logo

фарҳанг

ХАТЛОН. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МЕҲРГОН

Дар гулгашти «70 - солагии водии Вахш» - и шаҳри Бохтар бо иштироки  вазири кишоварзӣ Иззатулло Сатторӣ, раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми тоҷик – Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид.
Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят ба «Ҷумҳурият» хабар доданд, Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода мардуми вилоятро бо ин ҷашни аҷдодӣ, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дубора эҳё гардид, табрик намуда, афзуд, ки Ҷашни Меҳргон як навъ ҷамъбасти заҳмати деҳқон аст. Хушбахтона, рӯз ба рӯз дастовардҳои деҳқонони вилоят бештар гардида, онҳо бо меҳнати пурмаҳсули хеш бозорҳои вилояту ҷумҳуриро бо маҳсулоти босифат таъмин менамоянд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар доираи ин чорабинӣ озмунҳои вилоятии «Иди асал», «Иди харбуза» ва «Оши палов» низ доир гардиданд.
Пас аз таҳлилу баррасӣ ҳайати ҳакамон ба занбӯриасалпарварони ноҳияи Данғара ҷои аввал, ноҳияҳои Муъминободу Ховалинг мутаносибан ҷойҳои дуюму сеюмро муносиб донистанд.
Кишоварзони ноҳияи Ҷайҳун ба озмуни «Иди харбуза» беҳтарин навъҳои харбузаи маҳаллиро пешниҳод намуда, сазовори ҷои аввал шуданд. Ба деҳқонони ноҳияҳои Вахшу Панҷ бошад, ҷойҳои дуюму сеюм насиб гашт.
Дар озмуни «Оши палов»  ошпазони ноҳияи Ёвон ҷои аввалро гирифта, ҷойҳои дуюму сеюмро ошпазҳои ноҳияҳои Кӯшониёну Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ишғол карданд.
Ба ғолибон дар фазои тантанавӣ туҳфа ва мукофотпулиҳои таъсиснамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят супурда шуданд. Ҳамзамон, барои иштироки фаъолона дар ин озмунҳо 14 шаҳру ноҳия бо “Сипоснома” - и раиси вилоят қадр гашт.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.10.2018    №: 201    Мутолиа карданд: 1244
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед