logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Сукубаи Япония, 4 октябри соли 2018

Муҳтарам профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯён!
Дӯстони азиз!
Қабл аз ҳама, ба Шӯрои олимони Донишгоҳи Сукуба барои ба унвони фахрии илмии “доктор” шарафёб гардониданам, самимона изҳори сипос менамоям.
Дар Донишгоҳи Сукуба усулҳои бунёдии мактабҳои классикӣ бо тамоюлҳои инноватсионии мактабҳои олии замони муосир хеле муваффақона татбиқ карда мешаванд. Ин хусусияти Донишгоҳ бо таърих ва ташаккули худи Ҷопон робитаи мустақим дорад.
Донишгоҳи шумо, ҳарчанд расман дар соли 1973-юм таъсис ёфтааст, лекин, аслан, таърихи беш аз 140-сола дорад.
Имрӯз Донишгоҳи Сукуба, бемуҳобот, яке аз бузургтарин боргоҳҳои илму дониш дар олам маҳсуб ёфта, ба шарофати майлони тадқиқотӣ ба улуми дақиқ ба ҷаҳон якчанд ҷоизадорони нобелиро додааст. Ҳамзамон бо ин, шумо дигар фанҳои муҳимро, ки самти башариву ҷомеашиносӣ доранд, хеле рушд додаед. Ва ин хеле муҳим аст.
Зеро ҳамсон бо суръати баланди рушди фанниву технологӣ ва раванди ҷаҳонишавӣ дар асоси мувофиқатнопазирии сатҳии фарҳангҳо бархӯрди онҳо афзоиш меёбад. Ва мо ин равандро дар арсаи таҳаввулоти иҷтимоиву иқтисодии имрӯза мушоҳида мекунем.
Маҳз ҷомеашиносон бояд ҷиҳати коҳиш додани шиддати тазодҳо ва рафъи онҳо талош варзанд, то ки мутахассисони илмҳои дақиқ дунёи моро минбаъд низ рушд дода, мардумони онро бо ҳам наздик созанд.
Бо изҳори қаноатмандӣ қайд карданиам, ки то имрӯз робитаҳои хуби ҳамкорӣ миёни донишгоҳи шумо ва чандин муассисаҳои илмиву таълимии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, ба таври самарабахш рушд меёбанд.
Ҳозирини муҳтарам!
Тавре ба ман иттилоъ доданд, яке аз вазифаҳои муҳими Донишгоҳи Сукуба таълиму тарбияи мутахассисони баландихтисос оид ба доираи васеи масъалаҳои сиёсати давлатӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ, аз ҷумла равобити мутақобила бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, мебошад.
Зимнан, бо истифода аз фурсат, мехостам шуморо бо санаҳои асосии таърихи навтарини Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз ҷумла бо таҷрибаи нодири сулҳофаринии он, ошно созам. Ҳамчунин, мехостам баъзе андешаҳои худро доир ба масъалаҳои мубрами минтақаи Осиёи Марказӣ ва вазъу дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ иброз намоям.
Дӯстони азиз!
Эъломия дар бораи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 қабул шудааст. Аз ин санаи муборак дар таърихи навтарини мамлакати мо даврони нав оғоз ёфт.
Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ, бар асари як силсила омилҳои объективию субъективӣ, мамлакати мо бо мушкилоти азим ва масъалаҳои ҳалталаби иқтисодиву сиёсӣ дучор омад.
Хароб шудани низоми ягонаи иқтисодии кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ боиси таназзули якбораи истеҳсолот ва то 70 фоиз поин рафтани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ гардид. Бар замми ин, дар арсаи ҷамъиятиву сиёсӣ неруҳои мухталифи сиёсие пайдо шуданд, ки миёни онҳо барои пайдо кардани мавқеи ҳукмрон дар ҷомеа талошу муборизаи шадид аланга гирифт.
Бо истифода аз вазъи баамаломада, неруҳои алоҳидаи берунӣ шитобкорона ба амалӣ сохтани нақшаҳои ғаразноки худ нисбат ба Тоҷикистон шурӯъ карданд. Тавассути неруҳои тундгарои диниву сиёсӣ онҳо бо мақсади дар кишвари мо бунёд намудани давлати исломӣ ба таҳмили фарҳангу мафкураи динии ба мардуми мо бегона иқдом карданд.
Дар натиҷа, кишвари мо ба майдони муқовимати шадиди ҷонибдорони давлатдории дунявӣ, аз як ҷониб ва гурӯҳҳои муттаҳиди ифротгароёни динӣ, аз ҷониби дигар, ки усулҳои тундгароёнаи мубориза – зӯроварӣ, куштор, гаравгонгирӣ ва таҳдиду тарсонданро васеъ истифода мебурданд, мубаддал гашт. Дере нагузашта, мухолифати мусаллаҳонаи ҷонибҳои даргир ба ҷанги шаҳрвандӣ табдил ёфт. Яъне, миллате, ки соҳиби таърихи ҳазорсола ва суннатҳои бостонӣ мебошад, ба гирдоби ҷанги таҳмилии дохилӣ кашида шуд.
Фалаҷ гардидани ҳокимияти мутамарказ ва тамоми механизми давлатӣ, пайдо шудани гурӯҳҳои сершумори мусаллаҳи ғайриқонунӣ мамлакатро ба вартаи нобудшавӣ аз харитаи сиёсии ҷаҳон оварда расонданд. Чунин ҷараён гирифтани ҳодисаҳои сиёсӣ мувофиқ ба манфиатҳои баъзе доираҳои хориҷие буд, ки нақшаи ба қисмҳои алоҳида пора кардани Тоҷикистонро доштанд. Ҷанги дохилӣ боиси беҳокимиятиву беқонунӣ ва фоҷиаи бузург дар кишвари мо гардид.
Равандҳои харобсоз дар иқтисод сабаби пайдоиши буҳрони сахти озуқаворӣ гардида, дар баъзе ноҳияҳои кишвар мардумро гуруснагӣ ва бемориҳои сирояткунанда азият медоданд. Он замон мо бо тамоми ҳодисаҳои фоҷиавие, ки имрӯз дар Сурия, Ироқ, Яман ва Афғонистон рух медиҳанд, рӯ ба рӯ шудем.
Барои раҳоӣ аз даҳшатҳои ҷанги шаҳрвандӣ зиёда аз як миллион нафар сокинони осоиштаи кишвар хонаҳояшонро тарк карда, гуреза шуданд. Мухолифати панҷсолаи мусаллаҳона ҷони яксаду панҷоҳ ҳазор нафар шаҳрвандони кишварро рабуда, хисороти умумӣ бар асари ҷанг маблағи зиёда аз даҳ миллиард доллари амрикоиро ташкил доданд.
Дар чунин шароит баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон роҳбарияти нави кишварро интихоб карда, пойдевори ваҳдати миллиро гузошт ва роҳро ба сӯи ҳаёти осоишта боз намуд ва иқдоми бисёр саривақтию тақдирсоз гардид. Ҳамзамон, роҳи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷикон қатъиян ва бебозгашт интихоб шуд, ки он минбаъд аз тариқи раъйпурсии умумихалқии соли 1994-ум дар конститутсияи нави ҷумҳурӣ ҳукми қонунӣ пайдо кард.
Дар ҳамон шабу рӯз мо хуб мефаҳмидем, ки бартараф сохтани сабабҳои аслии низоъ, ки аз ҷумла бо манфиатҳои геосиёсии баъзе неруҳои хориҷӣ алоқаманд буданд, шарти асосии истиқрори сулҳ ва ризоят дар ҷомеа мебошад.
Масъалаҳои қатъи ҳарчи зудтари оташи ҷанг, ба Ватан баргардондани ҳамаи гурезаҳо ва оғоз намудани раванди музокироти ҷонибҳои даргир вазифаи умдатарини роҳбарияти нави кишвар буд. Дар ин зимн, тамоми саъю талоши мо ба эҷоди шароити мусоид барои оштии миллӣ, барқарорсозии иқтисоди фалаҷшудаи кишвар ва, дар ниҳояти кор, ба таъмин намудани рушди он равона гардида буд.
Бо дарназардошти масъулияти миллӣ ва бо таваҷҷуҳ ба ниёзҳои ҷомеа, Ҳукумати кишвар афзалиятҳо ва стратегияи сулҳсозиро муайян намуд. Ҳамзамон, бо ин омодагии ҳамаҷониба ба раванди музокирот анҷом дода шуда, тамосҳои аввалини сиёсӣ бо иттиҳоди мухолифин сурат гирифтанд. Дар ҷараёни музокироти тоҷикон, дар маҷмӯъ, нуҳ даври комили он ва се машварати фосилавӣ гузаронда шуд.
Дар ин робита, мехостам аз аҳамияти музокироти хотимавӣ дар Хосдеҳи Афғонистон, дар моҳи декабри соли 1996, ёдовар шавам, ки дар ҷараёни он самтҳои асосии раванди сулҳ дар кишвар муайян ва мувофиқа гардиданд.
Мулоқоти ҷамъбастӣ 27 июни соли 1997-ум дар шаҳри Москва баргузор шуда, миёни Ҳукумат ва иттиҳоди мухолифин “Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон” ба имзо расид. Ба имзо расидан ва амалӣ гардидани ин санади умда имкон дод, ки мо ба ҳадафи асосӣ – қатъи мухолифати мусаллаҳона, ҳифзи тамомияти арзии кишвар, таъмини ваҳдати миллат ва оғози барқарорсозии баъдиҷангӣ  ноил шавем.
Дар ин ҷо мехоҳам, махсусан, таъкид намоям, ки неруи асосии пешбарандаи раванди сулҳ мардуми Тоҷикистон буд, ки саъю талоши Ҳукумати худро дар ин ҷода сидқан ҷонибдорӣ мекард.
Дар баробари ин, хусусияти нодири таҷрибаи тоҷикон аз он иборат буд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ниҳодҳои он ба раванди сулҳсозӣ ба таври васеъ ҷалб гардида буданд. Пуштибонии мунтазами сиёсии муколамаи тоҷикон аз ҷониби Шӯрои амният ва дигар ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва давлатҳои манфиатдор омили муҳими муваффақият дар ин роҳ буд.
Дар ин раванд, Созмони Милали Муттаҳид дар доираи амалиёти сулҳоварӣ ва барномаи эҳёи баъдиҷангӣ нақши хоса бозид. Дар Тоҷикистон таҳти роҳбарии фиристодаи махсуси Дабири кулл миссияи Созмони Милали Муттаҳид таъсис дода, дар назди он аз ҳисоби намояндагони давлатҳои кафил Гурӯҳи тамос ташкил шуда буд. Таҳти васояти Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба корҳои фирориён дар муҳлати кӯтоҳ бозгашти оммавии гурезагони тоҷик ба макони доимии зисташон таъмин карда шуд.
Таҷрибаи дар ҷодаи ҳамкории муштараки маҷмӯӣ ва бисёрҷанба ҳангоми амалӣ намудани иҷрои вазифаҳои марбут ба эҷоди сулҳ андӯхташуда барои таҳқиқи васеи хусусиятҳои ин раванд имконияти иловагӣ фароҳам овард.
Хулосаҳои раванди мазкур возеҳан собит сохтанд, ки таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон метавонад дар ҳалли низоъҳо дар дигар минтақаҳои кураи Замин низ ҳамчун асос хизмат намояд, зеро то он замон мухолифат бо чунин миқёс дар муҳлати кӯтоҳ муваффақона ҳаллу фасл нашуда буд.
Дар иртибот ба фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, қарзи инсонии худ мешуморам, ки аз номи фарзанд ва шаҳрванди баруманди Япония доктор Ютака Акино, ки 20 сол қабл, ҳангоми иҷрои рисолати сулҳофарии худ дар ҳайати Миссияи нозирони Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷониби силоҳбадастони мухолифини исломӣ кушта шуда буд, ёдовар шавам. Мардуми Тоҷикистон хотираи неки собиқ профессори Донишгоҳи Сукуба Акино Ютакаро, ки ҷони худро дар роҳи истиқрори сулҳу субот дар Тоҷикистон нисор кардааст, ҳамеша пос медорад.
Дӯстони гиромӣ!
Тибқи муқаррароти созишномаи сулҳ ҷузъу томҳои мусаллаҳи мухолифин ба ҳайати артиши миллӣ ва сохторҳои қудратии кишвар шомил карда, намояндагони мухолифин бо квотаи сифоиза дар Ҳукумат ва мақомоти он ба вазифаҳои давлатӣ таъйин гардиданд.
Зимнан, яке аз иштирокдорони иттиҳоди мухолифин – Ҳизби наҳзати исломӣ, бо вуҷуди он ки дар ҷараёни муқовимати шаҳрвандӣ аз усулҳои ифротии мубориза ба таври васеъ фаъолона истифода мекард, ба арсаи сиёсӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти кишвар пурра ҷалб карда шуд. Ин ҳизб дар парламенти кишвар намояндагони худро дошт ва расман фаъолият мекард. Вале ҳаводиси минбаъда нишон дод, ки ин ҳизб бо истифода аз кумаку мадади ҳомиёни хориҷии худ аз ақидаҳои аслӣ ва ҳадафҳои ҷинояткоронааш – бо роҳи зӯроварӣ ба ҷомеа таҳмил кардани андешаҳои тундгароёнаи динии ба мардуми мо бегона ва ғасби ҳокимият дар кишвар даст накашидааст.  Ҳизби наҳзати исломӣ бо иштироки худ дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ бори дигар чеҳраи воқеии худро нишон дод.
Дар моҳи сентябри соли 2015 кӯшиши табаддулоти давлатӣ бо роҳбарии муовини вазири мудофиаи кишвар сурат гирифт, ки дар вақташ ба ин мансаб чун намояндаи ҳизби мазкур таъйин шуда буд. Дар натиҷаи тадбирҳои фаврии андешидашуда, дастдоштагони ин амали ҷиноятпеша саркӯб гардида, фаъолияти созмони ифротию террористӣ таҳти номи “Ҳизби наҳзати исломӣ” бо ҳалномаи суд манъ карда шуд.
Сулҳ барои мо - тоҷикон бо арзиши хеле гарон ба даст омад ва мо тақдири онро ҳаргиз ба ихтиёри чунин неруҳои харобкор намедиҳем.
Ҳозирини муҳтарам!
Истиқрори сулҳу оромӣ ва субот роҳро барои амалӣ гардондани дигаргунсозиҳои бунёдии ҷамъиятиву сиёсӣ дар кишвар боз намуд.
Дар чаҳорчӯбаи ислоҳоти конститутсионӣ мо парламенти дупалатагии касбӣ ва доимоамалкунандаро таъсис додем. Имрӯз дар фаъолияти ин мақоми қонунгузор манфиатҳои ҳамаи қишрҳои ҷомеа таҷассум ёфтаанд.
Дар раванди рушди мутавозини ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии кишвар Шӯрои ҷамъиятӣ, ки тамоми неруҳои сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии кишварро муттаҳид сохтааст, нақши басо муҳим дорад.
Натиҷаҳои раванди сулҳ ба мо имкон доданд, ки на фақат марҳалаи барқарорсозии баъдиҷангиро муваффақона анҷом диҳем, балки иқтисоди кишварро низ ба маҷрои рушди тадриҷиву устувор равона созем. Тайи 15 соли охир суръати афзоиши солонаи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳисоби миёна ҳафт фоизро ташкил дод.
Имрӯз дар кишвар низоми ягонаи энергетикӣ таъсис ёфта, ҷиҳати расидан ба ҳадафи стратегии таъмин намудани истиқлоли энергетикии кишвар иншооти бузурги гидроэнергетикӣ сохта шудаанд ва сохта мешаванд.
Алҳол мо дар марҳалаи пешрафти пайгирона ба сӯйи расидан ба ҳадафи дигари стратегиамон – ҳифзи амнияти озуқавӣ қарор дорем.
Имрӯз тавассути рушди устувори кишоварзӣ бо истифода аз технологияҳои муосир ва ба кор андохтани иқтидорҳои нави коркарди маҳсулот фаровонии бозори истеъмолии кишвар таъмин карда мешавад.
Ба мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии мардум ва минбаъд боло бурдани сатҳи некуаҳволии он дар кишвар тадбирҳои миқёсан васеи иҷтимоӣ андешида шуда, бунёди иншооти таъйиноти иҷтимоиву фарҳангӣ, илмиву маърифатӣ ва монанди инҳо босуръат идома дорад.
Мо дар ҷодаи татбиқи амалии ҳадафи дигари стратегии худ – раҳо сохтани кишвар аз бунбасти нақлиётиву иртиботӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардидем. Имрӯз тамоми қаламрави Тоҷикистонро шабакаи роҳҳои мошингарди сатҳи байналмилалӣ фаро гирифта истодааст. Мо ҳамаи минтақаҳои кишварро тавассути чунин роҳҳо бо ҳам пайванд додем ва дар самтҳои шарқиву ҷанубӣ долонҳои нави нақлиётии фаромарзиро кушодем, ки Тоҷикистонро ба кишвари транзитӣ табдил додаанд.
Дар ин робита, мехоҳам бо хушҳолӣ зикр намоям, ки саҳми Японияи ба мо дӯст дар ин дастовардҳо хеле назаррас мебошад. Бо дастгирии ҷониби Япония роҳҳои замонавии мошингарде таҷдиду бунёд гардидаанд, ки Тоҷикистонро бо Афғонистони ҳамҷавор пайваст мекунанд.
Дӯстони азиз!
Тоҷикистон, ки дар фаъолияти байналмилалии худ сиёсати “дарҳои кушода”-ро интихоб кардааст, равобити хешро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври муназзаму бомаром рушд медиҳад.
Ба ҳайси узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид мо бо истифода аз минбари он ибтикороти созандаи худро дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла оид ба масъалаҳои об, муаррифӣ мекунем.
Соли равон татбиқи амалии ибтикори чаҳоруми мо – эълони Даҳсолаи нави байналмилалии амал таҳти унвони “Об барои рушди устувор” барои давраи то соли 2028-ум оғоз ёфт.
Дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мо, ҳамчунин, дар таҳияи тасмимоти мукаммал оид ба дигар масъалаҳои мубрами рӯзномаи глобалӣ, аз ҷумла оид ба таъмини амният, фаъолона ширкат меварзем.
Имрӯз амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таҳдиду хатарҳои глобалӣ – терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ рӯ ба рӯ гардидааст.
Гурӯҳҳои мухталифи байналмилалии террористиву тундгаро фаъолияти таҷовузкоронаи худро густариш дода, аллакай, қоидаҳои худро ба низоми мавҷудаи тартиботи ҷаҳонӣ таҳмил карда истодаанд. Минтақаи Осиёи Марказӣ низ аз таҳдиду хатарҳои глобалӣ дар канор намондааст. Тоҷикистон, ки дар ҷабҳаи аввали мубориза алайҳи хатарҳои зикршуда қарор дорад, дар ин масъала иттифоқчии табиии тамоми давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавии манфиатдор мебошад.
Амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ бо таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва эҷоди шароити мусоид барои рушди осоиштаи он иртиботи ногусастанӣ дорад. Вазъи Афғонистон, бо вуҷуди ҷаҳду талоши ҷомеаи ҷаҳонӣ, пуртазоду печида буда, тамоюли ташаннуҷи минбаъдаро дорад. Ва ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон бо Афғонистон қариб як ҳазору чорсад километр сарҳад дошта, бисёр қитъаҳои он дар шароити бисёр душвори баландкӯҳ қарор доранд. Сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ноором буда, аз ҷониби гурӯҳҳои гуногуни ифротиву террористӣ ва қочоқчиён, аз ҷумла қочоқчиёни маводи мухаддир, доим мавриди ҳамлаҳои мусаллаҳона қарор мегирад. Тақвияти мавқеи сохтори ба ном “Давлати исломӣ” ва дигар гурӯҳҳои тундгаро дар ҳудуди Афғонистон боиси афзоиши хатари терроризм ва ифротгароии динӣ дар минтақа мегардад. Дар чунин шароит таъмини амнияти миллӣ ва суботи минтақа яке аз авлавиятҳои ҳатмии мо мебошад.
Дӯстони азиз!
Бо дарназардошти умумияти ҳадафу вазифаҳои дар назди мо қарордошта, густаришу таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанба бо кишварҳои Осиёи Марказӣ яке аз вазифаҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Хурсандибахш аст, ки вақтҳои охир дар Осиёи Марказӣ тамоюлҳои мусбати рушди шарикӣ дар ҳалли номгӯйи васеи масъалаҳо ба мушоҳида расида, ғояи ҳамкории минтақавӣ мазмуну муҳтавои нави амалӣ касб мекунад. Дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ зарурати эҳёи муносибатҳои қаблӣ ва роҳандозии робитаҳои сифатан нави ҳамсоягии нек ҳарчи бештар дарк мегардад. Мавқеи созандаи тарафҳо доир ба масъалаҳои умдаи минтақавӣ ва роҳҳои ҳаллу фасли онҳо ба мо имкон медиҳад, ки ба дурнамои рушду тавсеаи ҳамкориҳо дар минтақа хушбин бошем.
Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳамкории мутақобилан судмандро бо ҳамаи кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ пайгирона рушду густариш медиҳад. То имрӯз давлати мо бо зиёда аз 160 кишвари ҳамаи қитъаҳои ҷаҳон муносибатҳои дипломатиро роҳандозӣ намудааст. Рушди ҳамаҷонибаи муносиботи пойдору дарозмуҳлат бо кишварҳои қитъаи Осиё барои мо аҳамияти авлавиятнок дорад.
Боиси хушнудист, ки имрӯз кишвари дӯсти Япония, ки яке аз аввалинҳо шуда, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман эътироф кард, дар сафи шарикони наздику боэътимоди мо дар арсаи байналмилалӣ қарор дорад.
Аз рӯзи оғоз ёфтани муносибатҳои дипломатӣ кишварҳои мо ҷаҳду талоши худро оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ мунтазам ҳамоҳанг месозанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симои Япония шарики муҳимро мебинад ва кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки бо он ҳамкориҳои пойдору дарозмуҳлатро рушд диҳад. Мо саҳми Японияро дар татбиқи амалии бисёр лоиҳаҳои ҳаётан муҳим дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон баланд арзёбӣ мекунем. Дар иртибот ба ин, мехостам фаъолияти самарабахши Агентии Япония оид ба рушди байналмилалӣ – “ҶАЙКА” ва тақвияти собитқадамонаи ҳамкории ду кишварро дар чаҳорчӯбаи Муколамаи “Осиёи Марказӣ - Япония” махсус таъкид намоям.
Ташрифи расмии Сарвазири Япония Ҷаноби Олӣ Синдзо Абэ ба Тоҷикистон дар соли 2015 ба густариши муносибатҳои дуҷонибаи мо такони тоза бахшид. Итминон дорам, ки аҳду паймони дар ҷараёни музокироти кунунии сатҳи олӣ ҳосилшуда ба муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Япония мазмуни нав хоҳад бахшид.
Дар хотимаи сухани худ мехостам ба Донишгоҳи Сукуба, густариши суннатҳои бисёрсолаи неки он, ба омӯзгорону донишҷӯёни ин боргоҳи маърифат комёбиҳо дар илму таҳсил ва барои оянда дастовардҳои на камтар аз имрӯзро орзу намоям.
Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.   


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.10.2018    №: 196 - 197    Мутолиа карданд: 1114
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед