logo

сафарҳо

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР КИОТО

(Идомаи сафари расмӣ)
3 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Хиросима ба музофоти Киото ташриф оварданд.

Дар бӯстонсарои ҳукуматӣ маросими пазироии расмии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби волии музофоти Киото Такатоши Нишиваки ва раиси шаҳри Киото Дайсаку Кадокава доир гардид.
Дар сухани шодбошии худ Сарвари давлати мо сатҳи муносибатҳои Тоҷикистону Японияро баланд арзёбӣ намуда, аз ҷараёни рушду тавсеаи бемайлони онҳо изҳори қаноатмандӣ карданд.
Баъди истиқболи самимии намо-яндагони воломақоми ҳукумати музофот ва шаҳри Киото ташрифи расмии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин шаҳри қадима аз боздиди Қалъаи Ниҷоҷо оғоз шуд.
Дар ин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештар ба парвариши боғҳои дарахтони мевадиҳандаю сояафкан таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Дар Киотои қадим 17 макони таърихӣ мавҷуд аст ва Қалъаи Ниҷоҷо дар байни онҳо мақоми хоса дошта, ба феҳристи Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардидааст. Асосгузори Қалъаи Ниҷоҷо Токугава Иэясу буда, бунёди он соли 1601 оғоз гардида, соли 1626 ба анҷом мерасад. Майдони умумии қалъа 275 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад ва танҳо дар масоҳати 8 ҳазор метри мураббаъ биноҳои гуногун сохта шудааст. Ҳудуди қалъа, асосан, аз иморатҳои гуногуни таърихӣ ва боғҳо иборат мебошад. Дар маркази қалъа Қасри Ниномару қомат меафрозад. Қалъаи Ниҷоҷо ҳамчун қароргоҳи императори Киото бунёд шуда буд. Худи қасри император бошад, дар қисми шимолу шарқии қалъа ҷойгир аст.
Соли 1939 Қалъаи Ниҷоҷо ба макони сайру саёҳат табдил дода шуд. Дар ҳудуди қалъа якчанд боғ, дарахтзори олу ва олучаҳои японӣ мавҷуд мебошад. Боғи Ниномаруро меъмор ва усто Кобори Эншу бунёд менамояд. Дар боғ, ҳамчунин, як ҷӯйбори калон мавҷуд буда, бо сангҳои гуногун ороиш дода шудааст.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.10.2018    №: 195    Мутолиа карданд: 4011
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед