logo

фарҳанг

РӮЗИ МЕҲРУ МОҲИ МЕҲРУ ҶАШНИ ХУРРАМ МЕҲРГОН

Тибқи солшумории авастоӣ Меҳргон ба рӯзи 16 моҳи Меҳр, яъне ба 8 – уми моҳи октябри милодӣ рост меояд. Матлаби мазкур бозгӯи шаммае аз он аст.
Дар ривоятҳо ин ҷашнро ба Фаридун нисбат дода, мегӯянд: «Фаридун дар рӯзи Меҳри моҳи Меҳр Заҳҳоки ситамгорро зиндонӣ намуд ва ибтидои ин ҷашнро 2 ҳазор сол баъд аз Наврӯз ёд мекунад, яъне Ҷашни Меҳргон яке аз идҳои пуршукӯҳи аҷдодӣ аст, ки аз қадимулайём мардуми форсизабони дунё онро бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил менамуданд. Он таърихи 4 – 5 ҳазорсоларо доро буда, аз замони салтанати сулолаи Каёниён сарчашма гирифтааст. Дар замони Сосониёну Сомониён ин ҷашни аҷдодӣ ботантана қайд карда мешуд.
Меҳргон таҷассумгари суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро бо шукӯҳу шаҳомати хосса инъикос менамояд. Меҳргон ҷашни тирамоҳ аст. Тирамоҳ фасли фаровонист. Кишоварзон дар ҳамин фасл ҳосили бо ранҷ парвардаи нуҳмоҳаи худро ҷамъоварӣ менамоянд. Ба фасли заррини тирамоҳ рост омадани Меҳргон далолат ба он аст, ки он ҷашн бардошти дастранҷи деҳқон ба хотири шукронаи офаридгор доир мегардидааст. Ҷолибтарин бахши базми Меҳргон низ оростани хони ҷашнӣ будааст, ки болои он ҳама гуна меваҷоту шириниҳо ва нӯшобаҳо мегузоштанд. Маҳбубтарину лазизтарин таоми болои хон мурғи Меҳргон ба ҳисоб мерафт, ки андаруни он ҳар гуна ғизоҳо ҷой мекарданд. Таомуле аҷиб буд, ки дар базмгоҳ танҳо кӯдаки бегуноҳе ҳуқуқи аввалин шуда ба мурғи Меҳргон даст дароз карданро дошт.
Ҷашни Меҳргон дар аҳди Сосониён бо азамати иди Наврӯз таҷлил мешудааст. Чунончӣ, шоҳаншоҳ Ҳурмузи Сосонӣ дар ҳама рӯзҳои Меҳргон ҷашн барпо менамуд ва ҳар панҷ рӯзро ба як табақа аз табақоти иҷтимоӣ, аз ҷумлаи шоҳзодагон, мубадон, бозаргонон, сипоҳиён ва деҳқонону косибон медодааст. Маҳз дар Ҷашни Меҳргон подшоҳони Сосонӣ ҷойнишини худро интихоб менамудаанд ва баъдан тоҷ бар сари фарзанди худ мениҳодаанд. Дар ин ҷашн мубад (сарвари рӯҳониён) дастархоне, ки дар он лимӯ, шакар, нилуфар, биҳӣ, себ, як хӯша ангури сафед ва 7 дона муруд гузошта шуда буд, назди шоҳ меовард. Ҳафт муруд ва ҳафт маҳсулоти дигаре, ки дар дастархон мегузоштанд, ҳамон ҳафтсин буд, ки ҷузви ташрифоти Ҷашни Наврӯз ба ҳисоб мерафт. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки ҳафтсин дар иди Меҳргон низ маъмул будааст. Дар Ҷашни Меҳргон мардум дар баробари поксозии қалбу кошонаи худ, кӯчаю хиёбонҳоро низ тозаю озода намуда, бо либосҳои шинаму зебо ба базмгоҳи Меҳргон меомаданд ва то шаб хурсандию рақсу таронахонӣ мекарданд. Тибқи муқаррароти ин ҷашн одамон кинаву кудуратро аз худ дур карда, сӯйи якдигар бағали меҳрубонӣ ва ҳамдигарбахшӣ мекушоданд. Чуноне ки сарчашмаҳои куҳани таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ниёгони мо дар ин рӯз ба ҳамдигар бо беҳтарин таманниёт «набиштаи шодмонӣ», яъне табрикномаҳо ҳадия мекарданд. Ин ҷашни бузург аз меҳррӯз оғоз ёфта, то ромрӯз (21 – меҳр – 13 октябр), яъне шаш рӯз тӯл мекашид. Рӯзи оғози ҷашнро меҳргони омма ва рӯзи анҷомашро меҳргони хосса мегуфтанд. Бархе аз муҳаққиқон навиштаанд, ки меҳр номи Хуршед аст ва дар ин рӯз Хуршед ошкор шуда, кураи Моҳ, ки то он рӯз гӯё торикӣ буд, аз Хуршед фурӯғ ва рӯшноӣ гирифт. Ба гуфтаи Абурайҳони Берунӣ Худованд дар ин рӯз бигустаронд.
Нигоҳ ва пос доштани расму оин, ҷашну суннатҳо ва дигар анъанаҳои миллӣ барои ҳар як фарди худогоҳу худшинос ва дорои чунин фарҳангу тамаддун қарзи аҷдодист.
Имрӯз Меҳргони Аҷамро ҳамчун айёми фархундаи сол, тирамоҳи заррин, иди ҳосил, анҷоми корҳои деҳқонӣ бо камоли эҳтиром ва гарму ҷӯшон таҷлил менамоянд. Ба туфайли соҳибистиқлолии  Тоҷикистон ин ҷашн аз нав эҳё гардид. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳанӯз 3 ноябри соли 1995 иди Меҳргон дар қатори дигар ҷашнҳо ҳамчун ҷашни миллии кишварамон шинохта гардид.
Соли 2011 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур чунин зикр намуданд: «Сарфи назар аз гирудорҳои сиёсиву фарҳангии давраҳои гузашта, Ҷашни Меҳргон то имрӯз соҳиби эътибору манзалати хос мебошад. Зеро Меҳргон монанди Наврӯз таҷассумгари суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шавад».
Шукри соҳибистиқлолии Ватан, шукри осмони софу нилгун, шукри обҳои мусаффо ва сарзамини биҳиштосоямон, ки ба шарофати арҷгузории Пешвои муаззами миллат ба ҷашнҳои суннатии миллиамон таваҷҷуҳи бештар зоҳир мегардад, онҳо ба таври мутантан таҷлил мешаванд.
Хусраво, шабҳои умрат рӯз бод,
Меҳргони мулки ту Наврӯз, бод!


Муҳаммадазим БОБОХОНОВ,
Муҳаммадмурод САЙДАЛИЕВ,
омӯзгорони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.10.2018    №: 200    Мутолиа карданд: 1255
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед