logo

маориф

КАСБОМӮЗИИ ҶАВОНОН ЗАМИНАИ БОЭЪТИМОДИ ТАРАҚҚИЁТИ КИШВАР

Илму техника дар шароити ҷаҳонишавӣ ба ҳамаи соҳаҳо, бавижа ба хоҷагии халқи кишварҳои дунё, таъсири шоиста гузошт. Вусъатёбии навоварию ихтироъкориҳо, дарёфту ҷустуҷӯи роҳҳои нави расидан ба натиҷаҳои баланд ва ҳадафҳои дақиқу самарабахш ба фаъолияти соҳа такони ҷиддӣ бахшид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ба ин мазмун фармуда буданд:  «Имрӯз вақти он расидааст, ки касбомӯзонро ба тозатарин навиду дигаргуниҳои техникӣ ошно созем ва раванди машғулиятҳоро бо истифодаи самарабахши техникаю технологияи замонавӣ ба роҳ монем».
Дар ин раванд, нақши муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ҷиҳати бо мутахассисони баландихтисос таъмин намудани бозори дохилӣ ва хориҷӣ муассир аст. Литсейи касбии политехникии шаҳри Хуҷанд яке аз чунин муассисаҳои фаъоли Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар таъмини бозори дохилии меҳнат бо мутахассисони соҳибмалака саҳм мегирад.
Дар муассиса то имрӯз аз рӯйи 45 касбу ҳунар зиёда аз 33 300 нафар соҳибкасб гардиданд ва ин раванди мусбат идома дорад. Литсей аз имкониятҳои моддию техникӣ ва  захираҳои  зеҳнии худ истифода намуда, бо ташкилоту корхонаҳои истеҳсолии шаҳри Хуҷанд, шаҳру ноҳияҳои атрофи он ва вилояту ҷумҳурӣ ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст. Касбомӯз пешаи худро дар раванди таҷриба месанҷад, сайқал медиҳад ва ба камолоти ҳунарӣ мерасад.
Ба ин хотир, дар муассиса барои баргузор намудани машғулиятҳои назариявӣ аз фанҳои умумӣ ва машғулиятҳои амалӣ аз фанҳои тахассусӣ шароитҳои хуби омӯзиши ихтисосҳоро фароҳам овардаанд. Барои баргузор намудани таҷрибаомӯзии таълимӣ дар устохонаҳо, синфхонаҳои тахассусӣ ва озмоишгоҳҳо маводи таълимӣ, таҷҳизоти муосир, аёниятҳои электронӣ, асбобу лавозимоти зарурии соҳавӣ ва технологияи компютерӣ муҳайёст.
Дар муассиса 109 корманд ба фаъолият фаро гирифта шудаанд. Соли равон барои таъмир ва таҷҳизондани муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ки самти барномавии Лоиҳаи тақвияти таҳсилоти касбӣ - техникӣ ва омӯзиши Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд мебошад, дар бинои таълимгоҳи литсей ва хобгоҳи он таъмир  оғоз ёфт ва рӯзҳои наздик пурра биноҳои мазкур мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мо - кормандони соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбиро вазифадор менамояд, ки ҳар чи бештар аҳолии бешуғл ба омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ дар муассисаҳои таълими касбӣ фарогир шаванд. Мо бояд ба мутахассисони оянда дуруст талқин карда тавонем, ки дар шароити хона маҳсулоти бозоргир истеҳсол кардан мумкин аст ва барои ин давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҳавасмандии зиёд дорад. Аз пардохти андоз озод намудани ихтисосмандону косибон ва умуман, тамоми шаҳрвандоне, ки ба истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ машғуланд, далели рӯшани гуфтаҳои моянд.
Маҷид НАИМОВ,
директори Литсейи касбии политехникии шаҳри Хуҷанд

 

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.10.2018    №: 199    Мутолиа карданд: 982
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед