҳои ҷолибе баён карданд.
Дастандаркорони озмун рӯзи дигар моро ба шаҳри бостонии Самарқанд бурданд. Дар ин шаҳри бостонӣ аз мавзеъҳои сарнавиштсоз ва ёдгориҳои таърихии он дидан кардем.
Бо ташаббуси раиси тоҷикони Самарқанд ва яке аз адабиётшиносони варзида, профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Ҷумъа Ҳамроҳ мо  Хона-музеи устод Айниро зиёрат кардем. Аз муносибату муоширати аҳли илму адаби ин шаҳр бармеомад, ки онҳо низ аз барқарор гардидани робитаҳои сиёсию фарҳангии ин ду кишвари ҳамсоя хеле шоданд ва ба иқдоми президентҳои ҳар ду кишвар – Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аҳсану офарин мехонанд. 
Дар ҷамъбасти озмун мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода доир ба ин иқдоми рӯзномаи “Ҷумҳурият” чунин изҳори назар кард: “Ҳадафи асосии муассисони ин озмун аз он иборат аст, ки иқдоми Пешвои миллат доир ба сайёҳӣ, аҳамияти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии он дар мамлакат, муаррифии имкониятҳои мавҷуда доир ба ҷалби сайёҳон ба кишвари мо ба таври густурда тарғиб гардад. Сайёҳӣ ва гардишгарӣ паҳлуҳои зиёде дошта, аз замонҳои қадим дар байни аҳли башар ривоҷ доштааст. Ҳар як сайёҳ зимни саёҳат ҳадафҳои худро дорад. Яке ба хотири шиносоӣ бо табиати афсункору вазъи мусоиди муҳити зист, дувумӣ барои варзишу истироҳат ё табобат ва тарбияи бадан, дигаре барои ошно шудан бо фарҳангу ҳунарҳои мардумӣ ва вазъи сиёсию иҷтимоӣ ба мамолики гуногуни дунё сафар мекунанд.
Сарвари мамлакати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми паҳлуҳои сайёҳиро бо диди таҳқиқ омӯхтаю моҳияти иҷтимоию сиёсии онро дарк карда, чунин пешниҳоди судмандеро ироа доштанд. Ба андешаи мо, муҳимтарин ҳадафи Пешвои миллат аз ин иқдоми нек ба оламиён муаррифӣ кардани сулҳу субот ва амнияту оромии Тоҷикистон аст, ки ин аз хиради азалӣ ва афкори меҳанпарастию инсондӯстии ин миллати куҳанбунёд шаҳодат медиҳад”.
Ин ҷониб, ба ҳайси иштирокчии озмун, ба сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият” Қурбоналӣ Раҳмонзода, аҳли эҷоди он ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Пан-ҷакент барои чунин ташаббусҳои неку боровар ва саҳми чашмрас гирифтан изҳори сипос менамоям.
Маҳмаддовуд
САЛОМОВ,
дотсенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.10.2018    №: 195    Мутолиа карданд: 848
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед